3. ҚИССАИ ҲОҶӢ

Юнуси ИМОМНАЗАР

(Порае аз қисса)
(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
Ҳамин ки домулло аз суханронӣ бозистод, Дарвеш гуфт:
– Дар ҳақиқат, Худованд намози ҷумъаро бар мо воҷиб кардааст, инро расули акрам дар яке аз хутбаҳояш ошкор намуда...
Домулло бо иштиёқи бештар ба сухани худ идома дод:
– Оре, ҳамин тавр. Паёмбари гиромӣ фармуда, ки ҳар кас ин намозро дар ҳаёти ман ё пас аз вафоти ман сабук шуморида ва инкор карда раҳо созад, Эзид ӯро парешон кунад ва ба кораш баракат надиҳад. Бидонед, намозаш пазируфта намешавад! Бидонед, закоту рӯзааш қабул намегардад! Бидонед, ҳаҷҷаш мабрур нест! Бидонед, корҳои неки ӯ писандида ва пазируфта нахоҳад шуд!
Ин таъкидҳо гӯё чун хору тир бар қалбам мехалиданд. Ба гумонам, ҳама суханони домулло ба сӯйи ман равона аст. Сарам хам, тавонам кам, ба зиқиам тангии дам зам шуд. Адами маърифати динӣ чун ҳалқаи таранг гулуямро мефишурд...
То вақти пешин мисли калобаи беҷон аз пайи Дарвеш гаштам. Бо ҳам дар як утоқ ҷойгир шудем. Ҳар коре мекард, ман низ онро анҷом медодам, дигар чорае корагар ба назарам наменамуд. Дар мағзам фақат як андеша буд: аз чолаи таку танҳоӣ бояд роҳи наҷот ҷуст!
Ниҳоят, хабар доданд, ки ҳама дастҷамъ ба намози ҷумъа меравем. Ба Дарвеш, ки комилан либоси покиза пӯшида, зери забон дуоҳое хонда, ба кашу гардани худ мушки анбар мезад, худро бемор вонамуд карда гуфтам:
– Ҳолам хуб нест, ман намеравам.
Дарвеш ногаҳон чашмонашро мисли пиёла кушода, бо ҳайрат ба ман рӯ овард.
– Рафиқ, ин чӣ мунофиқӣ аст?! – умедаш наомада бо зарда гуфт ӯ. – Маълум, ки сари ҳолӣ, ин саркашиҳо барои чӣ?
Аз он, ки калимаи намозро шунида баданам ба ларза меомад ва худро ноҳинҷор ҳис мекардам, бо забони гирифта афзудам:
– Хоҳиш мекунам... маро танҳо гузор...
Дарвеши ҳайратзада лаҳзае гаранг монд. Аз хаёлаш чиҳо мегузашт – фақат ба худаш аён. Якравии маро дида, лоилоҷ даст афшонду рафт.
Ба ин минвол, гурӯҳи мо намозҳои асру шому хуфтани он рӯз ва субҳи дигар намози бомдодро низ ба иттифоқи ҳам дар Масҷиди Набӣ гузошта омаданд. Дар роҳравҳо, дар зинапояҳо, дар ошхона – ҳар куҷо онҳоро медидам, бениҳоят шоду масрур буданд. Пайваста аз лутфу марҳамати Худованди бузургу меҳрбон ҳарф мезаданд, шукронаҳо мегуфтанд. Аз он меболиданд, ки бо инояти Ҳақ ба зиёрати Равзаи пок, ба тавофи марқади Ҳазрати Муҳаммад Мустафо салаллоҳу алайҳи вассалом расидаанд ва ниёишу саҷдаҳои худро дар намозгоҳи бузурги он ҳазрат гузоштаанд.
Ман бошам, тайи ин муддат танҳо будам. На Худоро мешинохтам, на ёрони ҳамсафарро. Бароям на Равзаи мутаҳҳара маънӣ дошт, на марқади расул. Дар хона намонда, дӯконҳои атрофи ҳутелро давр зада баромадам, ба як дӯкон чандин бор сар задам. Бо ин ҳол, сари зиққиам намешикаст, аҳёнан дилам ҳавл меовард, буғзе гулуямро мегирифт. Ҳавои дамгири Мадина бештар маро пакар мекард, худ аз худ асабонӣ мешудам. Панҷаҳоямро мушт карда ба зонуҳоям, ба шақоиқам мезадам. Бехаёл, занамро нафрин мекардам: «Мӯйдарози ақлкӯтоҳ, маро ба чӣ ҳол афкандӣ?! Маро ба чӣ гӯре фиристодӣ?!»...
Бо ин ҳол, ба гурӯҳамон пайвастам. Рӯзи дигар, пас аз чойи субҳ ҳама дар назди ҳутел савори автобус шудем. Домулло эълон кард: 
– Мо ба зиёрати қабристони Уҳуд меравем!
Автобуси қоматбаланд, ки бар хилофи гармию гирифтагии фазои берун ҳавои сарди дилосое дошт, бе сарусадои гӯшгир ором ба роҳ баромад. Аз пушти шишаи он манзараҳои монанд ба ҳамдигар – имороти чор-панҷошёна, ки аксаран бо рангҳои хокиву хокистарӣ рӯнамоӣ мекарданд, дарахтони нахл, аҳёнан кӯҳу теппагиҳои начандон баланд бо пӯшиши сангу шахҳои сиёҳ, ки бо нури офтоб ҷило медоданд, ба дид мерасиданд. Ҳамхонаам Дарвеш дар паҳлуи ман менишаст, пайваста ҳавои маро дошт, аз муомилаю ҳаракатҳояш пайдо буд, ки хеле мехоҳад мани «кавдану лаванд» низ доимо дар гурӯҳ бошам. Ба хотири дилгармӣ доштанам ба ин зиёрат мегуфт:
– Уҳуд номи риштакӯҳест, ки дар шимолу шарқии Мадина, дар минтақаи Ҳиҷоз қарор дорад. Мегӯянд, аз Масҷиди Набавӣ то он ҷо панҷу ним километр фосила аст. Чун Мадина бо мурури замон васеъ мегардад, ин баландиҳо дар дохили шаҳр мемонанд. Кӯҳҳои Уҳуд дар асл аз сангҳои азим ва қуллаҳои гуногуни хурду калони аз ҳам ҷудо шакл гирифтаанд, ки ба назари бинанда ҳамчун хӯшаи ангур ва бештар бо ранги сурх ҷилва мекунанд. То баландтарин қуллааш аз сатҳи дарё ҳазор метр аст...
Ба домани Уҳуд хеле зуд расидем. Дар ҳоле, ки шиками калони тӯрбамонанди худро ба дарун кашида, бо поҳои кӯтоҳ базӯр мефуромадам, «хӯшаи ангур»-ро дар зеҳнам тасаввур карда, аз Дарвеш пурсидам:
– Мо дар ин кӯҳ чиро гум кардаем?
Дарвеш ин лоқайдии маро дар дарун хӯрда, оромона гуфт:
– Рафиқ, ғазваи1 Уҳуд миёни мусалмонон ва мушрикони Макка дар ҳамин ҷо рух додааст. Дар он ҷанг бисёре аз ёрони паёмбарамон ба шаҳодат расидаанд, аз ҷумла, амакашон Ҳамзаи диловар. Бо амри расули Худо ҳамаи онҳо дар пояи кӯҳи Уҳуд дафн шудаанд. Мусалмонон ба ин кӯҳу гӯристони он алоқаи бемисл доранд ва паёмбар фармудааст: «Уҳуд кӯҳест, ки моро дӯст дорад ва мо низ онро дӯст медорем... Дар рӯзи қиёмат солори шаҳидон дар назди Худо Ҳамза аст».
Медидам, ки сари гурӯҳи мо дар роҳи васеи дастрасӣ ба доманаи кӯҳ хеле пеш рафтааст. Бо ишораи Дарвеш ман ҳам маҷбур шудам тезтар по ёзонам. Сесад ё бештар қадам ниҳода, аз паҳлуи теппаи на он қадар баланде, ки пур аз одам буд, ба назди як қабристон расидем. Он гирдогирд панҷараи баланди оҳанӣ дошт. Домуллои мо аллакай вазъ мегуфт. Ҳама малулу сархам, бо руҳияи гирифта дар канори ӯ ҷамъ шуда, бо диққат ба суханҳояш гӯш медоданд.
– Ҳоло ба ин навиштаҷот таваҷҷуҳ кунед, – ба сӯйи овезаи калоне, ки бар сари панҷара насб шуда буд, бо ангушти ишора нишон дода гуфт ӯ. – Ин катиба роҳнамоии зарурӣ барои боздидкунандагон аст, ки ба забонҳои арабӣ ва форсӣ китобат шудааст. Хеле мехостам Мулло Дарвеш онро бихонад ва мазмунашро баён кунад.
Аз ин муроҷиати домулло ман шод шудам. То ин ҷо намедонистам, ки ҳамроҳу ҳамхонаи ман мулло асту аз хеле чиз огоҳ. Ҳама гӯшу ҳуш ба ӯ шудем. Дарвеш аз овезаи форсӣ ба хондану маънидод кардани матолиби рӯйи он пардохт:
– Ин ҷо аз ҷумла омада, ки зиёрати қабристонҳо дар пайравӣ аз паёмбар суннат аст.
Расули акрам ҳангоми боздид аз гӯристонҳо фармудаанд: «Салом бар шумо, эй муъминину муслимин – сокинони ин диёр! Иншоаллоҳ, мо ҳам ба шумо мепайвандем. Аз Аллоҳи таоло барои шумо ва барои худамон офият хоҳонем». Боз ҳам омада, ки чизеро талаб кардан аз мурдаҳо, кумак хостан, шафоат ва талаби ҳоҷот аз онон ширки акбар аст ва сабаби хориҷ шудан аз доираи Ислом мегардад. Пас, барои раҳоӣ аз душвориҳо ва бароварда шудани ниёзмандиҳои худ ба сӯйи Аллоҳи бениёз руҷӯъ кунед.  Паёмбар (с.а.в.) фармудаанд: «Ҳар гоҳ талабе кардӣ, аз Аллоҳи таоло биталаб ва ҳар гоҳ кумаке хостӣ, аз аллоҳ таоло бихоҳ!».


1Ғазва – ин истилоҳ ба ҷангҳое гуфта мешавад, ки дар онҳо паёмбар фармондеҳӣ кардааст.

(Давом дорад).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: