Аз рӯи ҷамъбасти шаш моҳи соли 2022 Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ як қатор лоиҳаҳоро амалӣ намуд.
Дар ин бора роҳбари хидмати иттилоотии Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ Дилфуза Собирова дар брифинги АИКО хабар дод.
14 мактаби президентии низоми Агентӣ ба сифати марказҳои расмии гузарондани имтиҳонҳои байналмилалии Кембриҷ эътироф шуданд.
Дар моҳҳои май-июни соли ҷорӣ имтиҳонҳои A-level дар мактабҳои президентии Нукус, Хева, Намангон ва Тошканд гузаронда шуданд. Аз соли таҳсили соли 2022/2023 сар карда гузарондани имтиҳонҳои мазкур дар тамоми мактабҳои президентии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.
Барои маълумот: сертификатҳое, ки аз ҷониби A-level Cambridge Assessment International Education пешниҳод шудаанд, шаҳодатномаҳои байналмилалии стандарти баландтарин мебошанд.