31-умин солгарди истиқлолият: ИЛМУ ФАН, ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ НЕРУЕСТ, КИ КИШВАРРО ТАВОНО, МИЛЛАТРО БУЗУРГ МЕГАРДОНАД

Мо 31-умин солгарди истиқлолияти кишварамонро ҷашн гирифтем.

 Воқеан, ин давра дар таърих муддати тӯлонӣ хисобида намешавад. Аммо дар  панҷ соли охири истиқлолият ҳамаи мо натиҷаи ислоҳотеро, ки барои осонтар шудани мушкили мардум, сабуктар ва фаровон шудани зиндагии онҳо анҷом дода шудаанд, мебинем ва эҳсос мекунем.
Алалхусус, ба рушди соҳаи таълим, ки яке аз масъалаҳои муҳими замони ҷаҳонишавӣ мебошад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Зеро, бе илму фан ҳал кардани масъалаҳои муҳими дар пеши ҷамъият истода душвор аст. Аз ин рӯ, имрӯз мисли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон рушди таълим дар кишвари мо аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
Зеро, дар сурати беҳтар шудани сифати таълим дар тамоми соҳаҳо тағйироту пешравӣ ба назар мерасад. Ба ибораи Сарвари давлат “Илму фан, таълиму тарбия неруест, ки кишварро тавоно ва миллатро бузург мегардонанд. Фардои мо, ояндаи дурахшони мамлакатамон, пеш аз ҳама, ба сохтори маориф ва тарбияе, ки ба фарзандонамон медиҳем, алоқаманд аст».
Ҷолиби диққат аст, ки ин корҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ оғоз меёбанд. Зеро, нақш ва аҳамияти сохтори тарбияи томактабиро дар ҳаёти ҷомеа бо чизе андоза кардан мумкин нест.
Ин аст, ки солҳои охир бо роҳбарии Сарвари давлатамон аз шаҳрҳои калон то ноҳияву деҳоти дурдаст боғчаҳои нави замонавӣ ташкил карда шуданд. Масалан, панҷ сол пеш дар мамлакатамон зиёда аз 5 ҳазор кӯдакистон фаъолият нишон дода бошад, ҳоло ин рақам ба 19 ҳазор гузаштааст. Фарогирӣ дар сохтор ба 62 фоиз расид.
Аз ҳисоби ҷорӣ намудани механизми шарикии давлативу хусусӣ 20 862 кӯдакистони хусусӣ бо 625 228 ҷой ташкил карда шуданд. Барои ин мақсадҳо 2,1 триллион сӯм воми имтиёзнок равона карда шуда, 55 ҳазор ҷойи нави кор ташкил карда шуданд.
Рушди шабакаи муассисаҳои таълимии томактабӣ дар асоси талаботу меъёрҳои замонавӣ, таваҷҷуҳ ба бозсозӣ ва навсозии онҳо аз он иборат аст, ки соҳибони ояндаи мо аз дигарон кам набошанд.
Имрӯзҳо муассисаҳои таълимии томактабӣ барои баланд бардоштани саводнокии умумии кӯдакони то синни мактабӣ, ташаккул додани ҳисси меҳру муҳаббат ба Ватан, ифтихор кардан бо он ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо хидмат мекунанд. Зеро тарбияи томактабӣ қисми ибтидоии таҳсилоти муттасил ба шумор рафта, ташаккули кӯдакро ҳамчун шахси солиму баркамол таъмин намуда, шавқи ӯро ба таълиму тарбия бедор карда, ба таҳсилоти мунтазам омода месозад.
Масъалаи муҳими дигар он аст, ки дар панҷ-шаш соли охир ҳам муносибат ва ҳам диққат ба соҳаи маорифи халқ ба куллӣ тағйир ёфт. Бисёр фармону қарорҳои Сарвари давлат оид ба инкишофи соҳаи маорифи халқ, баланд бардоштани ихтисос ва нуфузи педагогҳо дар ҷамъият, пурзӯр намудани таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани маънавиёти онҳо қабул карда шуд.
То солҳои охир муаллимон ва дар баъзе ҷойҳо хонандагон тамоми тирамоҳро дар пахтазор мегузарониданд, имрӯз муаллимон ба ғайр аз ҷараёни таълиму тарбия бо кори дигар машғул намешаванд. Музди меҳнати муаллимони мактабҳо чандин баробар зиёд шуда, шумораи муаллимоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ мукофотонида шудаанд, меафзояд. Мо дар натиҷаи истиқлолият ва ислоҳоти пайваста таҳти роҳбарии Президент ба чунин марраҳо ноил гардидем.
Ислоҳот дар сохтори таҳсилоти олӣ қисми асосии навоварии соҳаи таълимро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар панҷсолаи ҷорӣ ин соҳа пур аз навигариҳои тасаввурнашаванда буд. Дигаргуниҳое, ки дар натиҷаи ислоҳот дар мактаби олӣ ба амал омаданд, дар мамлакати мо дигаргуниҳои калони мусбат ба амал оварданд.
Бешубҳа, қадами аввалин дар ин замина имкони дар як вақт супоридани ҳуҷҷатҳо ба чанд донишгоҳ буд. Навоварии дигар ҷорӣ кардани системаи онлайни ҳуҷҷатҳо мебошад. Ин ба саргардонию нофаҳмиҳои аз ҳад зиёд, ки қаблан маъмул буд, комилан хотима дод.
 Хулоса, дар панҷ соли истиқлолият як силсилаи мустаҳкаме ба вуҷуд омад, ки ба таъмини муттасилии кӯдакистон – мактаб – таҳсилоти олӣ нигаронида шудааст. Зеро, дар таълиму тарбия танаффус намешавад. Он бояд ҳамеша якдигарро пурра кунад. Аз ин нуқтаи назар, ислоҳоти пайваста дар соҳаи маориф дар солномаи истиқлолияти Ӯзбекистони Нав осори фаромӯшнашаванда мегузорад.

Шаҳноза 
ХОЛМАҲМАТОВА,
депутати Палатаи 
қонунгузории
Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: