4. ҚИССАИ ҲОҶӢ

Юнуси ИМОМНАЗАР

(Порае аз қисса)

(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
Дарвеш як дам хомӯш шуд. Домулло сар боло карда гуфт:
– Хоҳишан, он ду ҷумлаи поёниро ҳам бихонед, мулло, донистани онҳо низ хеле зарур аст. 
Дарвеш идома дод:
– Даст кашидан бар болои қабрҳо ҷоиз нест. Чаро ки он бидъат аст, василаи воқеъ шудан дар ширк мебошад. Боло рафтан ба кӯҳи Уҳуд ва кӯҳи Румот2 кори ҷоиз нест, барои табаррук ҷустан ва бардоштани хоку санг ба он ҷо нашитобед.
Пуштамро ба рӯйи таҳкурсии мармарӣ гузошта менишастам. Домулло низ ба ман пайравӣ карда дар паҳлуям ҷо хуш кард ва ҳамаро наздиктар ба гирдамон фаро хонд ва гуфт:
– Ҳоло мебинам, ки ҳар яки шумо майл доред ба ин гӯристон даромада сари қабри шуҳадоро бо даст бимолед, ё ба мисли он ҷамъи одамон ба теппаи Айнайну кӯҳи Уҳуд бароеду хокашро бибӯсед, сангреза бичинед ва ташнагии дидору ёдкарди шаҳидонро бишканед. Бо ин кор, азизонам, ҳеч мақсаде ба каф наояд, беҳтар аст аз он амалҳои ноҷоиз парҳез кунед.
Ман бори аввал дар канори домулло нишаста суханҳояшро равшан мешунидам.
Беихтиёр кунҷковиам рӯ гирифту аз ӯ пурсидам:
– То ин ҷо, ки фаҳмидем, ин гӯристони шаҳидон будааст. Магар ҷанге буда, ки онҳо дар роҳи Худо кушта шудаанд?
Дарвеш нигоҳе барқосо ба сӯйи ман афканд, зоҳиран ҳеч дар пиндораш набуд, ки ман чунин суоле медиҳам. Аз чеҳрааш ҷилои мамнуниятро ҳис кардам. Домулло бошад, чун одати ҳамешагӣ, риши мишкии гирдашро бо ду ангушт ҳилолкунон ба қиссагӯйӣ пардохт:
– Бояд донед, ки дини мусалмонон бар ивази саъю талошҳои фаровон ва набардҳо ба даст омадааст. Дар ин роҳ паёмбари мо ва ҳаммаслаку ёваронаш бисёр ҷонбозиҳо кардаанд, ки ҷанги Уҳуд аз он ҷумла аст. Вақте ки мушрикони Макка дар ҷанги Бадр шикасти дандоншикан мехӯранд, барои интиқом гирифтан ба сӯйи Мадина сипоҳ мекашанд. Ба муқобили онҳо паёмбар бо ёрони ҳамнабарди худ дар канори куҳи Уҳуд мавзеъ мегирад. Чанд нафар тирандози худро бар сари теппае мегузорад, ки мушрикон натавонанд аз пушт ба неруҳояш ҳамла кунанд. Ҷанг оғоз мешавад, пас аз муддати кӯтоҳе мусалмонон пирӯз меоянд...
Овози домулло каме гирифт. Ду-се бор сулфид ва бо докаи гарданаш аз сурату чашмони сурхшудааш кашид. Дарвеш ба хомӯшии ӯ тоқат наоварда гуфт:
– Аммо дар ин ҷанг паёмбар ва аскаронаш шикаст мехӯранд...
Ҳама бо тааҷҷуб ба домулло рӯ овардем. Ӯ орому ботамкин изҳор кард:
– Оре, қариб ки ҳамин тавр. Нафси бад – балои ҷон, ҳисси соҳиб шудан ба ғаниматҳои майдони ҷанг сарбозонашро ба бероҳа бурд. Вақте ки аскарони ӯ пас аз пирӯзии худ ба  молу василаҳои душмани замингазида дармеафтанд, як идда тирандозаш низ сангарҳои худро тарк карда ба поён мефуроянд. Ана ҳамон дам ба сипоҳиёни Макка Худо медиҳад! Онҳо фурсатро ғанимат шумурда, теппаро давр зада, мусалмононро аз ду ҷониб муҳосира мекунанд. Дар ниҳоят, беитоатии ёварони расул барояшон гарон тамом мешавад, аз сӯйи мушрикон зарбаҳои ҳалокатбор мебинанд. Ба бахти бад, он дам аз даҳон ба даҳон паҳн мешавад, ки паёмбар ба шаҳодат расидааст. Бо шунидани ин хабари наҳс сарбозони мусалмон пароканда шуда, бисёре аз онҳо саҳнаи набардро тарк мекунанд ва ба самти қуллаи кӯҳ мегурезанд.
«Э вой!», «Аҷабо!», «Чӣ бадбахтие», – аз ҳар сӯ баланд шуд садоҳои таассуфомези ҳамсафарон. Домулло иродаашро муҳкам гирифта ба нақлаш идома дод:
– Вале он дам паёмбар зинда буд! Ӯ бо нафарҳои ангуштшумор муқовиматро давом медиҳад. Дар ин набарди хунин Ҳазрати Алӣ аз расули акрам муҳофизат мекард. Ҳар ду сахт аз чандин ҷойи бадан захмӣ мешаванд. Вақте ки шоеъ шуд паёмбар зинда аст ва бо сипоҳиёни боқимондааш ба бехи теппа ақаб нишастааст, мушрикони Макка аз ҷанг даст мебардоранд. Мусалмонон шикаст мехӯранд, вале мушрикон низ пирӯз намеоянд. Ин набард ба андозае душвор буд, ки он рӯз мусалмонон намози худро нишаста хондаанд. Пас аз хилват шудан, ба хотири хастагии шадид ва зиёд будани майит, паёмбар дастур медиҳад, ки дар як қабр ду ё се шаҳидро дафн кунанд. Дар канори ҳафтод нафар мусалмони кушташуда амаки паёмбар Ҳамза низ буд. Агар таърихи қатли ӯро гӯям, хеле асафнок аст...
Домулло дар ин ҷойи сухан ҳиқ-ҳиқ гиря кард. Ҳамсафарон ғарқи шунидани қисса хомӯш менишастанд, нолаю шевани ӯро дида ҳама андуҳгин шуданд. Домулло худро ба даст гирифт, суханашро давом дод: 
– Дар он ҷанг ҷавони сиёҳпӯсте ба исми Ваҳшӣ3 бо васвасаи наҷот ёфтан аз бандагӣ дар камин менишаст. Ӯ тавонист дар гармогармии набардҳо фурсати муносибро дарёфта, бо найза Ҳамза алайҳиссаломро ба шаҳодат расонад. Сипас бо амри Ҳинд, ки ҳамсари Абусуфиён буд ва барои ситондани хунбаҳои падару бародари худ ба шиддат аз пайи қасд мегашт, синаи ҳазратро шикофта ҷигарашро берун кашид ва ба ӯ дод. Нақл мекунанд, ки он зани малъун ва хабис ғарқ дар оташи қасос тиккае аз ҷигари ҳанӯз гарми муслими шуҷоъ ва нерумандро ба даҳон бурд. Саъй кард онро бихояд, вале қудрати Худоро гардам, ҷигар мисли устухон сахт шуд! Зан онро бо хашм аз даҳон берун андохт. Ҳинд бешармона аз ин кори зишти худ ситоиш карда дар миёни мардум месуруд: «Доди худро дар Уҳуд аз Ҳамза гирифтам, чандон ки ҷигарашро аз ҷигаргоҳ шикофтам!»... Аз он пас, паёмбар ӯро ҷигархор номид, ки баъдан дар таърих он зани малъун бо номи «Ҳинди ҷигархор» шинохта шуд. Ҳатто фарзандонашро бачаҳои ҷигархор меномиданд. Боз ҳам таассуфовар он буд, ки мушрикон қатли Ҳамзаро кам дида, бадани ӯро мусла4 кардаанд...
Дубора ҷамъи мо даст ба хомӯшӣ дод. Маълум буд, ки ҳар кас аз қиссаҳои ғамангези домулло ба риққат омадааст. Ҳатто мани бепарво сахт дар ҳошияи ғусса фурӯ рафтам, хаёлан ба ҳоли мазлумонаи паёмбару шариконаш дар он замон дилам сӯхт. Каме баъд, лаҳзаи ҳасрату сарафкандагиро домулло шикаст, ӯ бо овози маҳину ширадори худ ба хондани фотиҳа пардохт. Зану мард гӯшу ҳуш ба ӯ шудем.
Ғусса кӯҳро об мекунад, пас аз дуою ниёишҳо ҳама сархаму малул доманаи кӯҳи Уҳудро тарк кардем. Савори автобус то хеле ҷо хомӯш дар худ гирифта рафтем, ман саргарми тамошои манзараҳои ду ҷониби роҳ будам. Ниҳоят, домулло дар паҳлуи ронанда рӯ ба мо нишаста, ба сухан пардохт:
– Бештар аз як моҳ дар шаҳрҳои муқаддаси Мадинаю Макка хоҳем монд ва дар ин муддат, иншоаллоҳ, ҳаҷҷи таматтуъро анҷом медиҳем. Аввал амалҳои умра ва  бо гузарондани чанд рӯзи зиёрату тавофҳо маносики ҳаҷро адо хоҳем кард. Ин даму рӯзҳое, ки дар ихтиёр дорем, бароямон ғанимат аст, саъй кунед аз ҳар лаҳзаи ба сар бурдан дар ин диёри биҳиштӣ босамар баҳра баред. Дар ин ҷо буда аз тоату ибодат дурӣ ҷустан, намозро қазо кардан, дар зиёрату тавоф кӯтоҳдастӣ намудан ба шаъни ҳоҷӣ намезебад. Аз ҳамин рӯзҳои нахуст то поёни сафар амалҳои худро чунон бо дили пур анҷом диҳем, ки дар поён иҷобат шудани дуои «ҳаҷҷи мабрур, саъйи машкур ва зунби мағфур» ба мо муяссар гардад.
Дар миёни суханҳои домулло Дарвеш нигоҳе ба сӯйи ман афканд. Оҳиста-оҳиста ба ин гуна  чашмандозиҳо одат мекардам. Ҳоло низ аз нигоҳҳояш хондан мушкил набуд, ки гуфтан мехост, «бубин, танбалию канораҷӯйӣ хоси мо нест!». Ман бошам, ҳанӯз наметавонистам асли ҳақиқатро бипазирам. Ҳар гуна тоату саҷдаю намоз дар зеҳнам ҳамчун афсона метофт, ба одами дигар шуданам шак мебурдам. Ин дам равшан ҳис кардам, ки дар дарунам гӯё ду аждаҳо ба ман амр медиҳанд – яке мегуфт: «бо худ бимон», дигаре талаб мекард: «бо ҷамоа бирав». Дар лобалои гурроси мошин садои домулло риштаи хаёлангезиҳои маро гусаст, ӯ мегуфт:
– Минтақаи Қубо аз ҷумлаи маҳалҳои хушбоду ҳавои атрофи Мадина аст. Қубо нахустин масҷидест, ки онро бо амри расули Худо бино кардаанд. Дар ҳадис аз қавли паёмбар омада: «Касе, ки дар хонааш вузӯъ гираду аз он пас ба масҷиди Қубо дарояд ва ду ракъат намоз хонад, савоби як умраро мебарад». Инак, мо ин саҷдагоҳи табаррукиро, ки масҷиди тақво низ меноманд, зиёрат карда, ду ракъат намози таҳияи масҷидро мегузорем!
Азбаски роҳбалади мо бисёр дилпазир сухан мегуфт, ман ҳар гоҳ саропо мафтуни қиссаҳои ӯ мешудам. Беш аз пеш ҳиссиёти аҷибе маро фаро мегирифт, саъй мекардам ҳеч чиз аз нақлҳояш ношунида намонад. Бо ин ангеза пурсидам:
– Барои чӣ аввалин масҷидро маҳз дар Қубо сохтаанд? Оё сабаби ҷиддие будааст?
Домулло ба дурустии пурсиши ман бо ангушт ишора карда, бо иштиёқ суханашро пай гирифт:
– Аз хиҷрати паёмбар ба Ясриб, ки ҳамин Мадина аст, мардуми шаҳр огоҳ буданд. Барои ҳамин, бисёр аз бузургони маҳаллӣ ба ҷануби Ясриб меоянд ва дар рустои Қубо интизори омадани он ҳазрат мемонанд. Хеле мехостанд расули акрамро то шаҳр ҳамроҳӣ кунанд. Ниҳоят, он лаҳзаи деринтизор фаро мерасад, паёмбар дар Қубо пиёда мешавад, вале аз рафтан ба шаҳр худдорӣ мекунад. Ӯ изҳор медорад: «То Алӣ наояд, ман ба Мадина нахоҳам рафт!». Он дам Ҳазрати Абубакр мегӯяд: «Шояд Алиро кушта бошанд, шояд ба ин зудиҳо нарасад? Бузургони Мадина дар интизори шумо ҳастанд». Аммо паёмбар бо таъкид гуфтааст: «Худо ба ман хабар дода, ки Алӣ сари ҳол аст ва ба зудӣ ба ман ҳамроҳ мешавад».
2Румот – кӯҳи Айнайн низ хонда шавад.
3Ғуломи Ҷубайир бин Мутъим.
4Мусла – буридани гӯшу бинӣ (ҳамчун ҷазо барои ибрати дигарон).

(Давом дорад).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: