2. ҚИССАИ ҲОҶӢ

(Порае аз қисса)

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта).
(Порае аз қисса)
Моро бо як автобуси муҷаҳҳаз ба ҳутели «Замзам» бурданд. Медидам, ки ҳанӯз дар хонаҳои худ ҷойгир нашуда, ҳамсафарон бо бесабрӣ ба ҷое бедасту по ҳастанд. Ин бор ҳам Дарвеш мани ҳайратзадаро ҳушёр кард:
– Зуд бош, таҳорат гир, ба намози бомдод меравем!
«Сар шуд, – дар худ андешидам ман, – он чӣ, ки бароям ошно нест, як-як пеш меояд. Намоз... Шинухезҳое ҳаст, аммо ман аз куҷо донам?...»
– Чаро шах шудӣ, биҷунб, дер мешавад.
Хидматкорон ҳавои моро доштанд, борҳои калонамонро ба дохили ҳутел мекашонданд. Ду чашм ба онҳо дӯхта, ба Дарвеш базӯр ҷавоб додам:
– Ҳолам хуб нест, бародар, ман ҳамин ҷо мемонам.
– Худат медонӣ, – дар ҳоле, ки бо шитоб аз пайи ҳамроҳони дигар мерафт, гуфт Дарвеш. 
– Агар меомадӣ хуб мешуд, Масҷиди Набавӣ аз кӯча он тараф будааст, як қадам роҳ.
Ҳамин ҷо боз ҳиссае аз нақлҳои домуллоямон ба ёдам омад. Ӯ аз қавли пайғомбари Худо мегуфт, ки намози гузошта дар Масҷиди Набӣ баробар бо ҳазор намози масҷидҳои дигар аст, ба ҷуз Масҷид-ул-ҳарам, ки намоз дар он баробар бо сад ҳазор бошад. Ба ростӣ, аз ин гуфтаҳо чизеро дарк накардам.
Дар берун ҳавои гармсел мевазид. Домани сиёҳи шаб аз чароғҳои бешумори хиёбонӣ равшан мешуд. Барои ман ҳавои дохили ҳутел хуш омад, аз тариқи ҳавосозҳои сақфӣ сарду матбуъ буд. Каме дар роҳравҳои атрофи меҳмонхона қадам зада, дубора ба дохил даромадам. Азбаски сарвари гурӯҳамон ҳанӯз калиди утоқҳоро надода буд, наметавонистам ба хона дароям. Танҳо коре, ки аз дастам омад, ҷомадонамро аз миёни борҳои дигар пайдо кардам ва рӯ ба рӯйи меҳмондори ҳутел дар курсии роҳатӣ мунтазири ҳамсафарон нишастам.
Вақте ки рӯз даромаду хуршеди оламтоб аз шишаҳои баланди ҳутел ба нурпошӣ сар кард, гурӯҳи мо бо пешгомии домулло сару дӯш нишон доданд. Зану мард шоду хурсанд буданд, табассуму лабхандаҳои ҳар яке хеле муносиб бо либосҳои сапеди ҳоҷиёна ба  дилҳо фараҳ мебахшид. Бо дидани онҳо сари по хестам, ёрои пинҳон кардани хиҷолати худро надоштам, гӯё то буногӯш баданам ҷиззас мезад. Аммо касе ба ман таваҷҷуҳ накард, ҳама гӯшу ҳуш ба суханҳои домулло буданд, ки ӯ бо хушҳолӣ мегуфт:
– Бубинед, мо чӣ қадар одамҳои хушбахт ҳастем! Нахустин рӯзи сафарамон ба ҷумъаи муборак рост омад. Бидонед, ки намози ҷумъа ҳамчун ибодати  бузурги дастҷамъӣ боиси латиф кардани руҳу ҷон, шустани дил аз олудагиҳои гуноҳ ва зудудани маъсият аз қалб мегардад. Худованд ба касоне, ки намози ҷумъаро муҳим мешуморанд, савоби ҳақиқӣ ва доимиро иноят мекунад, – ӯ роҳравон ба сӯйи меҳмондор, илова кард: – Мо ҳоло василаҳои худро мегирем, дар хонаҳоямон ҷойгир мешавем, нағзакак ҳаммом карда, либосҳои тозаамонро мепӯшем ва вақти пешин ба масҷид мебароем. Намози ҷумъаамонро дар саҷдагоҳи паёмбар ҳамроҳ бо садҳо нафар муъмину мусалмоне, ки аз чор атрофи ҷаҳон омадаанд, мегузорем.
Юнуси ИМОМНАЗАР
(Давом дорад).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: