24 ОИЛА ОШТӢ КУНОНДА ШУДАНД

Дар Андиҷон бахшида ба масъалаҳои бартарафсозии муаммо ва низоъҳои оилаҳои нотинҷ, пешгирии ҷудошавиҳо, оштӣ додани оилаҳое, ки ҷудо шудан мехостанд, тадбир рӯи кор омад.

Дар он вакилони кумитаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии занону духтарон, судҳо оиди корҳои шаҳрвандӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳалла, мутахассисон оиди кор бо занону духтарон ва таҳкими арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар оилаҳо, роҳбарони созмонҳои мутасаддӣ, аъзои оилаҳои низоънок ё хонадонҳое, ки дар вазъи ҷудошавӣ қарор доштанд, иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки дар мамлакатамон мустаҳкамсозии оилаҳо, таҳкими барқарории муҳити маънавии оила, ҳифзи модар ва тифл яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст.
– Набояд фаромӯш кард, ки оила, модар ва тифл таҳти ҳимояи давлати мо қарор гирифтааст, – мегӯяд муовини раиси Кумитаи занону духтарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Г.Маърупова. – Аз ин маъно, ба ҳифзи манфиатҳои оила, бартарафсозии муаммо ва низоъҳое, ки ба оилаҳо душворӣ меоранд, хусусан, пешгирии ҷудошавиҳо беҳуда эътибори алоҳида нигаронида намешавад. Мақсади асосии тадбири мазкур низ ба баланд бардоштани самаранокии корҳо дар ин самт нигаронида шудааст.
Дар тадбир видеофилме намоиш дода шуд, ки низоъҳои оилавӣ, норасоиҳо дар тарбияи фарзанд, ба парокандагии оилаҳо сабабшавии муносибатҳо байни модаршӯ ва арӯс, оқибати ин гуна ҳолатҳо дар он инъикос гардидааст.
Дар доираи тадбир аз ҷониби роҳбарони созмонҳои давлатию ҷамоатии дахлдор клуби сайёр ташкил карда шуд. Дар суҳбат бо вакилони оилаҳое, ки ба туфайли низоъҳо хавфи пароканда шудан доранд, дар таъмини мустаҳкамсозии оилаҳо бо овардани мисолҳои ҳаётӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуданд. Дар давоми суҳбат бисёр арӯсу домодҳо, модаршӯҳо хатои худро фаҳмида, баъд аз ин барои бо муросо зиндагӣ кардан ба як қарор омаданд.
Дар давоми клуби сайёр бо наздик 40 оилае, ки дар арафаи ҷудошавӣ қарор дошт, суҳбатҳо гузаронида, 24 оила оштӣ дода шуд. Муаммоҳое, ки як қатор оилаҳоро азият медоданд, дар ҷои худашон ҳал карда шуданд.

Ф.УБАЙДУЛЛОЕВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: