3. МАЪРУФТАРИН ПИРИ ОЛАМИ ИСЛОМ

(Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта).

ТАЪЛИМОТ

Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, ки нияти ислоҳ кардан ва густариш додани тариқати хоҷагонро дошт, зикри хафиро, ки асосгузори ин тариқат Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ ҷорӣ карда буду дертар аз ҷониби пирони дигари силсилаи хоҷагон ба зикри ҷаҳрӣ табдил дода шуда буд, аз нав барқарор менамояд. Ҳамчунин ӯ амалиёти хилват ва самоъро барҳам зада, хилвати ботинӣ (дар зоҳир бо халқ будан, дар ботин бо Ҳақ будан)-ро тарғиб менамояд, ба ҳашт рашҳаи Юсуфи Ҳамадонӣ ва Абдухолиқи Ғиждувонӣ се рашҳа илова мекунад. Таълимоти Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд иборат аст аз:
1. Шариат ва суннат. Асоси таълимоти Баҳоуддини Нақшбандро, дар навбати аввал, риояи қатъӣ ба шариат, рафтан ба дунболи суннати пайғамбар (с.а.в.) ва парҳез аз ҳар гуна бидъат ташкил медиҳад. Баҳоуддини Нақшбанд тариқати худро иборат аз урват-ул-вусқо (дастаки мустаҳкам), яъне рафтан ба дунболи шариати пайомбар (с.а.в.) ва бо роҳи саҳобагон медонад. Ёдрас менамояд, ки ба ин тариқат тавассути қабули шариат ва амал ба суннатҳои расулуллоҳ (с.а.в.) метавон расид.
2. Сайру сулук. Баҳоуддини Нақшбанд дар таълимоти худ, ҳарчанд оиди аз кадом зинаҳо иборат будани сайру сулук чизе нагуфтааст, аз фикрҳои дар ҷойҳои гуногун ифода намудаи ӯ метавон чунин натиҷа гирифт:
Иродат. Аз нигоҳи Баҳоуддини Нақшбанд иродат – ҷараёни таслим (тобеъ)-и муриде ба муршиде ва тарки ихтиёр (аз баҳри ихтиёри худ баромадан)-и ӯст. Дар ин маврид мурид бино ба қоидаи «иродат дар иродат аз баҳри иродат баромадан» иродаи худро тобеи иродати муршид месозад. Мурид бояд ба муршид тамоман тобеъ гардад, аз хати кашидаи ӯ берун наравад.
Зинаҳои сайру сулук. Тавре Алоуддини Аттор изҳор доштааст, муридон дар ҳузури Баҳоуддини Нақшбанд баъди тай намудани зинаҳои муроқабат – адам (нестӣ) – фано (фано гардидан) аз худ фано гардида, ба Ҳақ мерасиданд. Сӯфиён дар назди Баҳоуддини Нақшбанд ба се табақаи аз поин болораванда ё ба се дараҷаи зерин ноил мегардиданд: 1. Муқаллидон; 2. Комилон; 3. Мукаммалон. Дар ин се дараҷа муқаллид ба шунидааш амал мекунад, комил аз вуҷуди худ наметавонад берун рафтан, мукаммал дар сатҳи комилро тарбиякунанда қарор мегирад ва комил бе тарбияи мукаммал ба камол расида наметавонад. 
Мақсад аз сайру сулук. Аз нигоҳи Баҳоуддини Нақшбанд мақсад аз сайру сулук маърифати иҷмолӣ (дониши кӯтоҳу умумӣ дар бораи зоту сифати Худо)-ро ба маърифати тафсилӣ (дониши батафсил ва васеъ дар бораи зоту сифати Худо) табдил додан аст. Агар дигар хел ифода кунем, мақсад аз сулуке, ки бо иродат тавассути зинаҳои муайянро гузаштан ба амал татбиқ мегардад, маърифат мебошад. Сӯфии ба мақоми маърифат расида ориф номида мешавад. Зеро ориф сӯфиест, ки дар роҳи расидан ба Худо ному сифат ва хусусиятҳои ӯро пурра аз худ менамояд. Баҳоуддини Нақшбанд ба солики дар роҳи сулук бамақсадрасида чунин таърифро арзонӣ доштааст: «Баъди ба дараҷаи камолот расидани солик фарқ дар байни забону дили ӯ намемонад, яъне амалҳои зоҳирии ӯ садди роҳи амалҳои ботиниаш намегарданд. Дар ҳамон сурат ба онҳо рухсат дода мешавад, ки одамонро ба сӯйи Ҳақ субҳонаҳу таоло даъват намоянд. Дараҷаи ба камол расидани солик он аст, ки ба ҳолати фано афтода, ба мақоми ҷазба – дараҷаи сайр филлоҳ (сайр дар Аллоҳ) расида бошад. Ӯ баъди давр задан дар ҷое, ки ҷазбаи илоҳӣ рӯй медиҳад, ҷазбаи ботиниро ба кор бурда, дигаронро ба тасарруфи худ дароварда метавонад, зеро ин тасарруфи ӯ дар асл тасарруфи Ҳақ субҳонаву таолост».
Ҳосили сайру сулук. Яке аз нишонаҳои асосии орифӣ, ки ҳосили сайру сулуки Баҳоуддини Нақшбанд мебошад, ин аст, ки фарқи ориф аз онҳое, ки ба дараҷаи орифӣ нарасидаанд дар он мебошад, ки вай ба се ҳолати зерин: муроқабат, мушоҳадат ва мусоҳабат афтода метавонад. Аз нигоҳи ӯ муроқабат – тавассути тамоми фикру хаёл ва диққату эътиборро ба Аллоҳ ҷалб кардан, ба ҷуз Ӯ ҳама чизро фаромӯш кардан, мушоҳадат – бо чашми дил чизҳои ба олами ғайб дахлдорро дидан, мусоҳабат – сарҳисоб кардани ҳар як лаҳзаи умри пуштисаргузошта мебошад.
Яке аз натиҷагириҳои дигари сайру сулуки Баҳоуддини Нақшбанд эътибор ба валигист. Бино ба гуфтаи ӯ, валӣ шахсест, ки аз баъзе ҳолатҳои ғайбӣ огоҳ аст ва қобилияти каромат нишон додан дорад. Ӯ набояд аз ин хусусиятҳои худ мағрур гардад, кори ӯ эътибори бештар ба бандагист. Аз нигоҳи Баҳоуддини Нақшбанд шахсе, ки одамони дигарро ба тасарруфи худ дароварда метавонад, ӯ ба шариати пайғамбар (с.а.в.) ҳар қадар бештар бастагӣ пайдо мекунад, валигиаш ҳамон қадар бештар ошкор хоҳад шуд. Баҳоуддини Нақшбанд таъкид менамояд, ки валиён бояд валигии худро дар ҷойи даркорӣ зоҳир намоянд: «Каромати шайх танҳо барои ба боварии мурид афзудан зоҳир магардад».
3. Зикр. Зикр мисле ки дар ҳамаи тариқати хоҷагон ҳаст, дар таълимоти Баҳоуддини Нақшбанд низ мавқеи марказиро ишғол кардааст. Аз нигоҳи ӯ моҳияти зикрро аз майдони ғафлат (Худоро ёд кардан) ба майдони мушоҳадат (бо чашми дил дидани Худо) гузаштан ташкил медиҳад. Баҳоуддин ёдрас кардааст, ки талқини зикр, яъне қоидаи ворид шудан ба зикрро аз Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ омӯхтааст.
Баҳоуддини Нақшбанд ба аҳамияти зикри ҷаҳрӣ, ки аз давраи пири сеюми силсилаи хоҷагон – Хоҷа Маҳмуди Анҷирфағнавӣ то давраи шашуми силсилаи мазкур – Сайид Амири Кулол ба кор бурда шудааст, барҳам дода, зикри хафиро аз нав ҷорӣ менамояд.
Тавре ки дар манбаъҳо оварда шудааст: Сайид Амири Кулол ҳарчанд зикри ҷаҳриро худ ба кор бурдааст, вале ба корбурди зикри хафӣ аз ҷониби Баҳоуддин эътироз баён накарда, гуфтааст: «Ҳар як кори Баҳоуддин аз рӯйи ҳикмати Худост. Бино ба эътиқоди Баҳоуддини Нақшбанд, зикри хафӣ ба кас бобати огоҳ шудан аз сирри худ кумак мерасонад. 
4. Рашҳаҳо. Тавре ки дар боло қайд шуд, таълимоти хоҷагон-нақшбандия аз ёздаҳ қоида – рашҳаҳот (қатраҳо) иборат аст, ки чаҳортои аввали он – ҳуш дар дам, назар бар қадам, сафар дар ватан ва хилват дар анҷуман аз ҷониби Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ, чаҳортои дигари он – ёдкард, бозгашт, нигоҳдошт ва ёддошт аз ҷониби Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ таълиф шудаанд, вале маҳз Ғиждувонӣ ин ҳашт рашҳаро яклухт тасниф намудааст. Баҳоуддини Нақшбанд, дар баробари барқарор намудани таълимоти Абдухолиқи Ғиждувонӣ, онро такмил дода, се рашҳаи дигар – вуқуфи ададӣ, вуқуфи замонӣ ва вуқуфи қалбиро илова менамояд. Яъне теъдоди рашҳаҳоро ба ёздаҳто мерасонад. Вале қоидаи вуқуфи ададӣ аз Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ боқӣ монда, онро ба ӯ Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ омӯхтааст. Бино ба фикри Баҳоуддини Нақшбанд, вуқуфи ададӣ барои ворид шудан ба илми ладунӣ, вуқуфи замонӣ барои аз ҳоли худ ҳамеша хабар гирифтан, вуқуфи қалбӣ бошад, барои дар худ таъсири ҷазбаро ҳис кардан ва дар қалб ҷо кардани он аст.
Баҳоуддини Нақшбанд ба рашҳаҳои пеш аз худ ҷоригардида аҳамият додааст. Ӯ, аз ҷумла, дар баробари рад кардани амалиёти хилват дар таълимоти тасаввуфе, ки то вай вуҷуд дошт, сафар дар ватан ва хилват дар анҷуманро чун рашҳаҳое қабул кардааст, ки асоси таълимоташро ташкил медиҳанд. Зеро Баҳоуддини Нақшбанд, ки бар зидди таркидунёӣ ва гӯшанишинии зоҳирӣ мубориза мебурд, бо меҳнати худ рӯз гузаронданро тарғиб менамуд, дар сафар дар ватан сафари сӯфиро бо олами ботинӣ – олами рӯҳ медид, аз нигоҳи ӯ хилват дар анҷуман ҷисман дар ҳузури одамон, вале рӯҳан бо Худо будани сӯфиро ифода мекард. Баҳоуддини Нақшбанд бар он аст, ки солик набояд ақидаи тарки дунё ва гӯшанишиниро бипазирад, вай бояд дар байни одамон бо касбу коре машғул шавад, вале Худоро ҳеч гоҳ аз ёд набарорад, фикру хаёлаш бо Худо банд бошад.
5. Тасаввуфи фаъоли иҷтимоӣ. Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд аз пайи Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ, ки зидди тарки дунё ва гушанишинӣ буд, меравад ва пайравони худро даъват мекунад, ки аз баҳри хилват баромада, роҳи суҳбатро пеш гиранд. Ба ин маънӣ мегӯяд: «Роҳи мо суҳбат аст. Зеро хилват ба шуҳрат меафзояд, шуҳрат бошад, офат аст. Некӣ дар байни бисёриҳост, суҳбат халқи бисёрро ташаккул медиҳад. Ҳамчунин, ӯ таъкид менамояд, ки сӯфӣ бояд мисли Ғиждувонӣ на аз ҳисоби дигарон, балки аз ҳисоби меҳнати ҳалол рӯз гузаронад. Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, аз ҷумла, ба сӯфиён мегӯяд: шарт нест, ки барои сӯфӣ шудан шумо гӯшанишин шавед ва тарки дунё кунед. Ва пайравонашро ба машғул шудан бо меҳнати фаъоли иқтисодӣ даъват намуда, қоидаи «Дил ба ёру даст ба кор»-ро ба миён мегузорад.

ХАЛИФАҲО

Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Хоҷа Алоуддини Аттор (ваф. 1400), Хоҷа Муҳаммади Порсо (1348-1420), Хоҷа Яъқуби Чархӣ (ваф.1447) ва Хоҷа Алоуддини Ғиждувонӣ (ваф. 1448) аз ҷумлаи халифаҳои машҳури ӯянд. Тавре ки дар «Мақомоти Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд» ва «Рашаҳот айн-ал-ҳаёт» оварда шудааст, Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд пеш аз вафоти худ роҳбарии тариқатро ба Хоҷа Муҳаммади Порсо супорида, пайравонашро даъват менамояд, ки аз дунболи ӯ раванд.
Абдулғафур Раззоқи 
БУХОРӢ,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро.

Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими калони Институти шарқшиносии ба номи
Абурайҳони Берунӣ, доктори улуми таърих.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: