Дар байни онҳо чеҳраҳои шинохта мисли Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Маҳмуд Аҳмадинажод низ ҳастанд.
Бинобар хабари “Тасним” , дирӯз, 3-юми июн, сабтиноми довталабҳо барои иштирок дар интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Эрон ба анҷом расид. Дар маҷмуъ, 80 нафар расман барои довталаб ба курсии президенти ин кишвар сабтином шудаанд, ки аз миёни онҳо 4 зан низ ҳастанд.
Аз шинохтатарин чеҳраҳое, ки дар ду рӯзи охир барои рақобат дар интихобот сабтином гардиданд, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар Эрон ва Маҳмуд Аҳмадинажод, расиҷумҳури собиқи Эрон мебошанд. Аҳмадинажод аз соли 2005 то 2013 президенти Эрон буд.
Ӯ дар интихоботи президентии солҳои 2017 ва 2021 низ сабти ном шуда буд, вале Шӯрои нигаҳбони Конститутсияи Эрон номзадии ӯро барои ширкат дар интихобот тасдиқ накарда буд.
Сабтином барои ширкат дар интихоботи зудҳангом дар Эрон рӯзи 30-юми май оғоз гардида, то асри дирӯз давом кард. Танҳо рӯзи 3-юми июн 43 нафар расман сабти ном шуданд, ки дар байнашон 3 зан низ ҳаст.
Муҳаммадтақӣ Шоҳчароғӣ, раиси ситоди интихоботи Эрон, дар поёни рӯзи охирони номнависӣ ба интихобот гуфтааст, ки дар умум дар тайи 5 рӯзи гузашта, 278 нафар барои иштирок дар интихобот муроҷиат карданд, ки аз ин миён 80 нафар сабтином гардидаанд.
Рӯйхати ниҳоии номзадҳо ба мақоми президентии Эронро 11-уми июн Шӯрои нигаҳбони Конститутсия, ки аъзои ӯ таъйин ё аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии ин кишвар тасдиқ мешавад, нашр хоҳад шуд.
Баъд аз ин давоми ду ҳафта – аз 12 то 26 июн мумкин аст, ки таблиғоти интихоботӣ баргузор гардад. Интихоботи президентӣ 28-уми июн доир мегардад. Агар зарурат ба миён ояд, даври дуввуми интихобот 5-уми июл барпо мегардад.