61 ОИЛА СОҲИБИ ХОНАВУ ҶОЙ ШУД

Дар маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур масъулони ҳокимияти вилоят, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, нурониҳо, фаъолони маҳалла ва ходимони ВАО иштирок карданд.

Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки дар мамлакатамон барои дастгирии шаҳрвандони имконияти ҷисмониашон маҳдуд, ногироҳо, бо хонаву ҷой ва мувофиқи қобилияташон бо кор таъмин намудани онҳо як қатор корҳо татбиқ мегарданд.
Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи чорабиниҳо доир ба рушди дастгирии ногироҳо аз ҷониби давлат» дар ин соҳа дастуруламали муҳим гардид. Дар чаҳорчӯбаи иҷрои ҳуҷҷати мазкур, ошёнаи якуми бинои серошёнаи шаҳри Бекобод, ки ғайризист буд, барои истиқомати шаҳрвандон бо тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шуд.
– Ман ва ҳамсарам Зайнабхон ногирои гурӯҳи II мебошем, – мегӯяд М.Тоҷибоев. – Росташро гӯям, ҳатто аз орзу кардани хонаву ҷойи нав ҳам метарсидем, чунки медонистем, ки рӯи об баромадани ин орзу имконнопазир аст. Аммо дар дил ин орзуро мепарваридем. Имрӯз орзуи деринаи мо ҷомаи амал пӯшид. Аввало ба Президенти кишвар, ба инсонҳое, ки дар ин кори хайр сару кор доранд, миннатдории худро баён месозем.
Оилаи ногироҳо аз шаҳрҳои Ангрен ва Чирчиқ, ноҳияҳои Бекобод, Бӯка, Оҳангарон, Пискент ва Тошканд низ соҳиби чунин хонаҳои замонавӣ гардиданд.
Дар чорабинӣ ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Кумитаи занону духтарони ҷумҳурӣ Т.Норбоева иштирок кард.

А. ХУДОЙҚУЛОВ,
мухбири ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: