Президенти собиқи Перу ба 20 сол зиндонӣ шуд
Суди Перу таъкид менамояд, ки Президенти собиқи кишвар Алехандро Толедо дар ивази 35 миллион доллар ришва ба ширкати бразилиии “Odebrecht” барои гирифтани шартномаи давлатӣ барои бунёди шоҳроҳи пайвасткунандаи ду кишвар кумак кардааст. Толедо моҳи апрели соли 2023 аз ҷониби мақомоти ИМА дар Калифорния боздошта, ба ватан баргардонида шуд.