7,5 МИЛЛИОН СӮМ ДАР ҲАМЁНИ «ДУШМАН»

Ягона иштирокчии барҳаёти Ҷанги бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Самарқанд Аҳадбобо Очилови 95-сола дар деҳаи Арабхона зиндагӣ ба сар мебарад.

Ба қарибӣ ҳокими ноҳия Шуҳрат Ҷамолов барои супурдани 7,5 миллион сӯм мукофотпулӣ ба хонадони ӯ ташриф фармуд. Аҳадбобои барнодил аз дидори меҳмонони олиқадр курта-курта гӯшт гирифт.
– Ман аввало вазифаи боифтихори худро иҷро намоям, – гуфт Шуҳрат Ӯроқович ва як даста пулҳои садҳазорсӯмиро ба пирамарди хонадон супурд, – илоҳо, синну соли шумо ба ҳамаи моён – меҳмонон насиб кунад.
– Ман аввало ба ҳаққи сарвари давлатамон дуо мекунам, ки нисбати мо чунин ғамхориҳо менамоянд, – бо ҳисси шодмонӣ изҳор дошт собиқадори ҷанг Аҳадбобо. – Соли гузашта дар қабули Президентамон будам ва барои он кас ба забони тоҷикӣ ва русӣ сурудҳои солҳои ҷангро иҷро кардам. Шавкат Миромонович маро ба оғӯш кашид ва бо завқ хандид. Имсол ҳам ба Тошканд даъватнома гирифтам.
Сипас, вай мукофотпулиро ба ҳамёни чармини бо мурури замон рангбохта андохт. Ҳама бо ҳайрат сӯяш нигаристанд.
– Ин ҳамён аз солҳои ҷанг нишона, – бо табассуми малеҳ фаҳмонд Аҳадбобо. – Ман соли 1942 ба ҳимояи Ватан сафарбар гардидам. Дар шаҳри Ашқобод ду моҳ тайёрӣ дида, ба ҷанг рафтам. Дар ихтиёри қӯшунҳои пиёдагард ҳамчун минамиётчӣ барои аз душман озод кардани шаҳру деҳоти Қафқози шимолӣ, Украина, Молдова, Руминия, Венгрия иштирок кардам. Шаҳди ғалабаро дар Берлин чашидам. Ин ҳамёнро, – мӯйсафед бо табъи болида ба атрофиён зеҳн монд, – дар шаҳри Кечкимети Венгрия ҳамчун туҳфа гирифтам. Он рӯз танкҳои бешумори русуми «Тигр» («Паланг») сӯйи мо ҳамла кард. Супориш шуд, ки ҳар як сарбоз ду дона гранатаи дастӣ гирифта, сӯи чархаш партояд. Ман имконияти қулайро ёфта, баки сӯзишвории техникаи пуриқтидори душманро таркондам. Ҳамин вақт командири он бо автомат берун омад. Ман аз таппонча чанд тир холӣ кардам, ки яктояш ба дасташ расид ва ӯ автоматро партофта, таслим шуд. Ҳангоми кофтуков маълум гардид, ки ӯ афсари немис буда, дар кисааш ҳамёни чармин доштааст. Аз дохили он ҳуҷҷатҳои гуногун баромад. Ходимони махсус коғазҳоро гирифта, ҳамёнро ба ман ҳадя намуданд. Беш аз 75 сол боз он ҳамроҳи ман аст.
Дар арафаи 40-солагии Рӯзи ғалаба бо писарам ба шаҳри Санкт-Петербург рафтем. Дар меҳмонхонаи «Москва» ҷой гирифта, дар як базми бошукӯҳи байналхалқӣ ширкат варзидем. Ҳамин вақт аз гурӯҳи сайёҳони Германия шахсе ба сӯям бо диққат нигарист. Сипас, бо ёрии тарҷумон пурсид, ки ман соли 1944 дар шаҳри Кечкимети Венгрия будам ё не?! Зуд фаҳмидам, ки гап дар бораи чӣ меравад. Ҳамёнро аз кисаам гирифта ба ӯ дароз кардам. Вай ҳамёни чарминро аз назар гузаронд ва баргардонда дода, дасташро боло кард ва ба ҷойи захм ишоракунон гуфт, ки тири ман ӯро аз марги муфоҷо нигоҳ доштааст. Вагарна то охири ҷанги хонумонсӯз шаҳид шуданаш мумкин буд. Вай ҳатто маро ба шаҳри Бонн, ба меҳмонӣ даъват кард. 
Воқеан, Аҳадбобо Очилов падари шаш нафар фарзанд ва бобои дуогӯйи қариб 70 нафар набераю абера аст. Саломатии ӯ мустаҳкам буда, мунтазам бо варзиш машғул мебошад.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов, раиси шуъбаи вилоятии хазинаи «Нуронӣ»-и вилоят Ҳасан Нормуродов ва дигарон низ ба хонадони ӯ ташриф фармуда, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва гулҳои тару тоза супурданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
ноҳияи САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: