(Ҳиссае аз қиссаи воқеӣ)
Теша РАҶАБ
2. ОДАМИ БЕМАРГ
(Ҳиссае аз қиссаи воқеӣ)
(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта).
Қиссаи
писархондшавиам
– Фаҳмо. Кӯшиш мекунам, ки боварии ҳамшаҳриён ва комитети партиявиро ба ҷо биёрам, – хотири котибро ҷамъ кардам.
– Боракалло, ана ин гапи дигар! – аз посухи ман шод гашт котиб ва маслиҳатомез илова кард:
– Ҳамчун қаламкаш метавонӣ тамоми ҳунари нотиқиатро намоиш диҳӣ...
... Шабнишинӣ расо дар соати таъиншуда оғоз ёфт. Дар золи бошукӯҳи мактаб, ки бештар аз ҳаштсад ҷойи нишаст дошт, курсии холӣ намонд. Ҳама бо шавқи зиёд ба дидани дидори марди наҷибу накукор амаки Шоҳаҳмад ва ҳамсари шафиқу меҳрубони ӯ холаи Баҳрӣ омада буданд.
Шаби дӯстиро бо сухани муқаддимавӣ котиби Камитети Марказии Партияи Коммунистии Ӯзбекистон доир ба корҳои идеологӣ Рафиқ Нишонов кушод.
Дар хотирам нағз ҳаст, ки ӯ дар фароварди суханони пурҳарорату ҳаяҷонбахшаш дар васфи дӯстии халқҳо чунин иброз дошт:
Меҳмонони муҳтарам! Дӯстони азиз! Басо рамзист, ки шабнишинии мо ба шарафи 40-солагии республикаҳои Осиёи Миёна маҳз дар мактаби олии партиявӣ – манбаи кадрҳои роҳбарикунандаи республикаҳои бародарии ин минтақа мегузарад. Мувофиқи маслиҳати пешакӣ имшаб дар ҳузури шумоён бояд котиби якуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Ӯзбекистон Шароф Рашидович Рашидов баромад мекард. Аммо дирӯз ӯро таъҷилан ба Москва даъват карданд... (Баъди чанд рӯз аз матбуот огоҳӣ ёфтем, ки Никита Сергеевич Хрушёвро аз вазифа озод кардаанд). Бинобар он хело шодам, ки иҷрои ин вазифаи фахрӣ ба зиммаи ман ва падари азизу маънавии ҳамаи мову шумо – амаки Шоҳаҳмад афтод.
Баъди баромади Р. Н. Нишонов минбар ба ихтиёри намояндагони республикаҳо вогузошта шуд. Ҳар кас ба он баромада, мувофиқи хираду ҳимматаш дар васфи дӯстию бародарӣ ҳарф мезад.
Ҳангоме ки навбат ба ман расид, тартиби маъмулиро шикаста, ба минбар не, ба назди Шоҳаҳмадота рафта, аз рӯйи таомул ба ӯ ҷомаю тоқии гулдӯзии тоҷикӣ пӯшонда, меҳри халқам ва худамро тахминан чунин изҳор кардам:
– Падари азизам, Шоҳаҳмад! Ман ҳам яке аз ҳамон ятимони замони ҷангам. Бо меҳри Ватан ва Шумо барин фидоиёнаш ба камол расидаам. Аз шумо хоҳиш ва илтимос дорам, ки дар қатори ҳамон шонздаҳ нафар писару духтарони халқҳои миллатҳояш гуногун мани тоҷикро ҳам ба фарзандӣ қабул кунед...
Лаҳзае, ки Шоҳаҳмадота маро падарвор ба оғӯш кашида, аз рухсораҳоям гарм-гарм мебӯсид, аҳли шабнишинӣ ба по хеста, дуру дароз кафкӯбӣ карданд. Онҳо ҳама шоҳиди писархондшавии ман буданд ва аз ин воқеаи ҳаяҷоновар изҳори хурсандӣ мекарданд.
Бани одам аъзои якдигаранд...
Оре, Саъдии хирадманд ва ширинсухан дар васфи дӯстӣ басо суруди дилнишин ва рӯҳнавоз сурудааст:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гаҳваранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор...
...Охири апрели соли 1966. Ин санаро ҳар як сокини Ӯзбекистон ва алалхусус мардуми Тошканд ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. Аз ҷумла ман ҳам, ки ҳамон сол дар курси охирини Мактаби олии партиявии шаҳри Тошканд таҳсил мекардам. Ҳо, ин сана санаи фоҷиаи даҳшатангези зилзилаи Тошканд аст! Ҳамон заминларзае, ки дар як лаҳза шаҳри азими ободу шукуфонро ба харобазор табдил дод. Дар дами субҳ мардумашро гирёну сарсон ва қисмашро ба хок яксон кард...
Хонаи навсохти таҳкурсиаш мустаҳкаму хиштини якошёнаи амаки Аҳмад, ки оилаи ман соли дуввум боз дар он иҷорашин буд, деворҳояш рах-рах кафид, вале устувор истод.
Аммо дар маркази зилзила – назди бозори Олой натанҳо қатор-қатор биноҳои серошёнаю навбунёди ба ном зилзилатобовар дошт надоданд, ба хоки сиёҳ яксон шуданд, балки замин ҳам тарс-тарс кафида ба андозаи чандин метр фурӯ рафт. Дар натиҷа дар маркази шаҳр ғори даҳшатноке ба вуҷуд омад...
Аммо аҷоиботро бинед, ки қисми қадимаи шаҳр, яъне аз ҷӯйи Анҳор он тарафаш, аз офати ногаҳонӣ чандон осеб надид.
Хушбахтона ҳавлии падархонди ман ҳам дар ҳамин қисмати шаҳр, дар кӯчаи сераҳолии Боғ ҷойгир буд, ки манзилаш барҷо монд. Аз аҳли оилаи сернуфусаш касе зарар надид.
– Ҳазор бор шукр, ки бо аҳли оила аз ин балои азим офият ёфтем, писарам, – ба ҳолуаҳвол пурсиам, ки баъди чанд соати воқеа ба дидорбинии падархондам шитофта будам, посух дод Шоҳаҳмадота ва бо андӯҳ илова кард:
– Аммо дареғо, сад дареғо, ки ин зилзила ҷони азизи даҳҳо одамонро канда бурд! Рӯзгори мардумро нотинҷу парешону сарсон кард...
– Ҳа, мусибати калон, падар, – гуфтаҳои ӯро тасдиқ кардам ман.
– Мусибат гуфтеду мондед, писарам... Ин даҳшат аст! Ин ғазаби Худост ба бандагони ношукраш!..., – мӯйсафед ашк дар чашм фарёди ҷигарсӯз зад.
– Ман ҳозир аз назди Олой, аз маркази зилзила омадам... Ба душмани қаттоли кас, Худо ин рӯзи сахтро нишон надиҳад! Ҳама ҷо хоку туроб, ҳама ҷо валангор, писарам. Кошкӣ намерафтаму намедидаму намесӯхтам!...
– Ман ҳам он ҷоро бо чашми худ дидам, падар. Ҳақиқатан ҳам чашмнодиду гӯшношунид. Аммо чӣ илоҷ? Аз афташ тақдир ҳамин будааст..., – дили падархондамро тасаллӣ додам.
– Ҳа, тақдир, писарам, тақдир! О, агар тақдир азалӣ набошад, барои чӣ хонаи похсадевору пастаки кӯҳнаи ман побарҷо меистаду бутун-бутун иморатҳои навсохти чандинқабата мисли кулӯхи боронхӯрда ба замин пош мехӯранд?! Хӯш, канӣ ба ман гӯй, чаро ин тавр?
Ман бо Шоҳаҳмадота, албатта, ҷавоби аниқу ҳаққонӣ дода метавонистам. Масалан, мегуфтам: барои Осиёи Миёна, ки дар минтақаи ниҳоят серзилзила воқеъ аст, биноҳои бисёрошёна умуман ҳоҷат нест, зиёда аз он ҳамеша хавфнок мебошад. Ба болои ин ҳатӯлкории сохтмончиёнро зам кунем, сабаби «кулӯхи боронхӯрда» барин пош хӯрдани онҳо пурра аён мегардад. Ва ғайраву ғайраҳо...
Аммо ман ҳолату ҳаяҷони мӯйсафедро ба ҳисоб гирифта, боз бо «дурӯғи маслиҳатомез» ҷавоб гардондам:
– Аз сарнавишт ҷойи гурез нест, падар. Ҳар он чӣ, ки дар пешонаамон бошад, ҳамонро хоҳу нохоҳ мебинем...
– Бале, писарам, ҷони гапро гуфтӣ, – аз посухи ман қаноатмандӣ изҳор намуд Шоҳаҳмадота ва андешамандона афзуд:
– Ман аз ҳаёти хонадони худам қиёс мекунам, писарам. Дар умри ҳафтоду ҳафтсолаам чиҳоеро надидам, азобу уқубатҳоеро аз сар нагузарондам... Ҳа, дилу ҷони одам аз гул нозуктару аз санг сахттар аст, мегуфтанд калонҳои мо. Гапашон ҳақ будааст. Ба ҳамааш тоқат кардам: ҳам ба хубаш, ҳам ба гандааш... Акнун шукри замони тинҷу осоишта, шукри шумо, фарзандонамро карда мегардам. Давлату савлати ман, ному нишони ман, хушнудию нури чамони ман шумоҳо ҳастед, писари азизам!
Ҳо, ҳамон рӯзи нохуш, рӯзи барои бисёр тошкандиҳо мотам, суҳбати ман бо падархондам то 1 поси шаб тӯл кашид. Аз чӣ буд, ки Шоҳаҳмадотаи аслан камгап он рӯз қариб беист ҳарф мезад. Аз рӯзгори талху ширини худ ва аҳли хонадонаш қисса мекарду қисса мекард...
... Деҳаи кӯҳистони Бурҷимулло. Он дар қисми шарқии вилояти Тошканд, дар ноҳияи Бӯстонлиқ воқеъ гардидааст. Ин деҳаи сабзу хуррам ва дар айни замон басо ободу зебо, ки дар масофаи тахмиман 100-110 километр дуртар аз шаҳри Тошканд воқеъ мебошад, зодгоҳи бобою падари Шоҳаҳмадота аст. Аз рӯйи нақли падархондам ба ман аён гашт, ки дар охири асри XIX падари ӯ – Шоҳмаҳмуди ҷавонмард аз ин деҳаи дурдасти кӯҳистон баҳри таъмини рӯзгор бо ризқу рӯзӣ ба шаҳри Тошканд меояд. Дар ин ҷо чанд сол бо чоряккорӣ рӯз гузаронда, баъдтар шогирди яке аз устоҳои номдори оҳангарони тошкандӣ мешавад. Ин касби шарафмандро бо тамоми майлу хоҳиш омӯхта, худ ба дараҷаи устодӣ мерасад. Соҳиби ном, хонаю дар ва зану фарзанд мешавад. Худро аз он хушбахт меҳисобад, ки фарзанди яккаю ягонааш Шоҳаҳмад аз пайи падар рафта, номбардори ӯ мегардад. Дар артели оҳангарони ба номи Телман устои беҳтарин, сазовори иззату эҳтироми мардум мешавад.
Аммо баъди аз олам чашм пӯшидани падару модар дар зодгоҳаш – шаҳри азиму инқилобии Тошканд бо як сари қоқаш танҳо мемонад... Хешовандонаш ӯро ба деҳа, ба Бурҷимулло таклиф мекунанд. Ӯ чанд вақт дудила мегардад: аз як тараф обу хок ва дидори хешони ватани бобою падарӣ Шоҳаҳмади ҷавону ғамзадаро чун оҳанрабо ба худ мекашанд. Аз тарафи дигар, ӯ аз касби дӯстдошта, хонаю ҳавлии ободи падарӣ ва алалхусус аз меҳри гарми маҳбубаи азизу меҳрубонаш – Баҳрӣ дил канда наметавонад. Оқибат эҳсосоти дуюм ғолиб меояд ва Шоҳаҳмад бо Баҳрӣ хонадор шуда, аз ба Бурҷимулло рафтан даст мешӯяд...
(Давом дорад).