Мовароуннаҳр сарзамини донишмандону мутафаккиронест, ки дар рушди фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳони ислом саҳми назаррас гузоштаанд.
Алломаи бузурги бухороӣ Имом Аҳмад ибни Ҳафси Кабири Бухорӣ ва шогирдони оламшумули ӯ Имом Бухорӣ ва Имом-ат-Тирмизӣ дар ташаккули асосҳои илмию назарии фалсафаи исломӣ нақши беҳамто доранд. Бухорои Шариф бошад, дар ҷаҳони ислом бо номи «Қуббат-ул-ислом», яъне «Гунбади ислом» маъруфу машҳур аст.
Фиқҳшиноси номвари олами ислом
Фиқҳшинос ва файласуфи бузурге, ки дар тамоми олами ислом бо номи Абуҳафси Кабири Бухорӣ маъруф аст, ҳамчун илоҳиётшинос, муҳаддиси бузург, авлиёи беназир, сардафтар ва султони олимон, ҳамзамон устоди Имом Бухорӣ буда, ному насаби пурраи ин донишманд дар манбаъҳои таърихӣ Абуҳафс Аҳмад ибни Ҳафс ибни Зибарқон ибни Абдуллоҳ ибни Баҳр-ал-Кабир-ал-Иҷлӣ-ал-Бухорӣ-ал-Фақиҳ-ал-Ҳанафӣ зикр шудааст. Куняи Абуҳафс ба маънои падари шерҳост, дар ҳоле ки калимаи Кабир маънои бузург, дараҷаи олиро дорад. Нисоби Фақеҳи Ҳанафӣ далели он аст, ки ӯ фақеҳи мазҳаби бузурги ҳанафия аст. Инчунин, дар маъхазҳо ба унвони фахрии «Шайхи Мовароуннаҳр», «Аллома Фақеҳ», «Фақеҳи Машриқ» сарфароз гардонида шудааст.
Абуҳафси Кабир дар соли даргузашти Имоми Аъзам бо Имом Шофеъӣ дар як сол, яъне 150 ҳиҷрӣ (767 милодӣ) дар Бухоро ба дунё омадааст. Дар овони ҷавонӣ бори аввал аз Исмоил ибни Иброҳим (падари муҳаддиси бузург Имом Бухорӣ) дарс гирифт. Дар ҳафтсолагӣ Қуръонро пурра аз худ кард. Баъдан дар Бағдод, ки дар он рӯзҳо пойтахти илму фарҳанги исломӣ маҳсуб мешуд, дар назди асосгузори мазҳаби ҳанафӣ, диншинос, фақеҳ, муҳаддис Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит – шогирди маъруфи Имоми Аъзам (699-767) – Имом Муҳаммад ибни Ҳасан аш-Шайбонӣ (вафоташ – с.804) илми фиқҳро омӯхтааст. Пас аз хатми таҳсил бухориён ӯро бо тантана пешвоз гирифтанд ва аз ӯ хоҳиш карданд, ки ба мардум хидмат кунад.
Оиди шарҳи ҳоли авлиё ва олимон кадом китоберо варақ назанем, ҳатман дар бораи Абуҳафси Кабир ва Абуҳафси Сағир – фарзанди солеҳ ва пайрави таълимоти ин марди бузург, ба маълумоти арзишманд дучор мешавем. Вақте сухан дар бораи алломаҳои Бухоро меравад, бешак пеш аз ҳама номи мубораки Абуҳафси Кабир зикр мешавад. Асари машҳури «Таърихи Муллозода»-и Аҳмад ибни Маҳмуд «Муин-ул-фуқаро», ки асри XV таълиф шуда, дар он маконҳо ва қабрҳои муқаддаси шаҳри Бухоро ва атрофи он тасвир шудааст, далели андешаи мост. Бахши аввали он «Зикр аз қабрҳои Тали Хоҷа» ном дошта, бо номи Абуҳафси Кабири Бухорӣ, писаронаш ва фақеҳ Абдуллоҳи Супадмунӣ, ки дар паҳлӯи ӯ дафн шудааст ва дигар бузургон оғоз мешавад. Дар ин китоб Ҳазрати Имом чунин васф шудааст: «Шайх, имом, олиму омил (амалкунанда), илму амал, неруи муҷоҳид, сафои ҳол, зуҳд, саховат ва дар ғазот ва баланд бардоштани уммати Худо барҷаста буданд. Раҳму шафқат ва саховатмандии онҳо нисбат ба уммати ислом бемисл буд ва дар сабук кардани бори мардум баробар набуданд».
Дар бораи истеъдоди занони Шарқ дар соҳаи фарҳангу маърифат дар таърих мисолҳои зиёде овардан мумкин аст. Аз ҷумла, занон ба фақеҳи бузург Абуҳафси Кабири Бухорӣ бо маслиҳатҳои худ кумак мекарданд. Имоми бузург, ки аз ин гуна таълимоти хирадмандона дар ҳайрат монда буд, боре ба занаш гуфт: «Эй зан, тири сурохкунанда задаӣ». Яъне дар илми фиқҳу ҳадис низ занон пешвои замони худ буданд ва чун мардум бо саволе оянд, дарҳол чун тири аз камон ҷаста ҷавоб медоданд.
Дар китоби «Салоти Масъудӣ» (асри XIII) дар ривояти зерин омадааст, ки шарики умри аллома ва худи ӯ на танҳо барои саҳобагонаш, балки барои аҳли мазҳаби дигар намунаи поквиҷдонӣ ва покизагӣ будааст: «Ҳазрати Абуҳафси Кабир илм омӯхта, аз Бағдод ба Бухоро омад. Дар он рӯзгор дар Бухоро оташпарастон буданд. Ҳазрати Абуҳафс ба онҳо маърӯза кард ва кӯшиш намуд, ки онҳоро ба дини ислом даъват кунад. Пас занаш аз ӯ мепурсад: «Оё дар умратон боре хӯроки шубҳанок хӯрдаед? Ҳаққи касеро нахӯрдаед? Сухани ин гуна шахсон ба одамон асло таъсир намекунад!» Абуҳафс бо шунидани ин суханон андеша кард ва ногаҳон гуфт: «Дар ҷавонӣ аз боғи ҳамсояи оташпараст як дона сабзаи гандано гирифта будам, аммо пул доданро фаромӯш кардаам». Зан гуфт: «Рафта оташпарастро розӣ кунед, пас аз он ба шумо амри маъруф ҷоиз аст. Дар акси ҳол, касе ба шумо пайравӣ намекунад!»
Абуҳафс ба хонаи ҳамсояаш рафт ва оиди бидуни иҷозат як дона сабзаи хӯрдаашро нақл кард ва нархи он сабзаро пурсид. Он вақт дар бозор нархи як баста сабзаи гандано як сиккаи зард буд, вале баъди баҳсу мунозираи тӯлонӣ оташпараст як ҳамёни тилло мехоҳад. Ҳазрати Абуҳафс розӣ мешавад. Вақте оташпараст ин қиссаро ба ҳамсараш нақл кард, ҳамсараш ӯро сарзаниш кард ва гуфт: «Ин мард аз ғазаби Худо, ки мепарастад, метарсад ва чанд сол пеш гуноҳи содиркардаашро ба гарданаш гирифт. Ӯ розӣ шуд, ки ба ивази як сиккаи зард, як ҳамён тилло диҳад. Эй шавҳар! Вай медонад, ки дини ӯ ҳақ аст. Ба Худо имон оварем ва ба дини ӯ дохил шавем. Биёед мисли ӯ ҳалол ва ҳақгӯ зиндагӣ кунем!» Пас аз он, оташпараст бо тамоми хонаводааш ба ислом гаравид.
Ба шарофати ҳазрати Абуҳафси Кабир, боқимондаи оташпарастони Бухоро низ дини исломро қабул карданд.
Маълум аст, ки Аш-Шайбонӣ таълимоти Абуҳанифаро давом дода, ҳуқуқ ва меъёрҳои шариатро аз ҷиҳати назарӣ асоснок ва ба низом дароварда, дар он қиёсро ба кор бурдааст. Яъне масъалаҳоеро, ки дар Қуръону суннат нест, бо муқоиса ҳал кардааст. Шогирди донишманд Абуҳафси Кабир низ дар асоси таълимоти Абуҳанифа усули истиҳсон ва райро (ба аҳкоми шариат бо ақл наздик шудан), ки яке аз меъёрҳои шариати маҳаллӣ аст, таҳия кардааст. Асосҳои назариявии татбиқи меъёрҳои ҳуқуқии маҳаллиро ба ҳуқуқшиносӣ инкишоф медиҳад. Низоми фиқҳи шариат бар Қуръони карим ва Ҳадиси шариф асос ёфтааст.
(Давом дорад).
Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Институти
шарқшиносии ба номи
Абӯрайҳони Берунӣ, доктори улуми таърих.
Абдулғафур Раззоқи БУХОРӢ,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро.