1. ЗИНДАГИИ НОҲАМВОРИ ТОҶИКОНИ ДЕҲҚОНОБОД

Ноҳияи Деҳқонобод яке аз 19 шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё маҳсуб меёбад, ки аз маркази маъмурии он – шаҳри Қаршӣ (Насафи таърихӣ) дар масофаи 100 километр мавқеъ дорад.

Ин ноҳия бо вилояти Сурхондарё ҳамсарҳад аст ва соли 1934 аз таркиби ноҳияи Бойсун берун омада, ба вилояти Қашқадарё шомил шудааст. Номи пешинаи он Тангиҳарам ва пасон Карл Маркс будааст. Баъдан номи Деҳқонободро гирифта аст. Назар ба маълумоти оморӣ, ҳудудаш 4 ҳазор километри квадратӣ мебошад ва дар қиёс қариб бо вилояти Андиҷон баробар аст. Аксари заминҳояш лалмӣ, аз даштҳои васеъ ва кӯҳсорони баланд иборат. Аммо назар ба фикри мутахассисон, дар маҷмуъ як мавзеи аз нигоҳи иқтисодӣ рушднокардаи вилояти Қашқадарё ба шумор рафта, мудом дар парвариши ҳукумати марказӣ қарор дорад. Ноҳия бо ҷамъияти 150 ҳазорнафарааш бештар ба чорвопарварӣ, боғдорӣ ва деҳқонӣ ихтисос дорад. Хоҷагиҳои қаламрав аксар дар заминҳои лалмӣ кишти ғалладона ба анҷом мерасонанд, ки ҳосили дилхоҳашон ба мусоидии вазъи ҳавои кишвар вобаста аст. Аз ҳоли заминҳои сӯхтаи атроф, ки дар оғози фасли тобистон қариб бегиёҳ ба чашм мехӯранд, метавон хулоса баровард, ки камбуди об шадидан эҳсос мешавад. Назар ба ақидаи мутахассисон, тавфиқи чорводорону даромади назарраси онҳо низ маҳз ба ғизои фаровон дар даштҳо, ки аз мусоидии ҳавои кишвар маншаъ мегирад, вобаста аст. Тағйир ёфтани иқлим ва пайдарпай камбориш омадани солҳо коми деҳқонон ва чорвопарварони қаламравро талх намуда, ба ҷуз сабр дар пеши ин имтиҳони табиат имконе дигар боқӣ намегузорад.  Аммо рӯ ба раҳми Худо овардаву даст болои даст нишастан ҳам аз ақли солим нест. Ин аст, ки  бо баробари ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев таваҷҷуҳ ба мушкилоти рӯзафзуни ноҳияи дурафтодаву гӯё аз ёдҳо фаромӯшшуда афзуда, мушкилоти зисти мардум, аз ҷумла таъмини онҳо бо оби ошомиданӣ, таъмири роҳу пул, беҳбуд бахшидани инфрасохтори маҳаллаҳо яке пайи дигаре оҳиста-оҳиста ҳал мегарданд. Кунун тарҳҳои гуногуне рӯи даст қарор доранд, ки интизор меравад бо баробари дар амал татбиқ гардидани онҳо симои  ноҳия куллан тағйир хоҳад кард. Имрӯзҳо кӯчаю зеркӯчаҳои маҳаллаҳои воқеъ дар маркази ноҳияи Деҳқонобод корзори ҳақиқиро дар ёдҳо зинда мекунанд. Техникаи махсуси хандақканӣ ва мутахассисони гуногуни соҳаи беҳдоштро метавон дид, ки дар қади роҳҳо лӯлаҳои плостикӣ хобонда, ба сӯйи манзилҳои зисти мардум оби ошомиданӣ мебаранд. Раиси маркази миллӣ-мадании тоҷикони ноҳия, адиб ва муаррихи маҳаллӣ Карим Тошқулов, ки моро ҳамроҳӣ доштанд, бо мамнуният таъкид кард, солҳои охир ҳаёти мардум дар ноҳия қадам ба қадам ба сӯйи шукуфоиҳо меравад ва бешак дар зудтарин фурсат мушкилоти мавҷуда сода хоҳанд гашт. Вай ободии зиндагии мардумро бештар ба оби ошомиданиву махсуси киштукор пайванд дониста, гуфт, ки аҳолии қаламрав дар меҳнат ҳамто надоранд ва бо баробари дастрасӣ ба ин манбаи ҳаёт – об рӯзгори худро рушд хоҳанд бахшид. Ба таъкиди Карим Тошқулов, ҳокими ноҳия Зоҳир Алиқулов пайваста дар ҳаракат аст, ки Деҳқонобод назар ба собиқа бештар рушд кунад ва мушкилоти тӯли солҳо ҷамъгардида ҳал шаванд. Ман ҳам шоҳиди он будам, ки дар бинои ҳокимияти ноҳия як гурӯҳи мардуми корафтода ҷамъ омадаву арзи худро ба гӯши ҳоким ва раҳбарони секторҳои дигар мерасонданд. Сухангӯи дафтари матбуоти ҳокимияти ноҳия Тӯхтамурод Амиров гуфт, ки ҳар рӯзи душанбеи ҳафта замони додхоҳии мардуми қаламрав аст ва раҳбарони секторҳо то поёни рӯзи корӣ ба шунидани арзи мардум ва ҳалли мушкилоти рӯзгори онҳо шуғл меварзанд. 
Аммо маълумоти обуна ба рӯзномаи «Овози тоҷик» дар соли 2023, ки аз идораи почтаи ноҳия дастрас кардем, моро шигифтзада кард ва раиси марказ Карим Тошқулов ба ҷойи ҳамзабонони бешумори мо дар ин қаламрав хиҷолат мешуд, ки вазъ чунин ташвишовар ва ба таври бесобиқа таассуфангез аст. Дар ноҳияе, ки ҳудуди 40 дарсади аҳолиашро тоҷикон ташкил медиҳанд, се нафар хонанда доштани як рӯзномаи машҳури ҷумҳурӣ, ки қариб сад сол ин ҷониб дар хидмати миллати фарҳангсолор ва адабпарвари тоҷик қарор дорад, боиси нигаронӣ ва хиҷолат дар назди рӯҳи гузаштагони бовиқорамон мебошад. Мудири шӯъбаи маорифи халқи ноҳия Холиёр Менглиев мавҷудияти 29 мактаби таълимашон ба забони тоҷикиро баршумурд ва ваъда (!) дод, ки дар нимсолаи дуюм вазъро ба таври чашмрас тағйир хоҳад дод. Маълум гардид, ки Х. Менглиев як моҳ қабл аз ин ба курсии раҳбарии шуъба нишаста ва ҳанӯз аз вазъ дар ин соҳа комилан воқиф нест. Назар ба маълумотҳо, мудири пешини идора Неъмат Бозоров ба иттиҳоми дуздии маблағи соҳаи маориф дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.
Роҳи мо ба самти деҳаҳои тоҷикнишин идома ёфт ва пас аз тай кардани 50 километр роҳи ноҳамвор, ки ҳар замон ронандаро асабӣ мекард ва мусофиронро ранҷ медод, ба Боғучорбоғи саросар сабзу хуррам расидем. Маълум шуд, ки ин роҳи нимавайрон 20-30 сол ба ин сӯ беназорат монда ва кунун ба эътирози барҳаққи одамон боис мегардад. Дархости ягонаи бошандагони деҳоти ин атроф аз ҳукумат танҳо обод ва аз ҳар гуна хатар орӣ сохтани ин масир асту халос. Дар ҳар сӯҳбат ин талаб аз забони одамон берун меомад.
Боғучорбоғ (дар гӯиши мардуми маҳаллӣ Бошчорбоғ) – макони буду боши тоҷикони сарбаланд мебошад, ки ҳоло ҷамъияти онҳоро ҳудуди 20 ҳазор нафар арзёбӣ мекунанд. Бо мушояати устод Шуҳрат Сориев – директори дабистони рақами 10, бо фаъолияти ҳашт мактаби миёнаи ин обрав шинос гардида, бо ҷамоаи омӯзгорони онҳо дидору мулоқот намудем. Вохӯриҳои мо дар мактабҳои рақами 10, 98, 95, 45, 46, 47, 90, 99 хеле хотирмон буд ва раҳбарони ин макотиб Шуҳрат Сориев, Камолиддин Бойқулов, Шокир Эшқурбонов, Маҳмуд Бобоев, Ғайрат Эшонқулов, Шаъбон Олимшоев, Яҳёхон Зайров ва Аҳмад Бозоров ваъда доданд, ки робитаҳоро бо рӯзномаи «Овози тоҷик» бознигарӣ мекунанд ва саҳвҳои рафтаро зуд ислоҳ месозанд.
То имрӯз ба «Овози тоҷик» мактаби рақами 10 ду нусха ва дабистони рақами 45 як нусха (дар тамоми ноҳия ҳамагӣ 3 нусха) обуна ҳастанд. Ҳаммиллатони мо гуфтанд, ки замоне «Овози тоҷик» дар ин ҷойҳо хонандагони зиёде дошт ва намунаи эҷоди қаламкашони Боғучорбоғ дар саҳифаҳои рӯзнома дарҷ ҳам меёфтанд. Мутаассифона, солҳои охир ин пайвандӣ халал оварда, обуна низ аз гӯшаи хаёлҳо зудуда гаштааст. 
Аз суҳбати аҳли зиё дарёфтам, ки тоҷикони сарбаланд ва баору номуси ин обрав дар як замони хеле ҳассос ва тақдирсоз (тақрибан даҳ сол қабл аз ин) аз мактаби тоҷикии худ дифоъ карда, ба кӯрдилони замона собит намуда буданд, ки ҳанӯз меҳри забони модарӣ ва худшиносӣ дар қалби мардум фурӯзон аст. Новобаста ба фишори сахт аҳолии деҳаҳои Айнӣ, Чашмаи Мирон, Ёна, Чилгаз, Қишлоқи Калон, Оққишлоқ, Дуоб, Сарчашма ва Нурқайи Хурд, ки ҳама дар таркиби Боғучорбоғ шомиланд ва бо ҳамин ном маъруфият доранд, алайҳи тағйир додани забони таълим дар мактабҳо садо баланд карда, ба дастандаркорони ин амали фитназо нишон доданд, ки тоҷик дар ҳама ҳолат аз забони модарии худ дифоъ мекунад ва онро пос медорад. Дар замоне, ки мардум аз набудани роҳи тахту ҳамвор, гази табиию нерӯи барқ муттасил ранҷ мекашиданд, иҷборан тағйир додани забони таълими таҳсил дар макотиб онҳоро хеле нигарон кард. Омӯзгорони худогоҳи дабистонҳо даъвати моро дар робита ба дастгирии рӯзномаи «Овози тоҷик» ҷонибдорӣ намуданд ва гуфтанд, ки ҳаргиз ба тақдири рӯзномаи худ бефарқ нахоҳанд монд ва чун мактабҳои тоҷикии худ ба дифои рӯзнома низ қад алам хоҳанд сохт.
Маълум гардид, ки Боғучорбоғ аслан ватани аксар тоҷикони Деҳқонобод аст ва мардуми дигар маҳаллоти тоҷикнишини он дар собиқа аз ин манзилу макон ба таҳдашт кӯчонида шудаанд. Аммо онҳо робитаи худро бо ватани аҷдодӣ ҳамеша барқарор нигоҳ дошта, ба рушди он пайваста кумак мекунанд. Аз ин сабаб Боғучорбоғ ба чашмаи хурӯшоне монанд карда мешавад, ки кулли тоҷикони Деҳқонободро нерӯ мебахшад ва чун сипар аз ҳар гуна хатарҳо ҳимоя месозад. Боғучорбоғро як дарёчаи кӯҳӣ ба ду ҳисса тақсим мекунад ва мардум дар ду бари ҳамин наҳри хушоб зиндагии худро идома медиҳанд. Саргаҳи онро Дуоб меноманд, ки ду тоқа оби шӯру ширин ба ҳам пайваста, як рӯдхонаи азимро ташкил медиҳанд ва аҳолии поёнобро шодоб мегардонанд. Асбаски аҳолии ин обрав сол аз сол меафзояд, мардум заминҳои лалмӣ ва талу теппаҳои атрофро низ азхуд карда, ба манзили зист мубаддал месозанд. Дар ин ҳудуд ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо, ба монанди «Бошчорбоғ», «Чилгаз», «Сарчашма» вуҷуд дошта, такягоҳи боварибахши ҳукумат ба шумор мераванд ва дар иҷрои қарору фармонҳои ҳокимият саҳм мегузоранд. Боғдориву чорвопарварӣ аз шуғлҳои дӯстодоштаи тоҷикони ин маҳал мебошад ва мардуми ҳунарманд аз пайи касби гуногун чун оҳангарию дуредгарӣ низ ризқи худро пайдо мекунанд. Аксари ҷавонон барои чидани ризқи парешон ба Русия низ сафар мекунанд ва ҷои таассуф аст, ки ин неруи сабз мамлакати дигарро обод месозад ва дар дохили Ватани худамон кам истифода мешавад. Барои беҳдошти сиҳатии мардум бунгоҳи тиббии оилавии рақами 3 амал мекунад, ки дорои тамоми шароити табобат аст ва мутахассисони варзидаи он дар ҳалли мушкили пешомада ба аҳолии қаламрав кумак мерасонанд. Ҳоло сохтмони як боғчаи замонавӣ идома дорад ва дар зудтарин фурсат мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамзабонон дар Боғучорбоғ ният доранд, ки забони таълиму тарбиятро дар боғчаи мазкур ба тоҷикӣ роҳандозӣ кунанд ва ҳоло корҳои тадорукотӣ идома доранд.
Мулоқоти мо бо раҳбарони дабистонҳои рақами 56 Мирҳусан Кичибоев ва директори мактаби миёнаи рақами 9 Фарҳод Тангриев (шомили ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ғӯротӣ») низ босамар буд ва онҳо, ки аслан дастпарварони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд будаанд, моро мутмаин карданд, ки аз ин баъд бо рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳамкорӣ хоҳанд намуд. Дар ҳамин минтақа (Бешқӯтан) мактабҳои рақами 94 (раҳбараш Иноят Рӯзиқулов), 81 (Шамсиддин Қорҷовов) ва дар маркази ноҳия дабистони рақами 87 (директораш Маҳмаднабӣ Ҳамдамов) низ ҷой доранд, ки таълимашон ба забони тоҷикӣ аст. Боз дар Деҳқонобод чандин дабистони тоҷикӣ амал мекунанд, ки минбаъд бо фаъолияти онҳо шинос хоҳем шуд ва бо ҷамоаи бедордили омӯзгоронашон робита пайдо хоҳем сохт.
Аз суҳбати аҳли зиё маълумамон гашт, ки китобхонаҳои кулли дабистонҳои ноҳия  китобҳои бадеии тоҷикӣ надоранд. Теъдоди ками адабиёти бадеӣ ба забони модарӣ боиси он гаштааст, ки завқи китобхонии хонандагони ташнаи илм паст гардад ва дар ин самт аз ҳамсолони худ дар макотиби таълимашон дигар қафо монанд. Таъмин намудани китобхонаҳои мактабҳои миёна бо китобҳои бадеии тоҷикӣ яке аз мушкилоти аввалиндараҷа аст, ки пайваста аз мавҷудияташ бонги хатар мезанем, аммо идораҳои мутасаддӣ дар ҳалли он аз паси панҷа менигаранд. Адабиёти бадеӣ барои рушди ҷаҳонбинӣ ва тарбияти волои ҷавонон яке аз воситаҳои таъсирбахш аст, ки мутаассифона берун аз эътибор мемонад. Набояд фаромӯш сохт, ки ба китобҳои бадеӣ ва хондани рӯзномаву маҷаллаҳо вобаста кардани ҳаёти хонандагони мактабҳои миёна ба сифати таълими онҳо хоҳад афзуд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: