3000 ҶОЙИ КОРИ ХОЛӢ ПЕШКАШИ ШАҲРВАНДОН ГАРДИД

Дар ярмаркаи меҳнат, ки ҳокимияти вилоят, прокуратура ва Сарсадорати коҳиш додани камбизоатӣ ва шуғли вилоят гузаронд, 183 корхона, ташкилот ва муассисаҳо бо қариб 3000 ҷойи кори холӣ иштирок карданд.

– Дар ин ярмарка 10 корхонаи ноҳияи мо бо 510 ҷойи кори холӣ ширкат варзиданд, — гуфт сарвари шӯъбаи маркази таъмини шуғли аҳолии ноҳияи Ургут Баҳодур Шарофов. — Музди миёнаи моҳонаи корҳое, ки корхонаву ташкилотҳо пешниҳод мекунанд, аз 1 миллиону 800 ҳазор сӯм то 4 миллион сӯмро ташкил медиҳад. Албатта, корфармоён ба коргароне, ки дар даст касб доранд, эътибори махсус медиҳанд. Масалан, ба Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Sam Ferre» барои корҳо, аз қабили кафшергар, челонгар, боркашон 150 коргар лозим аст. Музди пешниҳодшуда аз 1 миллиону 800 ҳазор сӯм то 8 миллион сӯмро ташкил мекунад. Бино ба маълумоти хидмати матбуоти Сарсадорати коҳиш додани камбизоатӣ ва шуғл дар соли 2023 таъмини шуғли 451,6 нафар шаҳрванд дар назар аст. Аз ин шумора 165,8 ҳазор шаҳрванд бо кори доимӣ, 203 400 нафар мавсимӣ ва 82 400 нафар бо кори ғайрирасмӣ таъмин хоҳанд шуд. Инчунин, ба 13 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор касбу ҳунар омӯзонида мешавад. Дар рафти ярмарка ба 268 нафар шаҳрванд ба кор роҳхат доданд. 183 нафари онҳо ба кори доимӣ таъмин гардида, 41 нафар ба омӯзиши касбу ҳунар ва 44 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок фиристода шуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: