9 МЕРОСИ МАДАНИИ ВИЛОЯТИ ФАРҒОНА ҲОЛИ ХАРОБ ДОРАНД

Фарғона аз қадимулайём бо неруи ғании маънавию маърифатии худ, ёдгориҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳои муқаддасаш машҳур аст.

Фарғона аз қадимулайём бо неруи ғании маънавию маърифатии худ, ёдгориҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳои муқаддасаш машҳур аст.
Дар ин сарзамини бостонӣ ганҷҳои бебаҳо ва ашёи мероси рангоранги ҳама давру замон ҳифз шудаанд. Аз ҷумла, дар вилоят 376 ёдгорӣ мавҷуд буда, 117-тоаш археологӣ, 139-тоаш меъморӣ, 32-тоаш монументалӣ, 88-тоаш ҷойҳои тамошобобро ташкил медиҳад.
Имрӯз 183 объекти мероси моддии маданӣ аломатҳои муҳофизатӣ доранд. Аммо 193-то объект дар 19 шаҳру ноҳия аломати муҳофизатӣ надоранд. Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 9 мероси маданӣ дар вилоят барқарор карда шуд. Аз объектҳои мадании вилоят 67-тоаш хуб, 248-тоаш қаноатбахш, 52-тоаш ғайриқаноатбахш ва 9-тоаш дар ҳолати хароб қарор дорад. Дар ҳамин ҳол, ошкор шуд, ки баъзе аз роҳбарони шаҳру ноҳия аз объектҳои мероси маданӣ ва минтақаҳои наздисарҳадии он бо мақсадҳои гуногун истифода мебаранд. 3 қарори раиси шаҳри Қӯқанд, 5 қарори раиси ноҳияи Қува ва 1 қарори раиси ноҳияи Учкӯприк бар хилофи қонуни «Дар бораи ҳифз ва истифодаи мероси маданӣ» қабул карда шудаанд.
Ба прокуратураи ноҳия оид ба ғайриқонунӣ истифода бурдан аз ҳудуди ҳифзи ёдгории археологии «Қува шаҳристони»-и асри IV пеш аз милод – асрҳои V-VII-XIII милодӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони «Тошканд» мактуб фиристода шудааст. Аммо то ба имрӯз ягон муносибат зоҳир ногардидааст. Инчунин, дар ҳудуди ёдгории археологии «Сариққамиштепа»-и асрҳои I-VI ҳудуди маҳаллаи Оқтепаи ноҳияи Фарғона аз ҷониби сокини ҳамин маҳалла Ҷ.Мирзораҳимов бидуни ягон рухсат ғайриқонунӣ корҳои сохтмон анҷом дода шудаанд. Бинобар ин ҳолат ба прокуратураи ноҳияи Фарғона дархост фиристода бошанд ҳам, чорае дида нашудааст.
Объектҳои мероси маданӣ сарвати халқи мо мебошанд. Бинобар ин, нигоҳ доштан ва ба наслҳои оянда расондани онҳо вазифаи муҳими мост.

Маъсудҷон СУЛАЙМОНОВ,
мухбири УзА.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: