Рушди сареъи шатранҷ аз асри XVIII дар Аврупо оғоз гардид.
Дар ин давра Андре Филидори фаронсавӣ беҳтарин шатранҷбози ҷаҳон ба шумор мерафт. Аммо дар асри XIX Лондон ба маркази бузурги шатранҷи ҷаҳон мубаддал шуд. Дар ин ҷо бори нахуст бошишгоҳҳои шатранҷ бунёд шуданд, ҳамчунин таълифи китобҳои гуногуне дар бораи шатранҷ равнақ гирифт ва рӯзномаю моҳномаҳҳо бахшҳои муҳиме аз нашрияи худро ба ин бозӣ ихтисос доданд. Шатранҷ дар Олмону Маҷористон ҳам алоқамандони зиёде пайдо кард. Миёни шаҳрҳои Аврупо мусобиқоти мухталифе барпо шуданд. Дар соли 1858 шатранҷии номии амрикоӣ Поул Морфӣ ситораи шатранҷи Аврупо Адолф Андерсенро шикаст дод. Морфӣ аз нобиғагони шатранҷ буд ва то поёни зиндагияш касе ӯро натавонист мағлуб кунад. Ӯ дар барқарории қавонини раҳбурди (стратегӣ)-и шатранҷ дар мавқеъҳои боз бузургтарин саҳм гузошт.
Расман мусобиқаи қаҳрамонӣ (чемпионат)-и ҷаҳон оид ба шатранҷ дар охирҳои асри XIX ба роҳ монда шуд. Аввалин мусобиқаи расмии қаҳрамонии ҷаҳон соли 1886 дар ИМА баргузор гардид. Ғолиби он Вилҳелм Стейнитси австриягӣ нахустин қаҳрамони шатранҷи ҷаҳон эълом гардид. Аз он замон то кунун танҳо 16 нафар ин унвонро ба даст овардаанд, ки В. Стейнитз, Э. Ласкер, Х. Р. Капабланка, А. Алехин, М. Эйве, М. Ботвинник, В. Смислов, М. Тал, Т. Петросиён, Б. Спасский, Р. Фишер, А. Карпов, Г. Каспаров, В. Крамник, В. Ананд, М. Карлсен мебошанд.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба шатранҷ дар байни занон соли 1927 роҳандозӣ шуд ва нахустин қаҳрамон дар миёни бонувон Вера Менчик, аз кишвари Чехия буд.
Дар соли 1924 Созмони байналмилалии шатранҷи ҷаҳон (FIDE) таъсис ёфт ва мусобиқоти шатранҷ тадриҷан бештару мутанавеътар шуданд. Аммо рақобатҳои байналмилалии шатранҷ дар тӯли Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ боздошта шуд. FIDE масъулияти баргузории рақобати қаҳрамонии шатранҷи ҷаҳонро бар ӯҳда гирифт. То кунун 170 федератсиуни миллӣ узви FIDE ҳастанд.
Алҳол шатранҷ ба таври васеъ пеш меравад, навъҳои гуногуни шатранҷ таваҷҷуҳи мардумонро ба худ ҷалб карда, ҳамчунин мусобиқоти мухталиф дар ҳар намуди он баргузор мешавад. Аз ҷумла, бозии барқосо ё худ блитс (аз олмонии Blitz – барқ), бозии мукотибаӣ,бозии сареъ аз бозиҳои роиҷ дар шатранҷ, бо муқаррароти замони на беш аз як соат барои як дидор (ба ҳар кадом рақиб вақти на беш аз 30 дақиқа), бозии ҳамзамон (сеанс) мусобиқаи шатранҷи оммавист, ки дар он нафаре ҳамзамон бо якчанд нафар бозӣ мекунад.
Бозии чашмбаста ё бозии нодид, ки бозикун (ба танҳоӣ, ё якҷо бо рақиб), бидуни он ки ба тахтаи шатранҷ нигарад, ҳаракати муҳраҳоро (бо такя бар неруи ҳофиза) эълом медорад. Аз афроде, ки бори нахуст бо чашми баста шатранҷ бозидаанд, Саййид ибни Ҷубайд (ваф. 714) ёдоварӣ шудааст. Дар Аврупо перомуни бозии чашмбаста нахустин бор соли 1265 ёд мешавад. Алоуддини Шатранҷӣ дар дарбори Темури Курагон (1336 – 1405), бо чашми баста дар як вақт бо 4 нафар шатранҷ мебозид. Филидор – устоди фаронсавӣ бо се нафар ва Пол Марфии амрикоӣ бо 10 нафар устодони мумтоз зӯрозмоӣ кардааст.
Обидҷон ШАКУРЗОДА.