18 ва 25 май байни Тошканд ва Андиҷон рейсҳои иловагӣ ба роҳ монда шуданд

Ба мақсади фароҳам овардани хидматрасонии мусоид ба мусофирон 18 ва 25 майи соли ҷорӣ бинобар хатсайри “Тошканд – Андиҷон – Тошканд” ду рейси иловагӣ кушода шуд. Дар ин бора хидмати матбуоти ҶС "Ӯзбекистон темир йӯллари" хабар медиҳад.

Аз ҷумла, поезди рақами 60 ба самти «Тошканд — Андиҷон» мувофиқи ҷадвали зерин ҳаракат мекунад: ҳаракат аз пойтахт — соати 7:55, расидан ба Андиҷон — соати 13:56.

Поезди №59 дар самти муқобил соати 15:55 аз Андиҷон баромада, соати 21:45 ба Тошканд мерасад.

Маълумоти иловагиро дар Тошканд бинобар рақами кутоҳи 1005,  кассаҳои маҳаллии роҳи оҳан ва бюроҳои маълумот гирифтан мумкин аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: