Бо мақсади мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ, беҳтар гардондани самаранокии сифати хидматрасонии тиббӣ ва афзун гардондани маданияти тиббии мардум садорати ҳифзи тандурустии вилоят дар ноҳияҳо муоинаи амиқи тиббии аҳолиро ба роҳ мондааст.
Ба қарибӣ чунин чорабинӣ дар ноҳияи Қаравулбозор бо иштироки беш аз 20 нафар шифокорони соҳибтаҷрибаи вилоят ба амал омад.
Дар он зиёда аз 300 шаҳрванд, аз ҷумла собиқадорони меҳнат, хидматчиёни давлатӣ, омӯзгорон, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҷавонон, бачагони ба васигӣ гирифташуда аз назорати тиббӣ гузаронда шуданд.
Дар натиҷа ба 23 нафар барои муолиҷа дар беморхонаҳои ноҳиявию вилоятӣ роҳхат, ба 166 нафар табобат дар шароити амбулаторӣ ва таҳти назорати духтури оилавӣ тавсия дода шуд. Дар ҷараёни муоинаи тиббӣ автомобилҳои ташхисгузории флюрографӣ ва дастгоҳҳои ҳассоси муоинакунии ултрасадо ва ЭКГ истифода шуданд.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.