60 РӮЗИ ДОЛУЗАРБИ ҚАШҚАДАРЁ

Ҳокими вилояти Қашқадарё Муротҷон Азимов дар ҷаласаи таҳлилӣ таҳти унвони «Соати ҳокимият” моҳҳои июл ва августро «60 рӯзи долузарби бо кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таълими касбӣ” эълом дошт.

Ҷаласа бо ширкати роҳбарони тамоми секторҳо, идораву муассисаҳои бонуфуз ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ доир гардида, дар он бештар муаммову мушкилоти ҳаёти ҷавонон мавриди муҳокима қарор гирифт. Таъкид гардид, ки Президент Шавкат Мирзиёев ин қишри неруманди ҷомеаро такягоҳи муҳими Ватан унвон кардааст ва эътибор ба ҳаёти онҳоро аз вазифаҳои асосии калонсолон хондааст. М. Азимов гуфт, ки дар вилояти Қашқадарё имрӯзҳо 60 муассисаи таълими касбӣ фаъолият мекунанд, ки дорои 44360 ҷои таҳсил мебошанд. Айни ҳол дар ин таълимгоҳҳо аз рӯи 183 пешаи мақбул ва талабшаванда таҳсили илм ҷараён доранд ва 27947 нафар донишҷӯро фаро гирифтааст. Аммо ба таъкиди пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ банд намудани ҷавонон бо шуғли муносиб вазифаи долузарб аст ва масъулияти бештаре мехоҳад. Эълом шудани 60 рӯзи долузарби бо кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таълими касбӣ ғамхории муҳиме дар ҳаққи ҷавонон аст. 
Дар ҷаласа ҳамчунин бо шуғли доимӣ ва муносиб таъмин намудани аҳолии вилоят низ муҳокима гардид. Ҳокимияти вилоят дар пеши худ вазифа гузошт, ки аз ин баъд низ дар робита ба таъмини аҳолӣ бо шуғли муносиб босамар кор мекунад ва татбиқи дастурҳоеро, ки аз рӯи қарору фармонҳои Президент қабул шудаанд, зери назорати қатъӣ мегирад.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар Қашқадарё.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: