28 нафар нозирони дарозмуҳлати БИДҲИ-и САҲА аз рӯйхат гузаштанд

Ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихобот таҳти роҳбарии муовини раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Баҳром Қӯчқоров гузашт.

Ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихобот таҳти роҳбарии муовини раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Баҳром Қӯчқоров гузашт.
Аъзои комиссия аввал масъалаи ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Мувофиқи моддаи 44-уми Кодекси интихобот ташвиқоти пешазинтихоботӣ баъд аз рӯзи охирини ба рӯихатгирии номзадҳо оғоз меёбад. Рӯзи интихобот ва як рӯз пеш аз овоздиҳӣ ба ташвиқот роҳ дода намешавад.
Аз тариқи ройгон ё худ бо шартҳои имтиёзнок – додани молҳо, хидматрасонӣ (ғайр аз хидматҳои иттилоотӣ), ҳамчунин бо додани маблағҳои пулӣ якҷо ба роҳ мондани ташвиқот дар байни интихобкунандагон манъ аст. Паҳн кардани ахбори нодуруст, ҳамчунин маълумоте, ки шаъну шараф ва қадру қимати номзадҳоро паст мезанад, манъ карда мешавад. 
Дар ҷамъомад қайд шуд, ки мувофиқи қарор дар бораи ташвиқоти пешазинтихоботии Комиссияи марказии интихоботӣ дар бораи номзадҳо ба Президентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба президентӣ аз 20 сентябри соли 2021 оғоз меёбад.
Ҳамчунин бинобар қарори мазкур ҳаҷм ва фурсати намоиш дар Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, шабакаҳои маҳаллии телевизионӣ ва радиоӣ, масоҳати интишор, ки барои рӯзномаҳои «Янги Ӯзбекистон», «Правда Востока», «Халқ сӯзи», «Народное слово», «Овози тоҷик», «Нурлы жол» ва рӯзномаҳои маҳаллӣ ба тариқи ройгон ҷудо карда шудаанд, тасдиқ гардиданд.
 Дар доираи вақти намоиш ва масоҳати интишороти ройгон, ки дар давраи ташвиқоти пешазинтихоботӣ барои расонаҳои ахбори оммавӣ ҷудо карда шуданд, баҳри баромади ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба Президентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешаванд.
Дар барномаҳои ахбор ва маводи дигари иттилоотӣ ҳангоми равшан кардани чорабиниҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба Президентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба равандҳои баробарӣ риоя карда мешавад.
Мувофиқи моддаи 46-уми Кодекси интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон асосан дар расонаҳои ахбори оммавии давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои ҳизбҳои сиёсӣ, ба номзадҳо ба президентӣ ба ивази подош ҷудо кардани вақти намоиш ё худ масоҳати интишор имконпазир аст.
Хидмати матбуоти Маркази матбуоти Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар масъалаҳои коммуникатсияҳои оммавӣ якҷо бо марказ мониторинги ташвиқоти пешазинтихоботиро амалӣ менамояд. Натиҷаҳои мониторинг ҳар рӯз ба Комиссияи марказии интихоботӣ тақдим карда мешаванд.
Дар ҷамъомад ҳамчунин масъалаи номнавис кардани нозироне, ки дар Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз созмонҳои байналхалқӣ иштирок мекунанд, баррасӣ гардид. Мувофиқи қарори Комиссияи марказии интихоботӣ 28 нафар нозирони дарозмуҳлати Бюрои идораҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон (БИДҲИ)-и Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) аз рӯихат гузаронда шуданд.
Рӯйхати боз ҷамъ 32 нафар намояндаи 7 расонаҳои ахбори оммавии маҳаллӣ, ки ба Комиссияи марказии интихоботӣ расидааст, аз аккредитатсия гузаронда шуд. Ҳамин тариқ, миқдори вакилони расонаҳои ахбори оммавии маҳаллӣ ва хориҷие, ки аз аккредитатсия гузаштаанд, ҷамъ ба 962 (48 нафарашон аз хориҷа) нафар расид.

Нурилло НАСРИЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: