200 ДАСТГОҲИ НАФАСДИҲИИ СУНЪИИ ШУШ БА ӮЗБЕКИСТОН ФИРИСТОДА ШУД

Бинобар маълумоти сафорати Ӯзбекистон, 200 дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шуши (НСШ) арзишаш тақрибан 2,5 миллион доллар аз Иёлоти Муттаҳида ба кишвари мо фиристода шуд.

Бинобар маълумоти сафорати Ӯзбекистон, 200 дастгоҳи  нафасдиҳии сунъии шуши (НСШ) арзишаш тақрибан 2,5 миллион доллар аз Иёлоти Муттаҳида ба кишвари мо фиристода шуд.
Дастгоҳҳои НСШ дар доираи кӯмакҳои башардӯстона, ки моҳи июн аз ҷониби маъмурияти президент Доналд Трамп эълон шуда буд, интиқол дода мешаванд.
Масъалаи расондани ин таҷҳизоти тиббӣ бо мақсади мусоидат намудан ба саъю кӯшиш оиди мубориза алайҳи пандемияи коронавирус дар Ӯзбекистон  мавзӯи силсилаи машваратҳо дар Вашингтон бо намояндагони маъмурияти сарони Кохи сафед, Департаменти давлатӣ ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) буд.
Дастгоҳҳои пешниҳодшуда бо фармоиши махсус бо назардошти инфрасохтори техникии муассисаҳои тиббии Ӯзбекистон истеҳсол карда шудаанд. Аз рӯи хусусиятҳои худ, ин дастгоҳҳо барои терапияи интенсив ҳам дар шароити муолиҷаи статсионарӣ ва ҳам ҳангоми кашондан тавассути нақлиёти тиббии ҳавоӣ ё мошинҳои ёрии таъҷилӣ истифода мешаванд.
Таҷрибаомӯзони Донишгоҳи Калифорния, ки аз ин модели дастгоҳҳо истифода бурдаанд, самаранокии онро дар табобати шахсони бо COVID-19 сироятшуда, аз ҷумла дар марҳилаи вазнини беморӣ, вақте бемор наметавонад мустақилона нафас кашад, тасдиқ карданд. Ин дастгоҳҳо имкон медиҳанд, ки аз усулҳои гуногуни нафасдиҳии сунъии шуш ва нигоҳ доштани фаъолияти ҳаётии мизоҷон аз тифлон то беморони калонсол истифода шаванд.
Мувофиқи маълумоти сафорат, дастгоҳҳои аз ҷониби Амрико пешниҳодшуда  аз ҷониби Вазорати тандурустии Ӯзбекистон байни 62 муассисаи тиббии тамоми минтақаҳои кишвар тақсим карда мешаванд.

АИ «Дунё»,
ВАШИНГТОН
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: