Ба ифтихори 100-солагии «Овози тоҷик»
Мавсуф аз нахустинҳост, ки тавассути рӯзномаи «Овози тоҷик» зери унвони «Дар бораи мактабу маорифи тоҷик» роҷеъ ба омодасозии муаллимони тоҷик, кушодани мактабҳои тоҷикӣ ва дурнамои нашри китобҳои тоҷикӣ садо баланд мекунад: «Як масъалае, ки имрӯз ҳаёту мамоти қавми тоҷик ба он вобаста аст, масъалаи мактабу маорифашон аст. Шак нест, ки ба роҳ андохтани мактабу маорифи тоҷик аз лозимтарин корҳост, аммо ба чӣ ранг пеш бурдани мактабу маорифи тоҷик ҷойи музокираву мубоҳиса аст». (Садриддин Айнӣ. «Дар бораи мактабу маорифи тоҷик». «Овози тоҷик», №2 аз 4 сентябри с.1924).
Устод дар давоми навиштааш мегӯяд, ки тибқи як «хабари пухта (ибораи зебои устод), ки имрӯз дар рӯзномаи тоҷикӣ чоп мешавад», Ҳукумати марказии Туркистон барои тайёр кардани муаллим аз ҳисоби тоҷикон дар Тошканд мактаб мекушояд. Устод инро хуш қабул карда бошад ҳам, намехоҳад вақт (5 сол) ба беҳуда паси сар шавад ва барои роҳандозии ҳарчи зудтари ҷалби тоҷикон ба мактабу маориф пешниҳод менамояд: «Ба фикри ман мерасад, ки ҳеч фурсат нагузаронида, дар Самарқанд, ки ба кӯҳистони тоҷикон наздик аст ва маркази маданият ба шумор меравад, як курс кушода шавад. Дар ин курс аз Фалғар, Мастчоҳ ва соири кӯҳистону деҳоти тоҷикон толибилмон бирасанд ва ҷавононе, ки дорои хату саводанд, 40 ё ки 50 нафарро ҷамъ карда, 4 ё 5 моҳ тарбият карда шавад. Агар то моҳи уктобир ҳозирӣ дида ба шартҳое, ки дар боло навишта шуд, барои тоҷикон курси тарбияву таълим кушода шавад, умед аст, ки дар моҳҳои ёнвор ё фиврол дар кӯҳистони тоҷик чанд мактаб ба усули нав боз гардад.
Ҳамин ки намунаи мактаби нав ба кӯҳистон қадам гузошт, хотирҷамъ бошед, ки зеҳни софу қобилияти фитрии аҳли кӯҳистон ба майдон баромада, корномаҳо хоҳад нишон дод».
Ҳамин масъала дар шеъри устод, ки бахшида ба таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» дар ҳамон шумора чоп шудааст, бо дарду алам баён мешавад:
Фақат бемактабӣ дар асри ҳозир
Каме монеъ шуд аз парвози тоҷик.
Дар робита ба тозагии забон мегӯяд: «Дар шаҳри Самарқанд як забони тоҷикии маъмул аст, ки ин забон бо ӯзбекӣ махлут буда, ба таъбири «буқаламун» сазовор аст. Чунончи мегӯянд: «аробаро қӯшӣ карда биёр», «буғулӣ карда монд», «Биқилӣ карда рафт...». Албатта, ин забонро ҳеч тоҷик қабул нахоҳад кард. Забони шаҳри Уротеппаву Хуҷанд, агарчи аз забони тоҷикии шаҳри Самарқанд қадре софтар аст, маъазолик аз таъсири ӯзбекӣ ва ихтилоти луғату одатҳои ӯзбекӣ холӣ нест. Бинобар ин моро лозим аст, ки дар китобҳои мактабии тоҷикон забони кӯҳистони тоҷикро қабул кунем. Забони кӯҳистони тоҷик форсии сода, аз такаллуфоти эронӣ холӣ, ба луғатҳои арабии ношунида хилт наёфта ва ба сарфу наҳви форсӣ мувофиқ аст. Оре, дар талаффуз назар ба забони форсиёни шаҳрӣ қадре ғализӣ дорад. Маъазолик софу мувофиқи қоида аст. Ингуна забон, аз Фалғар – Мастчоҳ гирифта то Қаротегину Дарвоз маъмулу ҳамафаҳм аст». (Садриддин Айнӣ. «Дар бораи китобҳои мактаби тоҷикон». «Овози тоҷик», саҳ. 1. № 3. 12 сентобири 1924 милодӣ, ҷумъа, 12 сафари 1343 ҳиҷрӣ).
Сироҷиддин ИКРОМӢ
«Адабиёт ва санъат»,
22 августи соли 2024, № 33.