2. АЛЛОМАЕ, КИ БУХОРОРО «ҚУББАТ-УЛ-ИСЛОМ» КАРДААСТ

Фиқҳшиноси номвари олами ислом

(Аввалаш дар шумораи гузашта).
Абуҳафси Кабир дар ҳузури мутасаввифи бузург, муҳаддис, фақеҳ ва авлиё Фузайл ибни Иёз, ки аз Вақеъ ибни Ҷарроҳ, Абуусома, Ҳошим ибни Башир, Ҷарир ибни Абдулҳамид ва аз дигар муҳаддису фақеҳҳо таълим гирифта буд, меъёрҳои ҳуқуқии Қуръонро бо ҳаёт пайвастааст. Дар ин давра дар ҳудуди хилофати араб халқҳои гуногун зиндагӣ мекарданд. Худ аз худ маълум аст, ки онҳоро дар як меъёри қонун нигоҳ доштан, яъне дар ҳама ҷо ҷорӣ кардани қонуни ягона имконнопазир буд. Намояндагони табақаҳо ва гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ кӯшиш мекарданд, ки бо эҷоди ҳадис манфиатҳои худро баён кунанд. Аз ин рӯ, Абуҳафси Кабир роҳи Абуҳанифаро пеш гирифта, меъёрҳои умумии шариатро таҳия менамояд, ки ба шароити маҳал мувофиқанд. Дар китоби «Таърихи Бухоро»-и муаррихи асри X Муҳаммад Наршахӣ гуфта мешавад, ки Имом Абуҳафси Кабир аз фақеҳи замони худ, зоҳид ва ҳам донишманд будааст. Бо ташаббуси Абуҳафси Кабир ва писараш Абуҳафси Сағир дар Бухоро ва Мовароуннаҳр ба мактаби фиқҳи исломии маҳаллӣ бар пояи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ асос гузошта мешавад.
Қонунҳои мазҳаби ҳанафия, ки онро Имом Абуҳанифа (679-767) асос гузошта, ба мазҳаби суннӣ тааллуқ дорад, нисбатан сабук ва муътадил буда, бо сабаби ба инобат гирифтани расму оинҳои миллии халқҳо дар ҷаҳон васеъ паҳн гардидааст. Қариб нисфи мусалмонони ҷаҳон ба ин мазҳаб тааллуқ доранд. Мусалмонони минтақаи мо аз асри XIV ба мазҳаби ҳанафия эътиқод доштанд.
Абуҳафси Кабир асосгузори на танҳо илми фиқҳ, балки мактаби каломи Бухоро (фалсафаи исломӣ, илоҳиёт) дар Мовароуннаҳр аст. Имконият ва нуфузи ӯ дар олами ислом, бахусус Бухоро ва Мовароуннаҳр, бемисл аст. Абуҳафси Кабир дар Бухоро чандин масҷиду мадраса бунёд карда, ба толибилмон аз фиқҳу ҳадис, тасаввуф ва ақида дарс медод ва ба саволу мушкилоти мухталифе, ки мардум дошт, посух мегуфт.
Абуҳафси Кабир аввалин шахсе буд, ки таълимоти мазҳаби ҳанафияро ба Мовароуннаҳр овард. Чуноне ки таърихнигорон таъкид мекунанд, Абуҳафси Кабир шахсест, ки боиси густариши илм ва эҳтироми имому уламо дар Бухоро шудааст. Абдулкарим-ас-Самъонӣ мегӯяд, ки Абуҳафс фақеҳҳои зиёдеро тарбия карда, онҳоро ба камол расонидааст.
Абуҳафси Кабир дар густариши мазҳаби фиқҳи ҳанафӣ дар Мовароуннаҳр фаъол буд ва хонаводаи ӯ, бахусус писараш, фақеҳ Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмад-ал-Фақиҳ низ дар ин замина саҳми бузург доштааст. Барои ҳамин ӯро Абуҳафси Сағир, яъне Абуҳафси хурд мегуфтанд.
Шуҳрати Абуҳафси Кабир дар саросари Бухоро ва зиёда аз он, дар тамоми олами ислом паҳн шуд. Ҳатто агар олимони олами араб дар ёфтани ҷавоби масъалае душворӣ кашанд, ба назди Абуҳафси Кабир ба Бухоро шахсеро мефиристоданд ва роҳи ҳалли он масъаларо меёфтанд. Ба шарофати Абуҳафси Кабир илми фиқҳ дар Бухоро то дараҷае рушд кард, ки фақеҳони Бухоро бартар аз фақеҳони Бағдод шуданд, ки маркази асосии ҷаҳони ислом буд. Наршахӣ мегӯяд, ки мардум ҳангоми бозгашт аз Бағдод ба назди Имом Абуҳафси Кабири Бухорӣ меомаданд. Имом Абуҳафси Кабир дар ҳайрат аз онҳо мепурсид: Чаро аз олимони Ироқ напурсидед? Дар ҷавоби ӯ: Аз онҳо пурсидем, вале онҳо ҷавоб дода натавонистанд ва «Ба Бухоро равед ва аз имом Абуҳафси Кабир ё писараш Абуҳафси Сағир пурсед», – мегуфтанд. Фақеҳҳои Бухоро бо сарварии Абуҳафси Кабир ҳамчун соҳиби дониши амиқи фиқҳ ва қувваи ҳофизаи қавӣ тавсиф шудаанд.
Донишмандони он замон ба дониши Абуҳафси Кабир баҳои баланд дода, ӯро «Муаллими ислом», яъне устоди ислом номидаанд, ба шарафи ӯ Бухороро «Қуббат-ул-ислом», яъне «Гунбади ислом» ва дарвозаи маҳале, ки ӯ зиндагӣ мекард, «Роҳи ҳақ» номидаанд.
Ба шарофати Абуҳафси Кабир, мазҳаби ҳанафия (ақидаи суннӣ) ба зудӣ дар саросари Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин дар Мовароуннаҳру Хуросон паҳн шуд. Аксарияти мардум ба ин мазҳаб майл доштанд. Дар Бухоро алломаҳои мазҳаби ҳанафӣ зиёд шуданд ва роҳбари онҳо шогирди Абуҳанифа, шогирди Ҳасан аш-Шайбонӣ – Абуҳафси Кабири Бухорӣ буд. Абуҳафс ҳазорон шогирд дошт. Ҳорис ибни Абул Вафо-ал-Бухорӣ, Ҳотам ибни Наср ибни Молик-ал-Ғиждувонӣ, Абулайс Абдуллоҳ ибни Сурайҷ ибни Ҳаҷар-ал-Ҳофизи Бухорӣ (соли вафоташ тахминан – 871), Шайх Муҳаммад ибни Абураҷо-ал-Бухорӣ ва  писари ӯ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Ҳафс-аз-Зибарқон (соли вафоташ – 877) аз ҷумлаи онҳост. Фақат як нафар аз шогирдони Абуҳафси Кабирро ёдовар шудан кифоя аст, ки ҷаҳониён эътироф кардаанд. Ин султони муҳаддисон – Имом-ал-Бухорӣ аст.
Худованд ба Имом Бухорӣ ақли тез, ҳофизаи қавӣ ва қобилияти бетакрор ато кардааст. Нишонаи ин неъматҳои илоҳӣ аз ҷавониаш намоён буд. Ба ин чунин далел шаҳодат медиҳад, ки кӯдаки ёздаҳсола хатоҳои муаллими худ Ад-Дохилиро ислоҳ кардааст.
Абуҳафс дар дарсхонаи падараш китоби «Ҷомеъ»-и Суфёнро аз Аҳмад ибни Ҳафс мешунавид. Абуҳафси Кабир дар як ҳарф хато карду ӯ ислоҳ намуд. Бори дуюм хато кард, боз баргардонд. Бори сеюм хато кард, боз баргардонд. Вай муддате хомӯш монд:
– Ин кист? – гуфт ӯ.
– Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Бардизба, – гуфтанд.
– Гуфтааш дуруст аст. Дар хотир доред! Албатта, рӯзе одами бузург мешавад, – гуфт Абуҳафс.
Имом Бухорӣ ба хонаводаи Абуҳафс бо эҳтироми зиёд муносибат мекард. Имом Бухорӣ аввал шогирди Абуҳафси Кабир шуд. Бо писари аллома – Абуҳафси Сағир дар ҷустуҷӯи илми ҳадис якҷоя сафар мекунад. Сипас, Абуҳафси Сағир ба Бухоро бармегардад. Имом Бухорӣ дар талаби илми ҳадис сафарашро идома медиҳад, то Худованд ба ӯ дараҷаҳои бузург ато кунад, то ба лутфи Аллоҳ бирасад.
Ривоят мекунанд, ки чашмони Имом Бухорӣ дар кӯдакӣ оҷиз буд, модараш фарзандашро назди Абуҳафси Кабир овард ва аз ӯ хост, то дуо кунад. Пас аллома шарт гузошт: «Ман дуо мекунам, аммо як шарт дорам. Пас аз он ки чашмони фарзандат равшан мешавад, дуо мегӯӣ, ки писарамро ба роҳи Худо додам». Модар ба ин шарт розӣ шуд. Дуои Абуҳафси Кабир мустаҷоб шуд ва чашмони Муҳаммад шифо ёфт. Яке аз кароматҳои аллома ин буд, ки дар оянда донишманди бузург шудани ҳазрати Муҳаммад (Имом Бухорӣ)-ро пешгӯӣ кардааст ва ба ӯ муддате таълим додааст.

(Давом дорад).
Абдулғафур Раззоқи БУХОРӢ,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро.

Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Институти шарқшиносии ба номи
Абӯрайҳони Берунӣ, доктори улуми таърих.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: