6. ҚИССАИ ҲОҶӢ

Юнуси ИМОМНАЗАР

 

6. ҚИССАИ ҲОҶӢ
Ба назарам ҳар як хатокори ба шаҳрбонӣ7 расида гуноҳкор буд, мебоист ҷазо бигирад. Фикр мекардам, барои ман, ки постдори қонун ҳастам, ҳама кор равост. Боре намозхонеро аз хонааш берун кашида, пас аз задану латукӯби фаровон ба кунҷи зиндон равона кардам. Он замон ҳеч ба хаёлам наомада буд, ки ин бадрафториам бароям сангин тамом мешавад. Шаби ҳамон рӯзе, ки намозхонро ба ҳафт сол буриданд, маро ду бародараш аз дари хонаам дуздида бурданд.
Дар канори шаҳр ба оғилхонае дароварда, даст ба даст то замоне, ки аз ҳуш нарафтам, мушту лагадкорӣ карданд. Дар поёни ин зӯригарӣ зарбаи яке аз онҳо ба коси поям чунон сахт расида буд, ки садои шақарросие гӯшҳоямро кар кард, гӯё ки дар пеши чашмонам санги чахмоқ зада бошанд, оташаке ҷарақа зад ва бо як оҳи дардолуди баланд худро гум кардам. Рӯзи дигар соҳиби оғилхона мани беҳушу абгорро дида ба бемористон мебарад...
То имрӯз осори он қасос бо ман аст, пойи печу муҳрашудаам8 мудом дард дораду ранҷ медиҳад. Дар айни ҳол банда дар роҳи ҳаҷ қарор дорам, мебояд тавба кунам, аз Худо омурзиши гуноҳҳоямро бихоҳам... Ба ин маънӣ занак ҳам ёдрас карда буд: «Инак, фурсати муносиб дар даст доред, замони тавбаву тазарруъ дар ихтиёри шумост.
Мегӯянд, амалҳои ҳаҷ ҳазор-ҳазор ширку тақсиру ҷурмро аз байн мебарад...»
– Рафиқ! – садои нобаҳангоми ҳамхонаам Дарвеш маро ба по хезонд, ки бо либосҳоям ба рӯйи тахтхоб пинак рафта будаам. – Ту аз хоб сер мешавӣ ё не? Бубин, мо шомро хондем, ҳоло хуфтанро ҳам гузошта омадем, ту бошӣ саратро аз болин намебардорӣ, ҳазён мегӯйӣ!
Аз доду фарёди ӯ ногаҳон асабонӣ шудам, саҳл монд аз хӯйи бад ҳарфи беҷо занам, вале ба худ омадам ва мулзамона гуфтам:
– Чӣ кор кунам, иродаам дасти худам нест, бародар.
– Он чӣ иродаест? Бо моӣ, аммо бо мо нестӣ! Имрӯз масҷиди Зуқиблатайнро зиёрат кардем, намози асрамонро дар он ҷо хондем. Ту бошӣ, наомадӣ ба дохил!
Дарвеш асабонӣ менамуд. Ба ҷойи хоби худ рафту дубора ба пас гашт. Дар ҳоле ки ба чеҳрааш ҷойи ғазаб изҳои ноумедӣ менишаст, дуруст ба чашмҳоям нигоҳ карда афзуд:
– Оё медонӣ, он намозгоҳ ҳамон масҷиди табаррукиест, ки Ҳазрати Муҳаммад бо нозил шудани ояи «Қибла» дар он ҷиҳати қиблаи мусалмонҳоро тағйир додааст. Оре, аз он дам инҷониб, мо на ба Байтулмуқаддас, балки ба Каъбатуллоҳ саҷда мекунем!
– Ман... – мехостам шарҳи ҳол кунам, вале хамхонаам дигар ба ман гӯш намекард. 
– Ту аз ҳама ҷо саркашӣ мекунӣ! Ҳатто аз зиёрати гӯристони Бақеъ, ки дар он чандин саҳобаи паёмбар ва аҳли байти ӯ дафн шудаанд! Магар нашунидаӣ, ки ин аввалин қабристони мусалмонон аст? – бо таъкиди бештар гуфт Дарвеш ва роҳравон дар пешорӯям афзуд:  – Рафиқ, ту, ки имон надоштаӣ, истиғфорро намедонӣ, гуноҳу хатоҳоятро тан намегирӣ, чаро омадӣ ба ҳаҷ? Ту тасбеҳ нагӯйӣ, намоз нахонӣ, чӣ кор мекунӣ дар ин ҷо? Гумон мекунӣ, фақат бо либоси фохира пӯшидан кас ба ҷое мерасад?
Аз ин накӯҳиши ҳамхона мӯйҳои баданам рост хест. Ӯ ҳақиқатро мегуфт, он чиро бо чашми худ медид, ба забони маломат меовард. Дигар ҷойи пинҳон кардани ҳолу аҳвол намонд. Ҳақирона ба сӯяш дида дӯхта, ниҳоят «кафидам»:
– Бародар, ҳар чӣ мегӯйӣ, рост аст. Афсӯс, ки ман ҳеч кадоме аз ин амалҳоро ёд нагирифтаам. Мани осиро бубахш, агар донӣ, ба ин сафар омаданам як амри тасодуф буд. Мехостам дар ин хусус бо ту суҳбат кунам, лекин то ҳол рӯям нашуд.
– Наход ки...
– Оре, аҳволи ман ҳамин аст, ки воқиф шудӣ. Хоҳишан, роҳ нишон деҳ, бигӯ, ки ман аз ин тангно чӣ хел раҳо ёбам?
Дарвеш мустамандии маро дида хомӯш шуд, аз ҷаҳл фуромад. Ӯ дар гӯшаи тахтхоби ман нишаста, даст аз пешониву мӯйҳояш кашид. Чанд муддат ба нуктаи номаълуме дида дӯхта охирсар гуфт:
– Туро Худо бубахшад... Ман фикр кардам, бо коҳилию танбалӣ ба коре даст намезанӣ. Магар қабл аз омадан ба масҷиди маҳаллаатон нарафта будӣ, суҳбате бо муллоҳои масъул надоштӣ?
– Не, ҳама кори маро ҳамсарам дуруст кард. Ҳоло кам-кам мефаҳмам, ки беҳуда ба ин сӯ омадаам. 
Дарвеш бо лабханд ба ҷониби ман рӯ гардонд.
– Ҳоло ин тавр гӯй... – гуфт ӯ ва бо ирода афзуд: – Лекин ҷойи афсӯсу надомат нест!
Ман, ки бо ту ҳастам, ҳамааш нағз мешавад, ман туро худоҷӯй мекунам!
Аз ин  бархӯрди ҳамхонаам ба шигифт омадам, дар ҳоле ки боварам намеомад, суоломез ба ӯ нигаристам. Дарвеш ба суханаш идома дод:
– Агар тавонам фароизи динамонро бароят ёд диҳам, ин кори савобе аз сӯйи ман хоҳад шуд. Танҳо чизе, ки лозим аст, ваъдаи туст, рафиқ!
– Бародар, ту аз ман бузургтарӣ – ҳам ба солу ҳам ба илм. Ҳар чӣ мефармоӣ, ман дар  хидматат ҳастам. Саъй мекунам дигар бо худ наболида, аз ғуруру такаббури қаблиам фориғ шавам. То ин ҷо донистам, ки дигар ба қафо роҳ нест, аз ҷамоат ҷудо шудану танҳо гаштан сахту сангин будааст.
Дарвеш бо мамнуният гуфт:
– Хеле хуб, дар оғози кор ту бояд имон оварӣ ва тасдиқ кунӣ, ки Худо яккаву ягона аст ва ҷуз Худованди меҳрабону бахшоянда худои дигаре нест. Ман бароят гузоштани намозро ёд медиҳам ва ҳамин пагоҳ намози бомдодро дар масҷиди Набавӣ бо ҳам мехонем, чӣ гуфтӣ?
– Ба чашм!
– Чашмат бебало бошад! Хуб шуд, ки сари вақт худро ошкор кардӣ. Қарор аст, пасфардо ба сӯйи Макка раҳсипор шавем, раҳораҳ бояд барои анҷоми амалҳои умра намоз гузошта ният бикунем. Ҳоло дар тасаввурам намеғунҷад, ки ту бо ин ҳол амали ниятро чӣ гуна анҷом медодӣ. Бигӯ, алҳамдулиллоҳ!
– Алҳамдулиллоҳ!

7.Шаҳрбонӣ – идораи пулиси шаҳр.
8.Печ ва муҳра – ба ҷойи ин вожаҳо «болт» ва «гайка» низ гуфта мешавад.                    
         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: