2. «ОВОЗИ ТОҶИК» – МИНБАРИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта).

Ин ҷарида, вақте ки интишор ёфт, ношири афкори Кумитаи фирқаи вилоятӣ  ва Кумитаи иҷрои вилояти Самарқанд буд. Баъд аз ташкил ёфтани ҷумҳуриятҳои миллӣ аз аввали соли 1925 ин ҷарида ношири афкори Бюрои ташкилоти фирқаи иштирокиюни Тоҷикистон ва Кумитаи Инқилобии Марказии Тоҷикистон буд. Тоҷикистон мехост, ки идораи ин ҷаридаро ба Душанбе кӯч диҳад. Баъзе аз тоҷикони ин ҷо аз Кумитаи Инқилобии Марказии Тоҷикистон илтимос карданд, ки идораи ин ҷарида дар Самарқанд монад, то барои умумии тоҷикони Осиёи Миёна хидмат кунад. Ба муҷиби ин илтимос Кумитаи Инқилобии Марказии Тоҷикистони мухтор  қарор дод, ки идораи ин ҷарида дар Самарқанд бимонад ва дарҷи ин ҷаридаро Ҷумҳурияти Ӯзбекистон таъмин кунад. Дар ҳақиқат он қарордодро Кумитаи иштирокиёни марказии Ӯзбекистон қабул кард ва аз якуми моҳи апрели соли 1925 то ба ин дам ба роҳбарӣ ва таъмини Ӯзбекистон ин ҷарида давом кард. Мо умедворем, ки дар оянда ин ҷаридаи мо ба тараққиёти олӣ ноил шавад. Зеро ки дар ин муддати андак тоҷиконро хеле аз хоб бедор кард, ки дар Душанбе ҳам ҷаридаи «Бедории тоҷик» қадам ба доираи интишор гузошт». («Овози тоҷик», №100 аз 6 сентябри с. 1926).
Ҳамин тариқ, идораи нашрия дар қароргоҳи нашрияи ӯзбекии «Зарафшон» таъйин гардид ва дар таърихи 25-уми августи с. 1924 нахустнашрияи миллии тоҷикон бо унвони «Овози тоҷик» (то шумораи нуҳум бо номи «Овози тоҷики камбағал») аз чоп баромад. Агар мардуми шаҳрнишин аз чӣ будани рӯзнома воқиф бошанд,  канортар аз он иттилоъ надоштанд. Бо мақсади муаррифии рӯзнома дар саҳифаи аввали шумораи 1-ум навиштаи устоди бузургвор Садриддин Айнӣ «Қавми тоҷик ва рӯзнома» ва мудири масъул Абдулқайюми Қурбӣ «Ҷарида чист?» ҷой дода шудааст. Баҳои ба рӯзнома  додаи устод Айнӣ машҳур асту ҳоҷат ба такрор надорад, аммо Абдулқайюми Қурбӣ мегӯяд: «Кадом қавме, ки ба лафзи худ ҷарида дорад, албатта, кораш дар тараққӣ аст, кадом қавме, ки ҷарида надорад, гунг аст, кар аст, бехабар аз авзои замон аст». 
Дигар аз равшанфикрони давр ва ҳамкори доимии рӯзнома Асадуллоҳи Кошонӣ низ бо робита ба ин дар мақолааш «Мужда ва табрик» менависад: «Рӯзнома забони миллат аст. Ҷарида оинаи ҷаҳоннамост. Рӯзнома муниси бекасону додраси мазлумон аст. Ҷарида мояи ҳушёрӣ ва боиси бедории халқ аст». («Овози тоҷик», №7 аз 6 сентябри с. 1924).
Нашри ягона рӯзномаи тоҷикиро натанҳо тоҷикони  қаламрави Иттифоқи Шуравӣ, балки кулли ҳамзабонони бурунмарзӣ низ бо хушҳолӣ ва дилгармӣ истиқбол намуданд. Дар андак муддат робита ва табодули мавод миёни идораи «Овози тоҷик» ва рӯзномаҳои форсизабони берунӣ  чун «Ҳаблулматин» (Ҳиндустон), «Ситораи Ирон», «Шафақи сурх», «Садои Шарқ», «Фикри озод», «Тӯфон», «Пайк», «Чаман», «Фарҳанг» (Эрон) ва ғайра ба роҳ монда шуд: «Нигоҳ ба маълумоти мухбирони мо дар Эрон рӯзномаи «Овози тоҷик» даст ба даст дар миёни ранҷбарон хонда мешавад. Ба зудӣ ин рӯзнома ҳам бо пучта ва ҳам даст ба даст дар он кишварҳои форсизабон нашр (паҳн) ва дар рӯзномаҳои Эрон аз рӯзномаи «Овози тоҷик» таърифу тақризҳо навишта шуд». («Овози тоҷик», №100 аз 6 сентябри с. 1926).
Дар саҳифаҳои «Овози тоҷик» маводи зиёде интихобан аз ин рӯзномаҳо низ ба табъ мерасид ва билъакс. 
Як нуктаи ҷолиб он аст, ки ҳамон солҳо яҳудиҳо дар тоҷикӣ кардани таълим ва кушодани мактабҳои нави тоҷикӣ аз хеш саъю талош нишон доданд. Фаротар аз ин барои худ ба забони тоҷикӣ рӯзномаҳою маҷаллаҳо таъсис доданд: «Дар ин рӯзҳо дар таҳти мудирию муҳарририи рафиқ Сайидзода, вакили миллати яҳуд рӯзномаи тоҷикӣ бо хати яҳудӣ (ибрӣ) ба номи «Рушноӣ» дар шаҳри мо (Самарқанд) ба интишор қадам гузоштаву то кунун 3 шумораи он нашр шудааст. Ин шумора дорои чаҳор саҳифа буда, ҳозир ҳафтае як бор нашр мешавад. Бародарони яҳудии мо, ки ба сабаби надонистани хати арабӣ аз хондани рӯзномаи форсӣ маҳрум буданд, инак ба нашри ин рӯзнома метавонанд аз олами матбуот  огоҳ бошанд. Мо рафиқ Сайидзодаро, ки чандин ҳазор писарони моро аз маҳрумияти матбуот халос намуда, ба ишон имкон дод, ки аз тадбиру қарорҳои ҳукумати ранҷбарон хабардор гарданд, ба ин хизмати муҳим табрик намуда, давоми ин рӯзномаро хоҳонем. Миллати тоҷик ҷой дорад ифтихор кунад, ки имрӯз бо нашри рӯзномаи «Рушноӣ» дорои се рӯзнома гаштааст. Албатта, тоҷиконро пас аз баланд кардани «Овоз» (манзур рӯзномаи «Овози тоҷик»)-и худу «Бедор» (рӯзномаи «Бедории тоҷик») кардани хуфтагон, барои фарқ додани роҳро аз чоҳ «Рушноӣ» ҳам лозим буда. Имрӯз  хушбахтона, миллати тоҷик ба он ҳам ноил шуд. Аз баракати вуҷуди Ҳукумати Шуроӣ дар миёни мо тафриқаи иронӣ, афғонӣ, ҳиндӣ, тӯронӣ ва яҳудӣ набуда, балки фақат миллати бузурги форсу тоҷик мавҷуд аст, ки ҳамагӣ ба забони ягона сухан мегӯянд». (Рустоӣ. «Рӯзномаи тоҷикӣ бо хати яҳудӣ». («Овози тоҷик», аз 10 декабри с. 1925, №72).
Бо нашри нахустшумораи «Овози тоҷик» миллати тоҷик  соҳиби беҳтарин василаи муаррифии хеш шуд. Аз шумораи дуюми рӯзнома сар карда, садои ӯ бо робита  ба таъсиси мактабҳои тоҷикӣ, таълими тоҷикӣ, таҳияю нашри китобҳои тоҷикӣ, ҳифзи  забону таъриху фарҳанг ва марзу буми аҷдодӣ баланд гардид. Аз ин ки сари вақт маблағгузорӣ намешуд, буҳрони молӣ ҳамеша рӯзномаро таҳдид мекард.  Ҳамин буд, ки он ҳафтае як маротиба ва бо теъдоди ҳамагӣ 2 000 нусха аз чоп мебаромад. Ҳол он ки мувофиқи маълумоти омор, тавре дар боло ишора шуд, нуфузи тоҷикон наздик ба ду миллион нафарро ташкил медод!
«Аз сабаби он ки мошина ва ҳуруфот ба нашри рӯзномаи «Зарафшон»  ва маҷаллаи «Машраб» (нашрияҳои ӯзбекӣ) банд буд, рӯзномаи «Овози тоҷик» натавонист сари вақт ба нашр расад».  («Овози тоҷик», №18 аз 25 феврали с. 1925). 
«Дар шумораҳои  собиқ аз хусуси бепулӣ ва тангии аҳволи ҷарида навишта будем. Бино ба ҳамон сабабҳо (нашри) ҷаридаи мо боз таъхир шуд. Бинобар он, ин шумораро ба шаш саҳифа бароварда шуд, то ки ба ҷойи ду шумора равад».  («Овози тоҷик», №46 аз 26 июни с.1925).
«Ба сабаби кӯчидани матбааи рӯзномаи «Овози тоҷик» аз ҷойи худ ба хонаи дигар ва табъ намудани тезисҳои Анҷумани дуюми фирқаи иштирокиюни Ӯзбекистон (дар дигар рӯзномаи ӯзбекӣ) рӯзномаи мо чанд рӯз таъхир карда, ва чанд рӯзи дигар ҳам таъхир хоҳад кард. Лиҳозо аз хонандагони ҷарида маъзарат мехоҳем».  («Овози тоҷик», №70 аз 19 ноябри с.1925).
«Имрӯз ҷашни қадам ба соли савум гузоштани ин ҷарида аст, вале шумораи он акнун ба сад расида. Чаро кам мунташир шудааст? Маълуми хонандагони ҷарида аст, ки мо доим аз хусуси буҳрони молии ҷарида шикоятҳо мекардем. Сабаб ҳамон аст».
Сироҷиддин ИКРОМӢ.
«Адабиёт ва санъат», 
22 августи соли 2024, № 33.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: