7. АЛЛОМАЕ, КИ БУХОРОРО «ҚУББАТ-УЛ-ИСЛОМ» КАРДААСТ

Фиқҳшиноси номвари олами ислом

ПАНДУ НАСИҲАТ ВА ФАТВОИ 
АБУҲАФСИ КАБИР
(Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
*** 
Қувваи ҳофизаи Абуҳафси Кабир қавӣ буд. Дар китоби «Салоти Масъудӣ» дар ин хусус чунин маълумот ҳаст:
Се донишманди бузург – Хоҷа Абуҳафси Кабир, Халаф ибни Айюб ва Абусулаймони Ҷурҷонӣ дар назди Имом Муҳаммад таҳсили илм кардаанд. Он чизеро, ки ҳамсабақон дар як сол меомӯхтанд, Абуҳафс дар як  моҳ азхуд мекард. Ва он чизеро, ки ҳар ду дар як моҳ азбар менамуданд, Абуҳафс дар як ҳафта меомӯхт. Чизи дар як ҳафта омӯхташавандаро дар як рӯз азхуд мекард. Ҳамсабақон дар куҷое чизеро мешуниданд, дар худи ҳамон ҷо навишта мегирифтанд. Абуҳафс ягон чизро барои худ қайд намекард, аммо он чизе, ки мешунавид, дар хотир медошт. Рӯзе рафиқон бо тааҷҷуб сабаби инро аз ӯ пурсиданд. Аллома чунин ҷавоб дод: «Ман илмро чунон азхуд менамоям, ки ҳоҷати китоб ё навиштан дар коғаз намемонад. Ман илмро дар қалб менависам». Халаф ибни Айюб ва Абусулаймони Ҷурҷонӣ гуфтаанд: «Бале, ин кори дуруст. Аммо агар мабодо марг пеш ояд ва чизе мондагор набошад, ба муъминот аз шумо чӣ ба хотир мемонад?» Хоҷа гуфт: «Ман дар байни ду дарё (Мовароуннаҳр) умр ба сар мебарам. Аз он  хавотир дорам, ки агар сабақҳои аз устод гирифтаамро навишта, ба шакли китоб ораму вақте тавассути дарё мегузарам, китобҳо ба дарё афтода тар шавад, коғазу ранг нобуд мегардад». 
Аммо рафиқону ҳамсабақон бештар водор месохтанд, ки китоб нависад. Ӯ аз ноилоҷӣ навиштани китобро оғоз кард ва китобҳои зиёд офарид. Дар назди Имом Муҳаммад таҳсили илмро хотима бахшида, фатвои устодонро гирифт ва ба хона баргашт. Халаф ибни Айюб роҳи Балх, Абусулаймони Ҷурҷонӣ роҳи Самарқанд ва Абуҳафси Кабир роҳи Бухороро пеш гирифтанд. Вақте назди дарё омад, китобҳо ба дарё афтоду тар шуд. Имкони хондани китобҳо намонда буд. Абуҳафс дарк намуд, ки таъбири хобаш ин аст. Хоҷа аз дарё баромада, ба канори он омад. Ба нафаре аҳволашро фаҳмонду ба Бухоро фиристонд. То омадани корвон Абуҳафси Кабир ҳамаи он китобҳоро чунон навишт, ки ягон ҳарфи «алиф» дар пеш ва ягон ҳарфи «ё» дар қафо навишта нашудааст, яъне китоб дар асл чӣ гуна бошад, ҳамон тавр навишта шуда буд.
***
Куня, яъне лақаби падари Имом Бухорӣ Исмоил ибни Иброҳим – Абул Ҳасан буда, парҳезкор, донишманду зоҳид буд. Дар бораи ӯ худи Имом Бухорӣ дар китоби «Ат-таърих ал-кабир» («Таърихи бузург») навиштааст, ки «Ӯ Ҳаммод ибни Зайдро дидааст ва бо Абдуллоҳ ибни Муборак бо ду даст вохӯрдӣ кардааст». 
Ӯ аз Молик ибни Анас илм омӯхта, аз Солеҳ ибни Муборак, Абу Муовия ҳадисҳо ривоят кардааст.
Исмоил ибни Иброҳим устоди Абуҳафси Кабири Бухорӣ, Яҳё ибни Ҷаъфари Пайкандӣ ва дигарон буд.
Шогирди ӯ Абуҳафси Кабири Бухорӣ ривоят кардааст, ки «Пеш аз вафоташ ба назди устодам Исмоил ибни Иброҳим даромадам, ӯ гуфт, ки «дар байни ҳамаи амволам, ёд надорам, ки ягон дирҳамӣ чизи шубҳаовар дошта бошам». Он гоҳ худам ба назарам беарзиш намудам.
***
Тавре ки Варроқ – мирзои Имом Бухорӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) ривоят мекунад: 
«Ба ӯ аз падараш моли зиёд мерос монда буд, ӯро ба музораба медод. Қарздор бисту панҷ ҳазори ӯро надод. Ба ӯ гуфтанд, ки «Мактуби волиро бигирӣ, кумак мерасонад». «Агар ман аз онҳо мактуб бигирам, онҳо аз ман тамаъгар мешаванд. Динамро ба дунё иваз нахоҳам кард», — гуфт ӯ.
Ба ӯ моле, ки Абуҳафси Кабир дода буд, овардаанд. Шаб як гурӯҳ савдогарон омада таклиф кардаанд, ки панҷ ҳазор дирҳам фойда медиҳанд. Ӯ гуфт, ки «ҳоло интизор бошед».
Пагоҳии он рӯз савдогарони дигар омаданд ва даҳ ҳазор дирҳам пешниҳод карданд. Ӯ гуфт: «Ман дирӯз ба касоне, ки аввал омаданд, додани ин амволро ният карда будам. Бар хилофи ин ниятам амал карда наметавонам». Ва амволро ба аввалиҳо дод.

Шеърҳо дар бораи Абуҳафси Кабир

Ному насабаш Аҳмад ибн ал-Ҳофиз,
Низ ӯро куният Бу Ҳафс,
Дар сади панҷо буд шаъни мавлудаш,
Фавти он Хоҷа буд эй огоҳ,
Дар санаи ду саду дар ҳафтдаҳ.

(Китоби «Назми Муллозода»).
                 *** 
Ҳазрати Бу Ҳафси диёнатпеш,
Зикр кардааст дар китоби хеш.
Қавли Бу Ҳафс эҳтиёт аст он,
Дар ҳадя бо қавли кори хайр дон.

(Сӯфи Аллоҳёр, «Маслак-ул-муттақин»).


Абдулғафур Раззоқи БУХОРӢ,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро.

Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Институти 
шарқшиносии ба номи
Абурайҳони Берунӣ, доктори улуми таърих.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: