4. АЛЛОМАЕ, КИ БУХОРОРО «ҚУББАТ-УЛ-ИСЛОМ» КАРДААСТ

Фиқҳшиноси номвари олами ислом

(Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
Абуҳафси Кабир на танҳо донишманди фиқҳ, ҳадис ва илоҳиётшинос, балки ӯ халқпарвар ва хайрхоҳ буд. Раҳму шафқаташ нисбат ба мардум он қадар зиёд буд, ки соле дар Бухоро ҳангоми болоравии нарх як харвор гандумро ба 100 динор харида, ба 90 динор мефурӯхт. Дар охир нархи як харвор гандум ба лутфи ҳазрат то 10 динор арзон шуд. Вай инчунин сарвати худро барои манфиати мардум сарф мекунад. Ҳазрати Имом Абуҳафс мехост хонае созад ва барои он 80 ҳазор динор вақф кунад. Аммо истихора ва машварат карда гуфтаанд, метарсам, ки мутавалҳо хилофи шартҳои вақф амал кунанд. Ва ман намехоҳам, ки ӯ дар доварӣ азоб кашад. Алқисса, замине, ки 80 ҳазор динор аст ва амволро, ки баробари тамоми арзиши сохтмони хона буд, ба фақирон, ғарибон, толиби илмҳо ва олимон тақсим кард.
Абуҳафси Кабир дар Бухоро чандин масҷиду мадраса сохта, ба садҳо толибони илм аз мазҳаби ҳанафӣ, фиқҳ дарс додааст.
Дар ин маврид ба як қазия равшанӣ андохтан лозим аст. Дар осори бисёре аз муаррихони Шарқ, чун нахустин мадрасаи бонизом дар таърихи ислом соли 1066 дар Бағдод сабт шудааст, ки аз ҷониби вазири Салҷуқӣ Низомулмулк таъсис ёфтааст. Аммо тақрибан як аср пеш аз мадрасаи Бағдод, дар Бухоро мадрасаи Форҷак сохта шуда буд. Соли 936 ҳангоми сӯхтор ин мадраса сӯхтааст. Мадрасаи Абуҳафси Кабир дар Бухоро баъди ин муассисаи таълимӣ таъсис ёфт. Дар ин ҷо худи олим, писараш Абуҳафси Сағир ва баъдан наберааш Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ҳамроҳ бо як зумра мударрисони соҳибақл аз фанҳои фиқҳ, ҳадис, калом ва тасаввуф дарс медоданд. Ҳамсари Абуҳафси Кабир низ аз донишманди бузурги фиқҳ буд, ки ба занон таълим медод.
Тибқи маъхазҳо қозии маъруфи асри X Абубакр Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Алӣ ибни Шаҳивайҳ (соли вафоташ – 971) ба Бухоро рафта, дар мадрасаи Абуҳафси Кабир таҳсил кардааст. Яъне мадраса қабл аз ин сана вуҷуд дошт. Наршахӣ мадрасаи Кулар Текинро зикр мекунад. Кулар Текин яке аз саркардаҳои инқилобии Муқаннаъ аз Хуросон мебошад. Ин тақрибан соли 779 аст. Ин моро ба чунин ақида водор мекунад, ки аллакай дар миёнаҳои асри VIII дар Бухоро мадрасаҳои мунтазами мустақил аз масҷид вуҷуд доштанд. Маълумоти зерини Ал-Хонсорӣ, муаллифи китоби «Равзат-ул-ҷаннат» («Боғҳои биҳишт») далели андешаи мост: «Нахустин мадраса дар Бухоро буд». Инчунин ин андешаро профессори ироқӣ Ноҷӣ Маъруф низ, ки таърихи мадрасаҳои исломиро омӯхтааст, дар чанд асараш тасдиқ кардааст.
Мадрасаҳо натанҳо муассисаҳои таълимӣ, балки манзили донишомӯзони кишварҳои дурдаст низ буданд. Мадрасаи Имом Абуҳафси Кабири Бухорӣ мадрасаи орзуи уламо ва толибони илм аз кишварҳои мухталифи ҷаҳони ислом буд. Саҳми ин мадрасаҳо дар густариши ислом дар байни мардуми Бухоро ва қавмҳои турки ҳамсоя бемисл буд.
Наршахӣ гувоҳӣ медиҳад, ки хонаи Ҳазрати Абуҳафс маҳфуз набуд, вале масҷидҳои ӯ дар он аср нигоҳ дошта шудаанд.
Абуҳафси Кабир дар моҳи муҳаррами соли 217-и ҳиҷрӣ (моҳи феврали соли 832-и милодӣ) дар Бухоро даргузашт ва дар қабристони қадимии рӯбарӯи Дарвозаи Нав – дарвозаи ҳозираи Ҳазрати Имом ба хок супурда шуд. Адире, ки қабри Аллома дар он ҷойгир аст, Адири Хоҷа Имом Абуҳафс ном дорад. Дар «Таърихи Бухоро» навишта шудааст, ки «Дар он ҷо масҷиду мадрасаҳо ҳастанд ва ҳамеша меҳмонон меоянд. Он ҷо ҳамчун ҷойи қабули дуо маълум аст. Мардум хоки қабри ӯро муборак медонанд. Сабаби «Дарвозаи Ҳақраҳ» номида шудани ин макон дар он аст, ки мардум ба ҳузури Хоҷаи Абуҳафси марҳум он ҷо меомаданду фатво мегирифтанд ва ин фатворо ҳақ медонистанд ва дар ин замина Ҳақроҳро «ҳақ» мегуфтанд».
Маҷмӯи  «Фавойид» («Фатвоҳои фоидабахш», дар баъзе манбаъҳо «Фатвойи Абуҳафс» низ номбар шудааст)-и Абуҳафси Кабир дар олами ислом машҳур бошад ҳам, то замони мо расида наомадааст. Аммо ҳар кадом китоби ба фатво ва ё ба илми фиқҳ бахшидаи олимони дини исломро аз назар гузаронем, фатвои аллома ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар «Фатовойи оламгирия», «Шарҳ ул-ҳидоя», «Ал-Мабсут», «Ал-Баҳр-ур-роиқ», «Фатҳ-ул-қадир», «Ал-Муҳит-ал-бурҳонӣ фил-фиқҳ ан-нуъмонӣ», «Тахриҷ мин фатава Абуҳафс ал-Кабир ал-Бухорӣ», «Ҳайрат-ул-фуқаҳо», «Салоти Масъудӣ», «Чаҳор китоб», «Маслак-ул-муттақин» ва дигар китобҳои муқаддас аз фатвоҳои ӯ истифода шудаанд.
Дар тарафи рости даромадгоҳи хонаи Абуҳафси Кабир масҷиди қурайшиҳо воқеъ буд. Ин масҷидро яке аз пайғомбарзодагони мансуб ба қабилаи қурайш Муқотил ибни Сулаймон ал-Қурайшӣ бино карда буд. Дар он толибони илм, ки барои донишомӯзӣ омада буданд, истиқомат намуда, илм меомӯхтанд.
Аз тарафи шогирди Баҳоуддини Нақшбанд, давомдиҳандаи тариқати нақшбандия Хоҷа Муҳаммад Порсо зикр гардидани номи Абуҳафси Кабир ва донишмандони дигари ҳамватани мо дар силсилаи фиқҳӣ ҷолиби диққат мебошад. Ин собит менамояд, ки мактаби тасаввуфи Бухоро, бахусус, асосҳои тариқати хоҷагон-нақшбандия дар асоси таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ташаккул ёфтааст. Дар ин ҷода мактабе, ки Абуҳафси Кабири Бухорӣ офаридааст, нақши муҳим дорад.

СИЛСИЛАИ ШАРИФ

Сарвари коинот ва ҳотам-ул-анбиё Муҳаммад (с.а.в.) (571-632)
Абдуллоҳ ибни Масъуд (соли ваф. —652)
Алқама ибни Қайс ал-Куфӣ (соли ваф. –681\684\691)
Иброҳим ан-Нахаъӣ ал-Яманӣ ал-Куфӣ (соли ваф. – 714)
Ҳаммод ибни Абусулаймон ал-Исфаҳонӣ ал-Куфӣ (соли ваф.–737)
Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит (699-767)
Муҳаммад ибни Ҳасан Шайбонӣ (748-804)
Абуҳафси Аҳмад ибни Ҳафси Кабири Бухорӣ (767-832)
Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмад – Абуҳафси Сағир (соли ваф. —877)
Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ас-Супадмунӣ (соли ваф.—951)
Абубакр Муҳаммад ибни Фазл ал-Бухорӣ
Абуалӣ Ҳусайн ибни Хизр ан-Насафӣ
Шамс ул-аимма ал-Ҳалвоӣ (соли ваф. –1062)
Шамс ул-аимма аз-Заранҷарӣ
Муҳаммад ибни Абубакр ал-Бухорӣ — Имомзода
Ҷамолиддин ал-Маҳбубӣ
Тоҷ уш-шариа (соли ваф. –1274)
Садр уш-шариа
Шайх Ҳофизиддин Муҳаммад ибни Муҳаммад ал-Бухорӣ ат-Тоҳирӣ
Шайх Муҳаммад ибни Муҳаммад ал-Бухорӣ – Хоҷа Муҳаммад Порсо ва дигарон.
(Давом дорад).
Абдулғафур Раззоқи БУХОРӢ,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро.

Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Институти шарқшиносии ба номи
Абурайҳони Берунӣ, доктори улуми таърих.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: