2. МАЪРУФТАРИН ПИРИ ОЛАМИ ИСЛОМ

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта).

ЗИНДАГИНОМА
Муҳаққиқи амрикоӣ Девин Уис дар ин маврид аз Қазонхон ба сифати нахустин ҳукмдори муғуле ёд кардааст, ки ба тасаввуф таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Муҳаққиқи эронӣ Абдулҳусайни Зарринкӯб тахмин мекунад, ки Баҳоуддини Нақшбанд шояд дар саройи ин ҳукмдор як муддат ба сифати муҳтасиб ё қозӣ адои вазифа кардааст. Ҳолати дигаре, ки ҳокими Мовароуннаҳр Қазонхон будани шахсеро, ки дар манбаъҳои ирфонӣ аз ӯ бо номи Халил Ота ё Халил Султон ёд мешавад, бино ба маълумоти манбаъҳои дигар, баъди барҳам хӯрдани ҳокимияти Халил Султон, дили Баҳоуддин аз корҳои ин дунё сард шуда, ба Бухоро бармегардад ва дар деҳаи Ревартун зиндагӣ мекунад. Муаллифи «Анис-ут-толибин» бар он аст, ки аз ғойиб садо омадан, аз ҳою ҳаваси ин дунё даст кашидани Баҳоуддин, ҳаёти сӯфиёнаро пазируфтани ӯ дар ҳамин давр рух додааст ва дар хоб бо рӯҳи силсилаи хоҷагон вохӯрда, аз онҳо дастур гирифтани ӯ низ ба ҳамин ҳодиса иртибот дорад.
Баҳоуддин дар ҳузури Сайид Амири Кулол, дар баробари омӯхтани одоби сайру сулук ва қоидаҳои зикр, дар назди уламо ба омӯхтани илми ҳадис мепардозад. Дар «Мақомоти Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд» ӯ аз устоди худ дар илми ҳадис – Мавлоно Баҳоуддини Деггаронӣ ёд кардааст. 
Сайид Амири Кулол баъди чанд муддати дар хидмати ӯ будан, ба Баҳоуддини Нақшбанди зинаҳои сайру сулукро пушти сар гузошта мегӯяд, ки акнун дар ҳузури яке аз шайхони тариқати хоҷагон ё яссавия таълим гирад. Баҳоуддини Нақшбанд тӯли ҳафт сол дар ҳузури Мавлоно Орифи Деггаронӣ ба риёзат ва муҷоҳадат мепардозад. Баъд дар Насаф тӯли чанд моҳ дар ҳузури шайхи тариқати яссавия – Қусам Шайх донишашро доир ба тариқату сулук такмил медиҳад.
Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд дар давоми сафарҳои худ дар дигар кишварҳо низ барои омӯхтани таълимоти тариқатҳои тасаввуф саъю кӯшиш ба харҷ додааст. Ӯ дар давоми солҳои 722/1370 ва 790/1388 вақте сафари ҳаҷ анҷом медод, дар шаҳру кишварҳои Марв, Ҳирот, Сарахс, Майхон, Мозандарон, Бағдод бо Хоҷа Муайяд, Сайфиддини Абҳарӣ, Зайниддин Абубакри  Тойбодӣ (ваф. 791/1389) барин шайхону уламо вомехӯрад ва қабри асосгузори тариқати қодирия Шайх Абдулқодири Гелониро (470/1077 – 561/1166) дар Бағдод зиёрат менамояд. Ба ғайр аз ин, Баҳоуддини Нақшбанд дар яке аз сафарҳои худ дар Ҳирот бо ҳукмдори давлати курдҳо (643/1244 – 783/1383) Малик Муизиддин Ҳусайн ибни Ғиёсиддин (732/1332 – 771/1369) вомехӯрад ва дар маҷлисе, ки ҳукмдор бо уламои Ҳирот баргузор намуда буд, иштирок менамояд.
Чунин ба назар мерасад, Баҳоуддини Нақшбанд, ки мақсади такмил додани тариқати хоҷагонро дар пеш гузошта буд, дар баробари донистани нуқтаи назари шайхони даври худ доир ба тасаввуф ва сайру сулук, таълимоти суфиёни пешинро низ амиқ омӯхтааст. Манбаъҳо, бино ба нақли худи Баҳоуддини Нақшбанд таъкид менамоянд, ки ӯ ба ҷуз он ки тарбияи Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувониро гирифта буд, тавассути таваҷҷуҳ ба рӯҳи сӯфиёни пешин Увайси Қаранӣ 28 сол қабл аз ҳиҷрат (594-657) ва Ҳакими Тирмизӣ (205/820 – 320/932) таълим гирифтааст. Тавре ки дар манбаъҳо омадааст, ҳангоми таваҷҷуҳ дар Баҳоуддини Нақшбанд инқитоъи том (ба ҷуз Аллоҳ инқитоъ (қатъ)-и ҳама чиз) ва таҷарруди кулл (ба ҷуз Аллоҳ ҳама чизро тарк намуда, бо ӯ танҳо мондан)-и Увайси Қаранӣ, ҳамчунин, бесифатии мутлақи ба Ҳакими Тирмизӣ хос инъикос ёфтааст. Ҷолиб он аст, ки Баҳоуддини Нақшбанд худро идомадиҳандаи таълимоти Ҳакими Тирмизӣ ҳисобидааст: ӯ дар як маҷлис соли 1387 изҳор доштааст, ки бисту ду сол инҷониб дар тариқати Ҳакими Тирмизӣ мебошад.
Дар агиографияи Баҳоуддини Нақшбанд низ, мисли ин ки дар ҳолати рӯҳонии пирони силсилаи аввали хоҷагон Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ, Хоҷа Орифи Ревгарӣ, Хоҷа Алии Рометанӣ ва сӯфии аҳди пешин Ҳакими Тирмизӣ ба назар мерасад,  саҳнаи вохӯрӣ бо Ҳазрати Хизр (а.с.) ҷой гирифтааст. Тавре ки муаллифони «Анис-ут-толибин» ва «Мақомоти Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд» навиштаанд, Баҳоуддини Нақшбанд вақте ба Насаф – ба ҳузури Сайид Амири Кулол мерафт, Хизр (а.с.) дар сурати як чӯпони аспсавор ба ӯ пеш меояд. Ба сабаби он ки Баҳоуддини Нақшбанд ба сӯйи пири худ шитоб дошт ва намедонист, ки он аспсавор Хизр (а.с.) аст, ба ӯ эътибор надода, роҳашро идома медиҳад. Тавре ки дар қисса омадааст, Ҳазрати Хизр (а.с.) ҳамон вақт ба Баҳоуддини Нақшбанд муроҷиат мекунад. 
Баҳоуддини Нақшбанд, то даргузашти пиру устоди тариқати худ – Сайид Амири Кулол, ба сифати муриду пайрави ӯ кору фаъолият дошт. Дар манбаъҳои тариқати хоҷагон-нақшбандия доир ба муносибатҳои байни Баҳоуддини Нақшбанду Сайид Амири Кулол қиссаҳои зиёде оварда шудаанд. Дар яке аз он гуфта мешавад, ки Баҳоуддини Нақшбанд дар ҳолати маҷзубӣ вақте ба ҳузури Сайид Амири Кулол меравад, пираш ӯро се маротиба аз наздаш меронад. Вале ӯ аз он ки устодашро эҳтиром мекард, такроран ба ҳузури пир бармегардад. Пири тариқат  иштиёқи баланди шогирдро дарк намуда, вайро ба худ наздик мегирад. Дар қиссаи дигар оварда шудааст, ки Сайид Амири Кулол аз Баҳоуддини Нақшбанд рашк бурдани муридони дигарро ҳис карда, ӯро беҳтарин халифаи худ меҳисобад.
Дар манбаъҳои тариқати хоҷагон-нақшбандия дар бораи валигӣ ва кароматҳои Баҳоуддини Нақшбанд мисолҳои зиёде оварда шудаанд. Нақл мекунанд, ки каромати аввалини Баҳоуддини Нақшбанд вақте рӯй медиҳад, ки ӯ чорсола буд. Он вақт вай ба назди говашон рафта башорат мекунад, ки гов гӯсолаи пешонааш сафед таваллуд мекунад. Бино ба ҳикоятҳое, ки дар манбаъҳои мазкур оварда шудаанд, вай дорои қобилияти фикри дигаронро хонда тавонистан, аз ғайб ба куҷо рафтани дигаронро донистан, аз ғайб пайдо кардани таом, солҳои хушксолӣ аз ғайб об овардан ва анҷом додани дигар корҳо будааст. Ӯ ҳатто боре бо чанд  мурид ба ҳузури пири худ Сайид Амири Кулол мерафт, ба ӯ як ҳамсафараш мегӯяд: «Дар роҳи дӯстӣ бо шумо, агар гӯед, ки «бимир» «мемирам». Амр медиҳанд: «Бимир!», ҳамсафар мемирад, баъди фурсате вақте амр медиҳанд: «Зинда шав!» аз нав зинда мешавад. Ба ҷуз ин, манбаъҳои мазкур аз номи худи Баҳоуддини Нақшбанд нақл мекунанд, ки  чанд бор вақте ба ҳоли фано ва ғайбат меафтанд, ба осмони чоруми рӯҳӣ парвоз карда, ба дараҷаи сӯфиёни машҳури пешин: Боязиди Бистомӣ (ваф. 262/875), Ҷунайди Бағдодӣ (ваф. 207/909), Мансури Ҳаллоҷ (244/858 – 309/922) ва Абубакри Шиблӣ (ваф. 334/945) мерасад, аз онҳо гузашта вориди боргоҳи Муҳаммад (с.а.в.) мегардад ва эҳтироми ӯро ба ҷо меоварад.
Баҳоуддини Нақшбанд низ мисли пири худ аз пушти меҳнаташ рӯз диданро афзал дониста, бо касбу кор машғул шудааст. Вай даставвал ҳамроҳи падар бо ҳунари гуландозӣ ба газвор машғул мешавад, дертар ҷаву мош парвариш менамояд.
Сайид Амири Кулол пеш аз вафоти худ ба Баҳоуддини Нақшбанд иҷозат медиҳад, ки муридонро тарбия кунад. Роҳбарии тариқатро ба ӯ месупорад, ба муридон амр медиҳад, ки аз паси Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд бираванд.
Баҳоуддини Нақшбанд бо номҳои Бибича Хотуни Калон, Бибича Робия Хотун ва Бибича Сарвар Хотун се духтар дошт, ки ҳар се ба пайравони таълимоти Баҳоуддини Нақшбанд ба шавҳар баромадаанд. Аз ҷумла, Бибича Хотуни Калон ба писари Алоуддини Аттор – Ҳасани Аттор, Бибича Робия Хотун ба Мавлоно Фазлуллоҳи Найистонӣ, Бибича Сарвар Хотун, ба Абулхайри Туркистонӣ ба шавҳар баромадаанд.
Хоҷа Баҳоуддин дар 3 рабеъулаввали соли 791 ҳиҷрии қамарӣ – 1 марти соли 1389 милодӣ дар синни 74 аз олам чашм мепӯшад ва дар зодгоҳи худ – деҳаи Қасри Орифон дафн карда мешавад.

АСАРҲОИ ХОҶА БАҲОУДДИН
 
Дар манбаъҳо ҳарчанд оиди асар навиштани Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд қайде нест, муридону пайравони ӯ суханони доир ба тасаввуф, зинаҳои сайру сулук, одоби тариқат ва мафҳумҳои асосии тасаввуфи ӯро навишта гирифта, дертар дар чанд маҷмӯа ҷамъ овардаанд, ки инҳоанд:
1. «Қудсия» («Суханони қудсӣ») – суханони қудсии Баҳоуддини Нақшбандро маҷлис ва вазъҳо дар бар мегирад. Ин суханон аз ҷониби муриди ӯ Хоҷа Муҳаммади Порсо навишта гирифта шудаанд. Баъди вафоти Баҳоуддин бо хоҳиши муридон ба шакли китоб оварда шудааст.
2. «Аврод-ул-баҳоия» («Вирдҳои Баҳоуддин») – бино ба ривоятҳо вирдҳоеанд, ки Баҳоуддини Нақшбанд дар хоб аз Ҳазрати Расулуллоҳ (с.а.в.) омӯхтааст. Дертар аз ҷониби муриди ӯ Ҳамза ибни Шамшод тибқи тартиби алифбо шарҳ дода шудаанд.
3. «Авроди сағир» («Вирдҳои кӯтоҳ») – маҷмӯи вирдҳои кӯтоҳе, ки аз ҷониби Баҳоуддини Нақшбанд гуфта шудаанд.
4. «Воридот» («Фикрҳое дар дил») – доир ба фикрҳое, ки аз Аллоҳ ғайриихтиёр ба дил ворид шудаанд.
5. «Далил-ул-ошиқин» («Далели ошиқон») – асар дар бораи соликоне, ки дар роҳи қаробатҷӯйӣ бо Аллоҳанд.
6. «Ҳаётнома» – вазъу андарзҳо доир ба моҳияти ҳаёти инсон ва сермазмун гузаронидани умр.
7. «Рубоиёт» – рубоиҳои ирфоние, ки доир ба мавзӯъҳои гуногун гуфта шуда, дар асарҳои мухталифи ӯ бамаврид омадаанд.

(Давом дорад).
Абдулғафур Раззоқи 
БУХОРӢ,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро.

Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими калони Институти шарқшиносии ба номи
Абурайҳони Берунӣ, доктори улуми таърих.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: