15 НАФАР СОҲИБИ ШИНОСНОМА ШУДАНД

Ҷашни аз ҳама бузург аз ҳама азиз — 29-умин солгарди истиқлолияти кишварамон ба ҳаёти 15 ҳамватан шодии хоса овард.

Ҷашни аз ҳама бузург аз ҳама азиз — 
29-умин солгарди истиқлолияти кишварамон ба ҳаёти 15 ҳамватан шодии хоса овард.

Президент дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис 24 январи соли 2020 оид ба такмил додани қонунгузорӣ дар бораи шаҳрвандӣ ва додани мақоми шаҳрванд ба шахсони бетабаа, ки аз хориҷа омадаанд ва солҳои зиёд дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, супоришҳои дахлдор дода буд. Дар арафаи ҷашни бузург дар асоси Қонун «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 13 марти соли равон 15 нафар ҳамватанон шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро гирифтанд.
Дар чорабинӣ ба ин муносибат сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят, полковник А.Исмоилов шиносномаҳоро тантанавӣ супурда, бо қабули шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрик гуфт.
Юнус Раҳматов, ки 27 сол пеш аз Тоҷикистон ба вилояти Сурхондарё барои иқомати доимӣ омада буд, бо ҳамсараш Чиннӣ Умарова ва фарзандонаш дар маҳаллаи «Обод юрт»-и ноҳияи Бандихон зиндагӣ мекунад. Вай дар хоҷагии фермерии «Шуроб семурги» кор мекунад.
— Барои оилаи мо ид болои ид аст, — мегӯяд Ю.Раҳматов. — Орзуи деринаи ман амалӣ шуд: мақоми шаҳрванди Ӯзбекистонро гирифтам. Ин садоқат ва муҳаббати маро ба ин сарзамин мустаҳкам кард, аз он ифтихор дорам, ки ҳоло ман шаҳрванди воқеии кишваре ҳастам, ки ватани дуюми ман шудааст. Ман минбаъд низ барои беҳбудии Ӯзбекистон софдилона ва пурсамар кор мекунам.
Нотиқон дар ин чорабинӣ ба Президент Шавкат Мирзиёев барои эътироф ва эътимод изҳори миннатдории махсус карда, таъкид намуданд, ки дар ободонии минбаъдаи кишвар пайваста саҳм мегузоранд.

Х. МАМАТРАИМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: