80-СОЛАГИИ «БУЗУРГВОР»-И «ОВОЗИ ТОҶИК»

18-уми марти соли равон агар доктори илмҳои филологӣ, профессор, барандаи Мукофоти байналхалқии ба номи Бобур Ҳасан Қудратуллоев дар қайди ҳаёт мебуд, 80-солагиашро истиқбол мекард.

18-уми марти соли равон агар доктори илмҳои филологӣ, профессор, барандаи Мукофоти байналхалқии ба номи Бобур Ҳасан Қудратуллоев дар қайди ҳаёт мебуд,  80-солагиашро истиқбол мекард.
Вай фаъолияти илмиашро аз соли 1968 чун пажӯҳишгар дар Институти забон ва адабиёти АУ Ӯзбекистон оғоз бахшид. Ҷараёнҳои адабии Хуросону Мовароуннаҳр дар асрҳои XV-XVI, муаммоҳои меъёрии талаботи адабӣ-эстетикии ҳамин даврро мавриди тадқиқ қарор дод, нуқтаи назари илмӣ-таҳлилиашро вобаста ба фаъолияти эҷодии Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Восифӣ, Хондамир ва хусусан Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар мақолаҳои хеш «Дар ҷисмам ҷон ниҳон», «Бобур – вориси салтанати Амир Темур», «Шоири туркинажоди Хуросон», «Шахсияти Навоӣ дар «Ҳабиб-ус-сияр» ва ҳоказо возеҳу равшан баён намуд.
Баъдтар низ доираи тадқиқотҳои илмӣ-таҳлилиашро дар мавзӯъҳои фавқ густариш бахшид. Монографияҳояш «Нуқтаи назари адабӣ-эстетикии Бобур» (1983), «Олами адабӣ-эстетикии Навоӣ» (1991), «Армони Бобур» (2005) аз ҷониби мутахассисон ва алоқамандони соҳаи адабиётшиносӣ баҳои баланд гирифтанд.
Ҳ. Қудратуллоев асное дар Ҷумҳурии Афғонистон ба сифати тарҷумон (1976-1980, 1983-1986) хидмат мекард, ба душвориҳои давр ва мураккабии шароит нигоҳ накарда, ҷустуҷӯҳои илмиашро давом дод, доири ҷараёни адабию сиёсии Афғонистоне, ки набардҳои хунинро аз сар мегузаронд, дар матбуоти даврии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бештар аз 20 мавод чоп кунонд. Ба навиштаҳояш нашрияҳои Афғонистон низ мароқ зоҳир намуданд.
Ҳ.Қудратуллоев дар анҷуманҳои илмии Фарҳангистони улуми Афғонистон бо маърӯзаҳои илмиаш иштирок мекард. Донишманди даризабон паштуро низ омӯхт. Дар мураттабсозии «Луғати русӣ-дарӣ дар соҳаи ирригатсия», ки соли 1986 иборат аз 11 ҷузъи чопӣ дар Кобул ба нашр расид, саҳм гирифт.
Яке аз шохаҳои фаъолияти илмӣ-эҷодии Ҳасан Қудратуллоевро тарҷумонӣ ташкил менамуд. Вай асарҳои Абдурауф Фитрат «Баёноти сайёҳи ҳинд» ва «Давраи ҳукмронии Амир Олимхон»-ро аз форсӣ-тоҷикӣ ба ӯзбекӣ баргардондааст. Ҷуз ин аз асарҳои Айнӣ ва Хондамир порчаҳо ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Вай дар баргардониши мақолаҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба забони халқи бародар низ маҳорати хуби тарҷумонӣ нишон дод.
Шахсони камшумор фаъолияти илмӣ ва корҳои ташкилӣ-роҳбариро якҷо пеш мебаранд. Ҳ.Қудратуллоев чун адабиётшинос ва ходими ҷамъиятӣ дар ин самт низ ӯҳдабароӣ нишон дод. Солҳои 1989-1993 ҳамчун мудири кафедра дар Институти ирригатсия ва муҳандисҳои механизатсияи кишоварзии Тошканд, солҳои 1993-2010 ба сифати мудири шуъба, мудири секторҳои аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозадиҳии Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон хидмат намуд. Як муддат директори Маркази таълими методии ҷумҳурӣ таъин гашт. Ҳамчун Сарконсултанти Девони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ (1995-1996) софдилона фаъолият намуд. Солҳое, ки (1996-2003) дар Донишкадаи давлатии педагогии Ангрен ба сифати ректор адои вазифа мекард, маскани таълими зикршуда бо татбиқи «Барномаи таълимии омодасозии кадрҳо» ба як қатор муваффақиятҳо ноил гашт.
Ҳ.Қудратуллоев боз ба Тошканд баргашт, фаъолияти илмӣ ва педагогиашро дар даргоҳҳои бонуфуз (Вазорати таълими халқ ва Институти марказии бозомӯзӣ ва такмили малакаи ходимони роҳбари таълими халқи ба номи Авлонӣ) то рӯзҳои охири умр (2020) муштарак пеш бурд.
***
Феҳрасти тадқиқотҳои илмӣ-публитсистии Ҳасан Самадовичро аз назар гузаронда, сермаҳсулиашонро баръало пай мебарем. Мақолаҳои илмии дар матбуоти даврӣ чопкардаашон низ бо рангорангӣ ва фарогирии мавзӯъот ҷолиби диққат. Аз «Известия» сар карда, то «Тошкент ҳақиқати» муттасил баромадҳо мекарданд. Устод зуд-зуд ба «Овози тоҷик» низ омада, бо мақолаҳои ҷолиб саҳифаҳои рӯзномаи моро обод месохтанд. Ба ходимон устодона маслиҳатҳо медоданд. Нигоҳи гарм ва дилбардор доштанд раҳматӣ.
Ҳасанака ба ташкили Маркази миллии фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ сару бар гаштанд. Аснои раисиашон ба марказ якчанд чорабиниҳо доир гаштанд, ки хеле хотирмон буданд. Давраи як дараҷа мураккаб буд он вақтҳо, ҳатто дар бораи дӯстии тоҷикону ӯзбекон бо эҳтиёт ҳарф мезадем, вале дар ҳамин гуна як шароит кори марказро ҷасурона пеш бурданд ва дар сарҷамъии ин ду бародархалқ то андозае саҳм гирифтанд. Дар чорабиниҳо ҳозиршавии арбобони намоён низ маҳз бо шарофати обрӯи он кас буд. Наҷмиддин Комилов, Носир Муҳаммад (равонашон шод бод), Теша Мӯъминов ва дигар чеҳраҳои шинохта бо баромадҳои самимӣ маҳфилҳоро гарм месохтанд, ки ҳеҷ фаромӯш намешавад.
Устод Ҳасан Самадзода баъди хатми Донишгоҳи давлатии  Самарқанд (1965) як муддат дар Фарғона низ кор карда буданд. Чун муҳаррир ва барандаи шуъбаи тоҷикии радиои вилоят ба ҳудудҳои тоҷикнишин, хусусан кӯҳистони Сӯх зуд-зуд меомаданд. Пайвандиашон ба Сӯх ҳамон вақт оғоз ёфта буд. Таассурот ва хотираҳои нек доштанд аз ин гӯшаи тоҷикнишин. Баъдтар низ бо супориши ҳукумат як моҳ дар Сӯх шуда ва баробари иҷрои вазифа риштаҳои муносибат бо сӯхиёнро боз мустаҳкам сохтанд.
Устод дар чорабиниҳои «Овози тоҷик», рӯзномаи барояшон қадрдон низ фаъолона иштирок мекарданд. Вопасин баромадашон дар 95-солагии рӯзнома, ки дар Китобхонаи миллии ба номи Навоӣ баргузор гашт, ҳамон дар пеши назар...
Инак, дар таҷлили ҳаштодсолагӣ ба дил ва дида қаринии бузургвор (бале, он кас ба чашми ходимони «Овози тоҷик» бузургвор метофтанд) дигарбора эҳсос мегардад.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: