2. МУШКИЛОТ БАРТАРАФ МЕШАВАНД

Қадами ислоҳоте, ки дар ин авохир дар соҳаи тандурустӣ пиёда месозад, ба дурдасттарин гӯшаҳои кишвар низ расида, ҳаёти мардумро ғолибан ба сӯйи нишот ва ободиҳо мекашад.

Бояд гуфт, ки сиҳатии мардум ва аз ҳар гуна хавфу хатар нигоҳ доштани ҳаёти онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар бобати беҳдошти вазъи тандурустии эшон чораву тадбирҳои мухталиф андешида мешаванд. Набояд фаромӯш сохт, ки мақсад аз роҳандозӣ шудани ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ низ беҳбуд бахшидани вазъи хидматрасонӣ ба аҳолӣ, дар ҳама гуна ҳолатҳои фавқулода ба кумаки мардум дар ҳоли омодабош қарор гирифтани кормандони тиб, коҳиш додани маргу муриши кӯдаку модар ва дар маҷмӯъ кулли аҳолӣ мебошад. Таҷрибаи солҳои охир нишон доданд, ки ҷойгоҳи кормандони соҳаи тиб дар ҳалли мушкилоти вобаста ба сиҳатии мардум хеле воло буда, онҳо дар ҳолатҳои ниҳоят ҳассос дар бари мардуми худ қарор мегиранд. Замони рӯёрӯйиҳои башар ба пандемияи «Ковид-19»-ро ҳанӯз одамон фаромӯш накардаанд. Он айёми хеле мураккаб маҳз табибон дар хатти пеши муборизаҳо қарор гирифтанд ва бар ивази ҷони худ садҳо ҳаммеҳанонро наҷот бахшиданд. Аммо муборизаҳо алайҳи «Ковид-19» бараъло нишон доданд, ки соҳаи тандурустии мо ба ислоҳоти куллие ниёзманд аст. Бо назардошти таҷрибаи солҳои охир ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки дар соҳаи мазкур тағйироти чашмрасе ба вуҷуд оварад ва куллан беҳбуд бахшидани хидматрасонӣ дар соҳаи тандурустиро чун дурнамои кори худ қарор бидиҳад. Маълум аст, ки татбиқи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар марказҳои шаҳру навоҳӣ ба таври чашмрас мушоҳида мегарданд. Аз ҷумла, ба сектори хусусӣ роҳи васеъ кушода шуда, бунгоҳҳои тиббии шахсие рӯйи кор омадаанд, ки хидмати нисбатан аълосифат ба анҷом мерасонанд. Аммо мавзеъҳои дур аз ободиҳо, ки омаду рафт ба он ҷойҳо садҳо мушкил дар пай доранд, аз қарору фармонҳои роҳбари давлат дар робита ба беҳдошти соҳаи тандурустӣ дар чӣ поя нафъ мебаранд? Омӯзиши ин масъалаи муҳим аз назари мо дур намонд ва зимни як сафари кӯтоҳмуддат ба мавзеи  Боғучорбоғи ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё ба он мутаваҷҷеҳ шудем. Бояд гуфт, ки Боғучорбоғ аз маркази ноҳия дар дурии 50 километр ҷой гирифтааст. Роҳи ниҳоят мушкилгузари ин қаламрав, хоса дар замони сармоҳои шадид барои интиқол додани беморони вазнин сад монеа эҷод мекунад ва чандин сол аст, ки боиси ранҷи аҳолии маскуни ин мавзеъ мегардад. Бо мақсади коҳиш додани ин ранҷҳо дар Боғучорбоғ бунгоҳи тиббии оилавие созмон доданд, ки кунун масъули беҳдошти вазъи тандурустии аҳолии минтақа мебошад. Ҳарчанд ин бунгоҳ чандин сол ба ин сӯ фаъолият мекунад, аммо дар ду-се соли охир дар меҳвари эътибори садрнишинон қарор гирифта, хеле рушд кардааст ва хидматрасониаш ҳам аз нигоҳи сифат ба маротиб боло рафтааст.
Бунгоҳи тиббии оилавии рақами 3-юми Боғучороғ дар ин қаламрави саросар кӯҳсор ва даштҳои бопаҳно ягона маркази кумаки аввалияи тиббӣ ва беҳдоштии сиҳатӣ мебошад. Раҳбари он Илҳом Менглиев гуфт, ки бунгоҳи мазкур аз се бахши хеле муҳим таркиб ёфта, поликлиникаи оилавии рақами 3, шифохонаи статсионарии мавзеи Боғучорбоғ ва маркази ёрии таъҷилиро фаро мегирад. Дар ин маскани шифо 96 нафар кормандони соҳаи тиб шабу рӯз дар посбонии саломатии мардум қарор доранд. Бунгоҳи тиббии мазкур ба 12186 нафар аҳолӣ хидмат мерасонад. Ба таъкиди Илҳом Менглиев панҷ нафар табиби соҳиби маълумоти олӣ низ дар ин ҷо кор мекунанд ва мушкили корафтодагонро осон месозанд. Аммо норасоии мутахассисони баландрутбаи тиб шадидан эҳсос мегардад ва бунгоҳи тиббии мазкур чандин сол аст, ки барои 12 ҷойи холии кор ба ташкилоти дахлдор дархост мефиристад, вале ин ниёзи онҳо ҳамон ҳалношуда боқӣ мемонад. И. Менглиев изҳор дошт, ки кор дар шароити мураккаби кӯҳистон мутахассисонро ба андеша водор кардааст ва онҳо фаъолият бурданро дар ин бунгоҳ ба зимма намегиранд. Назар ба маълумотҳо, дар се соли охир макотиби олии тиббии кишварамонро 5 нафар ҷавонони ин қаламрав хатм намудаанд, аммо ҳамагӣ корро дар маркази шаҳрҳо ихтиёр намуда, ба ҳеч ваҷҳ намехоҳанд, ки масъули беҳдошти сиҳатии мардуми дурдасти кишвар гарданд. Ҷавонон корро дар шаҳрҳои азим хуш карда, ба зодгоҳи худ барнамегарданд. Ин аст, ки ҳукумат ба он табибоне, ки дар мавзеи дур машғули кор мешаванд, ба таври илова 2 миллион сӯм маблағ пардохт ва бо ҷойи зисти муваққатӣ таъмин менамояд. Сарвари бунгоҳи тиббӣ Илҳом Менглиев гуфт, ки ҳоло аз маркази ноҳияи Деҳқонобод чандин табибонро ҷалб кардаанд ва онҳо новобаста ба дурии роҳу ноободиҳои он ба кумаки беморон мерасанд. Дар бунгоҳи зери раҳбарии ӯ мутахассисони хубе кор мекунанд, ки бархе аз онҳо табибони номвари ноҳия ба шумор мераванд. Аз ҷумла, табиби кӯдакон Бойсарӣ Мақсадов собиқаи кории 52-сола дошта, аз ҷумлаи табибони беҳтарини ноҳия маҳсуб меёбад ва аз хидмати ӯ на танҳо аҳолии Боғучорбоғ, балки корафтодагони тамоми ноҳия мамнун ҳастанд. Мутахассисони соҳаи валодат ва ҷарроҳӣ низ дар ин ҷо хидмат мерасонанд ва онҳо аз маркази ноҳия омадаву мушкилии беморонро осон месозанд. 
Фелдшери калон Чоршанбе Менглиев чандин сол аст, ки  кор мекунад ва ҳоло зери раҳбарии ӯ 17 нафар ходим ифои вазифа доранд. Ба гуфтаи ӯ, Холбӯта Аллабердиев ва Илҳом Дониев аз зумраи беҳтаринҳо маҳсуб ёфта, аз хидмати онҳо натанҳо ҷамоаи кормандони бунгоҳи тиббӣ, балки кулли сокинони Боғучорбоғ хурсанданд. 
Биноҳои замонавии комилан нави дорои тамоми ҷиҳози ҷавобгӯйи талабот дар аавали соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бахши ёрии таъҷилии тиббӣ низ шомили он аст ва барои сохтмони ин биноҳо ҳукумат дар маҷмӯъ 2 миллиарду 800 миллион сӯм маблағ сарф кардааст. Дар доираи чунин навсозиҳо ва беҳбуд бахшидани фаъолияти бунгоҳҳои тиббӣ генераторе низ насб гардидааст, ки ҳангоми зарурат барқ истеҳсол мекунад ва ниёзи ин маскани тиббиро бароварда месозад. Дар биноҳои нав сохташуда, панелҳои офтобӣ низ насб гардидаанд ва онҳо неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза истеҳсол намуда, мудом ба пешрафти кори бунгоҳ мусоидат мекунанд. Бунгоҳ дорои як мошини тиббии ёрии таъҷилӣ аст ва назар ба гуфтаи сардори он Илҳом Менглиев, ҳукумат моҳе 22 миллион сӯм маблағ ҷудо мекунад, ки барои харидани дорувории кумаки аввалия масраф мегардад. 
Аз мушоҳидаҳо дарёфтем, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин авохир бо роҳандозии ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ мавзеъҳои дурдасти кишварро фаромӯш насохта, балки беҳбуд бахшидани шароитро дар чунин ҷойҳо аз мақсадҳои асосии худ қарор додааст.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: