18 ИНШООТИ НАВИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУДАНД, СОХТМОНИ БОЗ 6 ИҚТИДОР ОҒОЗ ЁФТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 13 декабр дар маросими мутантан бахшида ба истифодасупории иқтидорҳои нави энергетикӣ ва оғози сохтмони як қатор иншоот иштирок кард.

Лоиҳаҳои мазкур бахши корҳои васеъмиқёсест, ки ба таҳкими иқтидори низоми энергетикии мамлакат нигаронида шудаанд. Моҳи декабри соли гузашта 5 истгоҳи электрии офтобӣ ва 1 адад истгоҳи барқии бодӣ ба истифода супурда шуда буданд. Ҳангоми сафари роҳбари давлат ба минтақа ба татбиқсозии бисёр лоиҳаҳои нав ифтитоҳ бахшида буданд.

Маросими ба истифода супурдани 24 лоиҳаи иқтидори умумиашон зиёда аз 7 миллиард доллар ба вуқӯъ пайваст. Аз ҷумла, дар вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Намангон ва Тошканд 5 истгоҳи электрии офтобӣ ва бодии иқтидори умумиашон анқариб 2,3 ҳазор мегаватт, ҳамчунин 5 зеристгоҳи баландшиддат ба шабакаҳо вобаста карда шуданд.

Бори аввал дар Ӯзбекистон, дар вилоятҳои Андиҷон ва Фарғона низоми захираи энергияи иқтидораш 300 мегаватт бунёд гардид. Дар Қашқадарё истгоҳи электрии иқтидораш 400 мегаватт, дар Тошканд дастгоҳи ҳозиразамони когенератсионӣ, дар вилоятҳои Андиҷон, Сурхондарё ва Тошканд бошад, 4 истгоҳи хурди гидроэлектрӣ ба истифода супурда шуданд.

Ғайр аз ин дар вилоятҳои Фарғона, Самарқанд, Навоӣ, Тошканд ва шаҳри Тошканд сохтмони 6 иншооти энергетикии иқтидори умумиашон 2,5 гигаватт оғоз ёфтанд.

Ин лоиҳаҳои нав имкон медиҳанд, ки солҳои наздиктарин барилова 9,5 миллиард киловатт-соат энергияи электрӣ истеҳсол гардад, 2,5 миллиард метри мукааб гази табиӣ сарфа ва 4,6 миллион тонна партови газҳои зараровар пешгирӣ карда шаванд.

Аз ҳама муҳимаш зиёда аз 4 миллион хоҷагиҳои манзилӣ бо энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва мунтазам таъмин карда мешаванд.

Ин ҳамчунин барои фароҳам овардани арзиши иловагӣ дар ҳаҷми 4 миллиард доллар ба соҳаҳои дигари иқтисодиёт имкон медиҳад.

Умуман тӯли соли 2025-ум дар кишвари мо 84 миллиард киловатт-соат энергияи электр истеҳсол мешавад, ки нисбати соли 2016-ум 25 миллиард киловатт-соат ё худ 1,5 баробар зиёд аст.

Президент Шавкат Мирзиёев дар маросим ба сухан баромада таъкид намуд, ки тамоми ин лоиҳаҳо аз ҳисоби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ татбиқ  мегарданд.

Ба ширкатҳо аз Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Туркия, Чин ва Олмон, ҳамчунин идораҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Бонки рушди осиёӣ, Бонки сармояҳои инфрасохтории Осиё, Бонки рушди исломӣ, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки умумиҷаҳонӣ барои ҳамкории пурмаҳсулашон миннатдорӣ изҳор карда шуд.

Ба шарофати дастёбии рӯшод ба сектори хусусӣ тӯли панҷ соли охир дар соҳаи энергетикаи Ӯзбекистон тақрибан 20 миллиард доллар сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ҷалб карда шуданд.

Дар соҳае, ки пештар танҳо давлат иштирок дошт, 24 истеҳсолгарони мустақили энергетикӣ ба кор шурӯъ карданд.

Аз ҷумла, дар сектори «энергетикаи сабз» истгоҳҳои бузурги электрии офтобӣ ва бодии иқтидори умумиашон 3,5 ҳазор мегаватт, ки ба 10 миллиард киловатт-соат баробар аст, ба истифода супурда шуданд. Ин имкон дод саҳми «энергияи сабз» дар низоми энергетикӣ то 16 фоиз зиёд гардад.

Тавре ки маълум аст, соли гузашта маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат бори аввал ба нишондиҳандаи таърихии 100 миллиард доллар расид. Дар соли 2030-юм иқтисодиёти Ӯзбекистон бояд то ба 200 миллиард доллар зиёд гардад.

Ин талаботро ба энергияи электр дар тӯли панҷ соли минбаъда 1,5 баробар зиёд мекунад. Ғайр аз ин, дар доираи Муоҳидаи Париж  то соли 2030-юм 35 фоиз коҳиш додани партовҳои гази зараровар ба нақша гирифта шудааст.

Президент самтҳои бартариноки корро дар соҳаи энергетика мушаххас намуд.

Якум, то соли 2030-юм барилова «иқтидорҳои сабз» дар ҳаҷми 19 ҳазор мегаватт бунёд карда мешаванд, саҳми энергияи нав то 54 фоиз зиёд мегардад. Аллакай дар соли 2025-ум ба истифода супурдани 18 истгоҳи офтобиву бодии иқтидорашон 3,4 ҳазор мегаватт, ҳамчунин низоми захираи энергияи иқтидораш 1,8 ҳазор мегаватт пешбинӣ шудааст. Ин ҳаҷми истеҳсоли «энергияи сабз»-ро дар соли оянда то 12 миллиард киловатт-соат зиёд мекунад. Ҳамчунин дар тӯли ду сол якҷо бо шарикони хусусӣ барномаи васеъмиқёс бобати бунёди зиёда аз 2 ҳазор истгоҳҳои хурд ва кучаки гидроэлектрӣ татбиқ карда хоҳанд шуд.

Дуюм, озодкунии бозори энергияи электр идома меёбад. То охири соли оянда бунёди бозори рақобатбардори умумии энергияи электрӣ ба нақша гирифта шудааст. Шарикии давлативу хусусӣ дар соҳаи тақсими энергия низ ҷорӣ карда хоҳад шуд, барои бозсозии шабакаҳо 4 миллиард доллар сармоя ҷалб карда мешавад. Дар вилояти Самарқанд лоиҳаи аввалини ба сектори хусусӣ додани идораи шабакаҳои минтақавии электрӣ андешида шуд, тендери байналхалқӣ эълон гардид.

Сеюм, вусъат додани ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи «энергетикаи сабз» ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи СОР-29 муоҳидаҳо бо Қазоқистон, Озарбойҷон ва Арабистони Саудӣ дар бораи содироти муштараки «энергияи сабз» ба Аврупо имзо шуданд. Якҷо бо кишварҳои ҳамсоя платформаи ягона барои таъмин кардани низоми муттасили энергетикии минтақавӣ ба роҳ монда шуд.

Осиёи Марказӣ барои истеҳсоли энергияи электр аз захираҳои табиӣ, аз ҷумла аз офтоб, бод ва об имкониятҳои бузург дорад. Дар самти мазкур якҷо бо давлатҳои ҳамсоя бобати таъмин сохтани эътидоли низоми  энергетикии минтақа платформаи ягона созмон дода хоҳад шуд.

Чаҳорум, рушди «энергетикаи сабз» ба сифати муҳаррики нав барои секторҳои дигари иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ пешбинӣ гаштааст.

Аллакай панелҳои офтобии иқтидори умумиашон 1 ҳазор мегаватт устувор карда шуданд, ки имкон медиҳад ҳар сол 1,5 миллиард киловатт-соат энергияи электр истеҳсол карда шавад. Дастгирии ташаббусҳои «сабз» бо ҷорӣ намудани таълимоти дуалӣ барои  тайёр кардани мутахассисон идома меёбад.

– Воқеаи имрӯза дар таърихи энергетикаи кишвари мо саҳифаи навро боз мекунад. Лоиҳаҳои мазкур нафақат рушди иқтисодиро таъмин мекунанд, балки боз барои ворисони мо ояндаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва устуворро фароҳам меоваранд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар маросим вазири энергетика ва инфрасохтори Аморати Муттаҳидаи Араб Суҳайл бин Муҳаммад ал-Мазруӣ, вазири энергетика ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Туркия Алпарслон Байрактар ва вазири энергетикаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз бин Салмон Ал Сауд суханронӣ карданд.

Президент Шавкат Мирзиёев воситаи рамзии пайвандкуниро пахш карда, ба кори 18 иншооти энергетикӣ ва сохтмони 6 лоиҳаи нав оғоз бахшид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: