3. ОДАМИ БЕМАРГ

(Ҳиссае аз қиссаи воқеӣ)

Теша РАҶАБ

3. ОДАМИ БЕМАРГ
(Ҳиссае аз қиссаи воқеӣ)


(Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта).

Аввалҳои зимистони соли 1942. Дар ватани азизамон ҷанги хонумонсӯз давом дошт. Фашистони хунхор бисёр шаҳру деҳаҳои моро забт карда, ба дили мамлакати Советӣ – Москва торафт наздик мешуданд. Ҳукумати Советӣ дар шароити ниҳоят душвор аз шаҳру деҳоти аз дасти душман валангоргаштаи сарзамини русҳо, белорусҳо, украинҳо, молдованҳо ва халқҳои ҷумҳуриҳои назди Болтиқ, занону кӯдакон ва муйсафедонро ба ақибгоҳ – ба хоки Осиёи Миёна мекӯчонд. Ба қавле, қаторҳо шабу рӯз дар рафтуо буданд. Он солҳо хусусан шаҳри  овозадори Тошканд – шаҳри нондор ва паноҳгоҳ ном гирифта буд. Зеро он ҳамаи ятимони хурдсол ва  муйсафедони барҷомондаи аз зарбаҳои рӯзгори замони ҷанг ба танг омадаро ба таги қаноти худ гирифта, ғамхорона парасторӣ мекард. 
Дар ҳамин замони аз ҳар ҷиҳат тангдастию пурошӯб, ки бисёр падару модарон фарзандони ҷигарбанди худро дар рӯзгорашон ғунҷонида натавониста, бо оби дидаю дили пурхун ба сағирахона медоданд, Шоҳаҳмади оҳангар бо ҳамсараш Баҳрӣ ятимонро бо меҳру муҳаббати гарм ба фарзандӣ қабул мекарданд...
– Чаро? Магар онҳоро чизе, ё худ касе маҷбур мекард? 
Ба ин саволҳои хонандаи нуктасанҷ ман метавонистам хеле муфассал ва бо ҳазору як обу ранги бадеӣ, бофтаҳои зебою ҳақиқӣ аз рӯзгори падархондам посух диҳам. Аммо ман инро салоҳ намедонам. Зеро, дар даст ҳуҷҷати нодире дорам, ки он худ достони безаволест дар васфи накӯкорӣ ва меҳру шафқати Ҳазрати Инсон! Ин ҳуҷҷат – баромадаи охирини падархондам Шоҳаҳмад Шоҳмаҳмудов дар соли 1969 дар яке аз вохӯриҳои сершумори ӯ бо сокинону ҷавонони шаҳри  азизаш Тошканд мебошад ва то ба имрӯз дар ҳеч куҷо дарҷ нагардидааст. Ва имони комил дорам, ки ба саволҳои хонанда пурра ҷавоб медиҳад.
Инак, он ҳуҷҷат – достони ёдгору табаррукӣ:
«Дӯстон! Лутф фармоед, шумо, иштирокчиёни ин ҷамъомадро аз ҷониби аҳли оилаам, аз номи ҳамаи фарзандонам саломи гарму ҷӯшон расонам. Ва инчунин ба шумоён ва аҳли оилаҳоятон тансиҳатӣ, бахту саодат орзу кунам. Ба корҳоятон ба нафъи Ватани кабирамон пешравиҳои барҷаста хоҳонам.
Дӯстон! Ҳар як падару модар худ мураббист. Пеш аз ҳама мураббии фарзандони худ. Дар ин боб ману ҳамсарам Баҳрихон каме таҷриба ҳосил кардем. Албатта, таҷрибаи мо ғайриоддист, зеро фарзандони калону тарбия кардаи мо  ба миллатҳои мухталиф тааллуқ доранд: мо 16 нафар кӯдакони бепарастормондаро фарзанд хонда, ба воя расондем. Ана барои чӣ «таҷрибаи мо ғайриоддист» гуфтам ман.
Акнун рухсат диҳед, шумоёнро бо фарзандонамон шинос кунам. Танҳо ҳаминро аниқ гуфтаниам, ки 13 нафари онҳо дар солҳои 1942-1943, яъне дар солҳои басо вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 3 нафари дигарашон дар солҳои 1952-1962 ба фарзандии мо қабул карда шудаанд:
1. Рафиқ, миллаташ тотор, 40-сола, маълумоташ олӣ, узви КПСС, дар шаҳри Ангрен инженер шуда кор мекунад, зан ва 4 фарзанд дорад.
2. Юлдош, яҳудӣ, 30-сола, маълумоташ олӣ, узви КПСС, дар шаҳри Қарағанда инженер шуда кор мекунад, зан ва 2 фарзанд дорад.
3. Эргаш, яҳудӣ, 40-сола, маълумоташ миёна, бепартиявӣ, дар шаҳри Тошканд коргари қаторӣ, зан ва 2 фарзанд дорад. 
4. Холида, молдаванзан, 29-сола, маълумоташ миёнаи нопурра, бепартиявӣ, коргарзани фабрикаи дӯзандагии шаҳри Тошканд, шавҳар ва фарзанд дорад. 
5. Ҳабиба, русзан, 30-сола, маълумоташ миёна, бепартиявӣ, коргарзани фабрикаи пойафзори шаҳри Тошканд, шавҳар ва 3 фарзанд дорад.
6. Вова, рус, 29-сола, маълумоташ миёна, бепартиявӣ, коргари заводи экскаватори шаҳри Тошканд, зан ва фарзанд дорад.
7. Қорабой, ӯзбек, 29-сола, маълумоташ миёна, бепартиявӣ, дар шаҳри Тошканд устои оҳангар шуда кор мекунад, ҳоло муҷаррад аст.
8. Неъмат, ӯзбек, 27-сола, маълумоташ миёна, бепартиявӣ, дар заводи чарми шаҳри Тошканд коргар аст, зан ва фарзанд дорад.
9. Раҳматулло, тотор, 25-сола, модарашро ҷустуҷӯ карда ёфт ва ҳамроҳаш зиндагӣ мекунад, ҳоло муҷаррад аст.
10. Шуҳрат, рус, 25-сола, маълумоташ миёна, дар заводи мошинсозии шаҳри Тошканд коргари қаторӣ мебошад, зан ва фарзанд дорад.
11. Самут, чуваш, 24-сола, дар мактаби шабона мехонад, ҳоло муҷаррад аст.
12. Ҳакима, ӯзбекдухтар, 15-сола, хонандаи мактаб, ҳангоми ба фарзандӣ қабул карданамон ҳамагӣ якмоҳа буд.
13. Ҳалима, қазоқдухтар, 21-сола, ҳангоми ба тарбия ва парасторӣ гирифтанамон чормоҳа буд, шавҳар ва фарзанд дорад.
14. Улуғбек, ӯзбек, 20-сола, маълумоташ миёна, дар ошхонаи «Анҳор» ошпаз аст, ҳоло муҷаррад мебошад.
15. Ҳамидулло, украин, 31-сола, маълумоташ миёнаи нопурра, дар шаҳри Тошканд устои бинокор аст, зан ва 4 фарзанд дорад.
16. Муаззама, ӯзбекзан, 30-сола, маълумоташ миёнаи  нопурра, соҳибхоназан, шавҳар ва 4 фарзанд дорад.
Ҳамидулло ва Муаззама якдигарро дӯст дошта, хонадор шуданд. Ҳоло дар шаҳри Тошканд зиндагӣ карда, соҳиби чор фарзанданд.
Чаро мо ятимонро ба фарзандӣ қабул кардем? Чӣ моро водор кард? 
Гумон дорам, ки ҳамаи иштирокчиёни ин вохӯрӣ ба ҷавоби ин саволҳо таваҷҷуҳи зиёде доранд. Бинобар он ман кӯшиш мекунам, ки ҷавобҳоям аниқ, кӯтоҳ ва аз ҳар ҷиҳат фаҳмою мароқангез бошанд. 
Дар солҳои Ҷанги Бузурги  Ватанӣ бисёр шаҳру деҳоти қисми европоии мамлакатамонро фашистони одамхӯр забт ва мӯйсафедон, занону кӯдаконро ҳам бераҳмона қир мекарданд. Аз ин рӯ, аз соли 1942 сар карда, бисёр кӯдакони бепарастор ва ятиммондаро ба ақибгоҳи дурдаст – Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Ӯзбекистон мефиристонданд. Ҳамон солҳо ман дар артели ба номи Телмани шаҳрамон устои оҳангар будам. Дар ҳамин артел қатори ман ҳамсарам Баҳрӣ Акрамова низ 18 сол боз кор карда меомад. 
Аз ба Тошканд овардани кӯдакони бекасу кӯй огоҳӣ ёфта, ману ҳамсарам қарор додем, ки якчанд нафари онҳоро ба фарзандӣ гирем. Бо ҳамин мақсад ман ба сағирахонаи шаҳр рафтам. Кӯдакони масъум дар як кунҷи хонаи калон мисли гунҷишкони паррехта сарҷамъ шуда, гӯё ҳар кадом ба ҳамдигар аз доғи рӯзгори талхаш ҳикоят мекард. Чашмони онҳо бо сӯзу гудоз ба ман нақл мекарданд, ки ҳар кадомаш падару модари азизашро беандоза пазмон шудааст...
Мураббии сағирахона ба ман таклиф кард, ки аз байни онҳо беҳтаринашро интихоб карда, ба худ барам. Ман бошам, тамоман баръакси гуфтаи ӯ рафтор кардам. Яъне писарчаи аз ҳама қутпарида, харобу лоғар ва ваҳшатзадаро интихоб кардам. Ҳангоме ки ману ӯ  аз дари сағирахона мебаромадем, писарчаи дигаре тозон омада, худашро ба бағали ман андохта, бо оби дидаи шашқатор тавалло кард: «Амак, амакҷон... маро ҳам бо худ гиред. Ман гапи шуморо гӯш мекунам, ёрӣ мерасонам, ҷон амакҷон!» Ин суханони писарчае, ки ҷанги хонумонсӯз ӯро аз меҳру шафқати падару модари азизаш маҳрум гардонда буд, то ҳанӯз дар гӯшҳоям садо медиҳанд... Ман ба вай ваъда додам, ки худи пагоҳ омада ӯро ҳам ба хонаам мебарам. Ва ба қавлам вафо кардам. Ӯ писари ман шуд.
Бо ҳамсарам маслиҳат карда, аз сағирахона боз се нафар ятимонро ба фарзандӣ қабул кардем. Ҳамин тавр, дар он солҳои душвор мо соҳиби 13 нафар фарзанд гаштем. Акнун дар назди мо вазифаи басо масъулиятнок меистод: кӯдаконро аз касалиҳо ҳифз намудан, бо хӯроку пӯшок таъмин кардан, хонондан, бо меҳру шафқат ба воя расондан ва ғайра. Масалан, ҳангоми Раҳматуллоро аз сағирахона гирифтан аҳволу тансиҳатиаш чунон бад буд, ки ҳатто духтурҳо ба зинда монданаш бовар надоштанд. Вале ғамхорӣ ва меҳру шафқати мо ӯро ба по хезонд, аз мурдан раҳо кард.
Ман ва ҳамсарам Баҳрихон кӯдакони бегонаро фарзанд хонда, имони комил доштем, ки бо ин рафтори худ ба Ватани азизамон кумак мекунем, вазифаи муқаддаси инсониро нисбат ба бародарони азияткашидаи русҳо, украинҳо, белорусҳо ва дигар халқҳои бародар андаке бошад ҳам, адо мекунем.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: