7 ноябр - Рӯзи бузургдошти Абдураҳмони Ҷомӣ

ҲИКОЯТҲО АЗ «НАФАҲОТ-УЛ-УНС»

Абулҳориси Авлосӣ

Вай гуфта, ки: «Рӯзе бо Иброҳими Алавӣ аз кӯҳи Лаком меомадам, лашкарие дарозгӯш занеро гирифта буд, он зан ба мо истиғоса (мадад) кард. Иброҳим бо он лашкарӣ сухан гуфт. Қабул накард. Дуо кард, он лашкарӣ ва зан ҳарду биафтоданд. Баъд аз он зан бархост ва лашкарӣ бимурд. Ман гуфтам: Дигар бо ту мусоҳабат намекунам, ки ту мустаҷоб-уд-даъваӣ. Метарсам, ки аз ман беадабӣ зоҳир шавад ва бар ман дуо кунӣ. Гуфт: Эмин нестӣ? Гуфтам: Не! Пас, васият кард ва гуфт: То битавонӣ, ба камтар чизе аз дунё қаноат кун!»

Шақиқи Балхӣ 

Вақте бо Иброҳими Адҳам гуфт, ки: «Шумо дар маош чӣ гуна мекунед?» Гуфт: «Мо чун меёбем, шукр мекунем ва чун намеёбем, сабр мекунем». Шақиқ гуфт: «Сагони Хуросон ҳамчунин мекунанд». Иброҳим гуфт: «Пас, Шумо чун мекунед?» Гуфт: «Мо чун ёбем, исор кунем (бахшем) ва чун наёбем, шукр кунем». Иброҳими Адҳам бӯса бар сари вай дод ва гуфт: «Устод туӣ».

Сарии  Сақатӣ 

Ҷунайд гуфта, ки: «Вақте пеши Сарии Сақатӣ будам нишаста, қавме бар дари сарои вай буданд нишаста. Сарӣ маро гуфт: Кист бар дар, ҳеҷ бегона нест? Гуфтам: На, дарвеше ҳаст, ҳамин кор меҷӯяд. Гуфт: Вайро бихон! Хондам. Сарӣ бо вай дар сухан омад. Дер бимонд. Ва сухан чунон борик шуд, ки ман ҳеҷ дарнаёфтам.Тангдил гаштам. Охир Сарӣ гуфт: Шогирдии кӣ кардаӣ? Гуфт: Ба Ҳирот маро устоде аст, ки фароизи намоз маро ба вай мебояд омӯхт, аммо илми тавҳид ӯ маро талқин мекунад. Сарӣ гуфт: То ин илм дар Хуросон ба ҷой бувад, ҳама ҷой бувад. Чун он ҷо бирасад, ҳеҷ ҷо наёбӣ».

Аҳнафи Ҳамадонӣ 

Вай гуфта, ки: «Ибтидои кори ман он буд, ки дар бодия будам танҳо. Монда шудам. Дасти ниёз бардоштам ва гуфтам: «Худовандо, заифам ва барҷоймонда ва ба зиёфати ту омадаам. Чун ин гуфтам, дар дили ман афтод, ки маро мегӯянд: Туро кӣ хондааст? Гуфтам: Ё Раб, ин мамлакате аст, ки туфайлиро гунҷоӣ дорад. Ногоҳ касе аз паси пушти ман овоз дод. Бознигаристам, дидам, ки аъробие аст бар шутур савор. Гуфт: Эй аҷамӣ, куҷо меравӣ? Гуфтам: Ба Макка. Гуфт: Туро хондааст? Гуфтам: Намедонам. Гуфт: Вай на дар ин роҳ иститоат  (тавоноӣ) шарт кардааст? Гуфтам: Оре, валекин ман туфайлиам. Гуфт: Некӯ туфайлиӣ ту, мамлакат кушода аст.  Гуфт: Метавонӣ, ки ин шутурро ғамхорагӣ кунӣ? Гуфтам: Оре! Аз шутур фуруд омад ва ба ман дод ва гуфт: Бирав ба хонаи Худои таъоло!»

Абӯшуайби Мақнаъ

Гӯянд: «Дар охирин ҳаҷ саге дид дар бодия, ки аз ташнагӣ забонаш аз даҳон берун омада буд. Бонг зад, ки: Кист, ки ҳафтод ҳаҷ ба як шарбат об бихарад? Шахсе як шарбат об ба вай дод. Онро ба он саг дод ва гуфт: Ин беҳтар аст маро аз ҳаҷҳои ман». 

Абӯусмони Мағрибӣ

Вай гуфта, ки: «Ибтидои даромадани ман дар ин кор он буд, ки ман аспе ва саге доштам ва дар яке аз ҷазоир пайваста шикор мекардам ва косае доштам чӯбин, ки дар он шир мекардам. Рӯзе хостам, ки аз он коса шир хӯрам, он саг бонги бисёр кард ва бар ман ҳамла овард, чунонки маро аз шир хӯрдан боздошт. Чун бори дувум қасд кардам, ки шир бихӯрам, боз бар ман ҳамла кард. Чун бори сеюм хостам, ки бихӯрам, сар дар он коса кард ва ширро хӯрдан гирифт. Дарсоат омос кард ва бимурд. Ҳамоно, ки вай дида буд, ки море сар дар он шир карда буд, худро фидои ман кард. Чун онро дидам, тавба кардам ва дар ин кор даромадам».

Баргардони 
Х. ҲАМИДОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: