(Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
Роҷеъ ба забони китобҳои таълимӣ ва дурнамои табъу нашри китобҳои тоҷикӣ устод назари хос дорад: «Аз аввали (соли) ҷоришуда мактаби усули тоза дар Туркистон аз Самарқанду Бухоро ду-се ҷузъ китоби форсӣ чоп шуд. Лекин ин китобҳо, ба замми ин, ки ба усули таълимӣ он қадар мувофиқ нестанд, аз ҷиҳати забон ҳам хеле нуқсон доранд. Илова бар ин, китобҳои мазкур ба муносибате, ки дар даври истибдод навишта шудаанд, албатта, ба зиндагониву усули идораи ҳозира он қадр мувофиқ нестанд. Бинобар ин, моро лозим аст, ки китобҳои тоҷиконро аз алифбо гирифта то китоби савод, ҳисоб, таърих ва ҷуғрофия ва маълумоти мадания ва сиёсия аз сари нав таълифу тартиб намоем. Дуруст, дар китобҳои то ҳол чопшудаи тоҷикӣ хеле порчаҳои муносиби мактаб ёфт мешавад. Дар китобҳое, ки баъд аз ин навишта мешавад, аз он порчаҳо истифода кардан мумкин аст. Ба ҳар ҳол китобҳои мактабии тоҷиконро аз сари нав тартиб карда, чоп кардан лозим аст.
Нахустин Алифбо ва китоби Саводро тайёр карда, аз паси он кадом китоб, ки бештар даркор аст, пештар ҳозир кардан зарур аст.
Бояд аз ҳамин рӯз эътиборан ба китобҳозиркунӣ шуруъ карда, то моҳҳои декобр ду-се китоб чоп карда шавад, вагарна дар кӯҳистони тоҷик мактаб кушода намешавад. Дар ин хусус диққати доираҳои ҳукуматӣ ва таваҷҷуҳи касонеро, ки дар масъалаи тоҷик вобастаанд, ҷалб менамоем». (Ҳамон манбаъ).
Устод бо баёни масоили муҳим барои таъкид кардани тоҷик будани мардуми кӯҳистон ва ба ин васила расму урфу одати хоси онҳоро бозгӯ сохтану нуфузи тоҷикро дар минтақа ёдрас намудан, аз забони саройбонони фалғарӣ вазъи зиндагӣ ва одоти ин мардумро тавзеҳ медиҳад. Бояд гуфт, ки бо ин навишта устод ба истифодаи жанри мусоҳиба дар журналистикаи тоҷик хишти аввалро мегузорад: «Аҳолии Фалғар, Мастчоҳ, Қаротегин ва Дарвоз умуман фақир буда, заминашон сахти кӯҳистон аст, ки ба эҳтиёҷи аҳолӣ ба кор намеояд. Аммо дар Мастчоҳ, Қаротегин ва Дарвоз ҷоҳое ҳаст, ки гандуми онҷо ба ҳеч ваҷҳ ва ҳеч сол маишати корандаи онро кифоя намекунад. Ҷоҳое ҳаст, ки фақат даҳ қадоқ тухм корида, барои муҳофизаи он ба тадбирҳои дастӣ ва сохта муҳтоҷ мешаванд...
Аҳолии кӯҳистон, умуман соҳиби заковату зеҳни соф буда, ба хондан зиёда муҳаббат доранд. Шеъру адабиётро дӯст медоранд, шоирҳои хуб ҳам аз кӯҳистон мерасад. Шоирҳои он ҷо мисли шоирҳои шаҳр, қоидадон нестанд, устод надидаанд ва шеърашон аз ғалбери танқид нагузаштаст, маъазолик шоиранду истеъдоди шеърии худро ҳар вақт намоён карда меистанд. (Садриддин Айнӣ. «Аҳволи иқтисодию иҷтимоии тоҷикони кӯҳистон». «Овози тоҷик», № 5 аз 5 уктобири с. 1924).
Устод ҳанӯз қабл аз таъсиси вилояти мухтори тоҷикон, нарасидани кадрҳои маҳаллиро дарк карда буд. Бинобар ин, қабл аз ҳама масъалаи омодасозии кадрҳои тоҷикро маҳз ӯ ба миён мегузорад. Устод боварӣ дошт, ки тоҷик якбора набошад ҳам, тадриҷан ба орзуи миллии худ – таъсиси ҷумҳурии мустақил мерасад. Ӯ барои тоҷикаш ғам мехӯрад, ҷон мекоҳад, то дар мақоми роҳбарии вилояти мухтори тоҷик ва дигар сохторҳои он маҳз худи тоҷикон бошанд. Саъй мекунад, дигаронро мутақоид кунаду нишон диҳад, ки тоҷикон бо тафовут аз дигар ақвом соҳибфарҳангу боҳунартар ҳастанд. Бебокона тоҷикони кӯҳистонро бартар аз дигар ақвоми Туркистон нишон медиҳад: «Қобилияти ташкилоти Шӯроӣ дар тоҷикони кӯҳистон аз соири қавмҳои Туркистон бештар аст, коркуноне, ки аз ранҷбарон мерасанд, дар кӯҳистон роҳбар шуда бираванд, умед аст, ки Вилояти Мухтори тоҷикро мувофиқи дастурамали Ҳукумати Шӯроӣ ба хубӣ идора менамоянд.
Дар ин хусус тадбироти зайл ба хотир мерасад:
1. Тоҷиконе, ки ҳозир дар Самарқанду Фарғона ранҷбарӣ мекунанд ва ба ягон иттифоқ дохиланд, ба зудӣ хату савод хононда шаванд.
2. Тоҷиконе, ки дар қитъаҳои мазкура ранҷбарӣ мекунанд ва ҳанӯз расман ба ягон иттифоқ дохил нестанд, ба ташвиқоти ҷиддӣ ба иттифоқ дохил карда, ба зудии зуд дар баровардани хату савод (ашон) кӯшиш карда шавад.
3. Аз ин иттифоқҳо ҷавононе, ки дар курсҳои хату савод қобилияти фавқулодаи худро нишон медиҳанд, зиёдтар дар тарбияти эшон кӯшиш карда, ба курсҳои махсус дохил карда, тарбияти сиёсӣ ва тарбияти идоракунии эшонро ба камол расонида шавад.
Ба ҳамин тадбирот мумкин аст, ки то барпо шудани Вилояти Мухтори тоҷик як миқдор коркунони Шӯроии дараҷаи дувум аз худи ранҷбарони тоҷик ба ҳам расад. Агар ин дастаи тарбиятшударо бо роҳбарии одамони таҷрибадида ба ҳар тарафи Вилояти Мухтори тоҷик тақсим карда шавад, умед аст, ки Вилояти Мухтори тоҷик бекоркун намемонад». (Садриддин Айнӣ. «Қобилияти ташкилотии тоҷикон». «Овози тоҷик», №7 аз 13 октябри с. 1924).
Хулоса, рӯзномаи «Овози тоҷик» барои мардуми мо дар ибтидои қарни ХХ ҳамчун минбари баланди баёни фикру андеша, василаи бедории миллию худшиносӣ, воситаи мубориза бо бадхоҳон, собиткунандаи мавҷудияти миллати тоҷик, ташаккулдиҳандаи забони адабӣ, таҳрикдиҳандаи эҳсоси ифтихор, мудофеи манфиатҳои миллӣ, тарғибгари осори адибон ва умуман шинохти тоҷикон хидмати басо гаронмояро анҷом дод. Кормандони вақти рӯзнома Абдулқайюм Қурбӣ, Сайидризо Ализода, Ғуломалӣ Козимзода, Мирҳайдар Шабистарӣ, Самиъҷон Муҳаммадзода ва ҳамкорони доимии нашрия устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Аббос Алиев, Асаддулоҳи Кошонӣ, Ҳомид Бақозода, Нисор Муҳаммад, Тӯрақул Зеҳнӣ ва даҳҳо нафари дигар на танҳо ба он муваффақ гардиданд, ки чопи рӯзнома идома ёбад, балки сарфи назар аз камбуди молию монеаҳои зиёд барояшон муяссар гардид, ки нашрияҳои дигаре чун «Ширинкор»-у «Мулло Мушфиқӣ»-ро рӯйи чоп оранд. Эшон ба ин васила тавонистанд дар айёми барои миллати тоҷик басо душвору тақдирсоз арзишмандтарин хидматро анҷом диҳанд. Ёдашон ба хайру гиромӣ ва руҳашон шод бод!
Сироҷиддин ИКРОМӢ
«Адабиёт ва санъат», 22 августи соли 2024, № 33.