60 ФОИЗ БАЧАҲО БО БОҒЧА ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД

Дар вилояти Тошканд соли ҷорӣ зиёда аз 460 муассисаи таълими томактабӣ ташкил дода мешавад.

Дар «Харитаи роҳ»-и соли ҷории вилоят ва дар доираи барномаи  «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» 17, дар асоси барномаи инвеститсия 1, инчунин, 250 муассисаи таълими томактабии ғайридавлатии оилавӣ, 121 хусусӣ, дар асоси шарикии давлативу хусусӣ 77 муассисаи таълими томактабӣ фаъолияти худро ба роҳ мемонад.
Назар ба маълумотҳо, ҳоло дар вилоят шумораи бачаҳои синни  томактабӣ қариб 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар зиёда аз 710-то боғча беш аз 81 ҳазор нафар писарону духтарон тарбия мегиранд. Агар дар аввали соли 2018 дараҷаи фарогирии кӯдакон ба боғча 32 фоизро ташкил карда бошад, нишондиҳандаи мазкур дар охири сол дар натиҷаи ба роҳ мондани  фаъолияти 235 муассисаи таълими томактабӣ аз 41 фоиз гузаштааст.
– Солҳои охир базаи моддиву техникии боғчаҳо, бахусус, дараҷаи фарогирии бачаҳо дар муассисаи таълими томактабӣ дар деҳот таассуфовар буд, — мегӯяд муовини ҳокими вилоят оид ба корҳои сиёсати ҷавонон, маънавиву маърифат ва рушди иҷтимоӣ Одилҷон Тоҷиев. — Бо ташаббуси Президентамон соҳа аз нав эҳё мегардад. Ба хусус, дар асоси фармону қарорҳои роҳбари давлат доир ба такмили соҳа барои соҳибкорон имконияти васеъ фароҳам оварда шуда, ба он намояндагони сектори хусусӣ ҷалб карда мешавад. Дар натиҷа аз ҷиҳати шумораву сифат пешравии ҷиддӣ ба назар мерасад. Масалан, дар вилоят соли ҷорӣ ташкил кардани 466-то муассисаи таълими томактабӣ ва дар онҳо имконияти фаро гирифтани зиёда аз 38 ҳазор кӯдак ба нақша дароварда шудааст, ки дар беш аз 90 фоизи онҳо намояндагони сектори хусусӣ иштирок мекунанд.
Аз рӯйи ҳисобу китобҳо, баъди пурра амалӣ шудани нақшаҳо, дар охири сол зиёда аз 60 фоизи бачаҳои синни боғча бо таълими томактабӣ фаро гирифта мешавад.
Имсол дар вилоят дар доираи барномаи инвеститсия 43-то муассисаи таълими томактабӣ аз таъмири пурра ва ҷорӣ бароварда мешавад.

А. ХУДОЙҚУЛОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: