90-СОЛИ РӮЗНОМА

Рӯзномаи Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Шофиркон ва ҳокимияти ноҳия «Шофиркон овози» 90-сола шуд.

Шумораи аввалини он соли 1932 таҳти унвони «Колхоз зарбдори» рӯи чопро дидааст. 
Рӯзнома аз соли 1998 ин тараф бо унвони «Шофиркон овози» ба дили ҳаводоронаш ғизои маънавӣ мебахшад. Онҳоро бо қарору ҳуҷҷатҳои муҳимтарини давлатӣ, ислоҳоту дигаргуниҳо, бунёдкориҳои азими диёр, меҳнати суботкоронаи ҳамватанон, комёбию дастовардҳои эшон шинос карда, ба  саҳмгузорӣ баҳри бунёди Ӯзбекистони Нав раҳнамун месозад.
Бисёр олиму адибон, хабарнигорони шинохта ин ҷо кор кардаанд.Чанде пеш рӯзнома саҳифаи тоҷикӣ низ дошт. Вай солҳо фаъолият нишон дод. Дар ҳамоиши ба муносибати ҷашни рӯзнома ҷонишини ҳокими вилоят Миралӣ Ҳамроев ҳозиронро бо воқеаи таърихӣ муборакбод намуда, номаи табрикии ҳокими вилоят Ботир Зарифовро ба ҷамоа қироат кард ва ба онҳо тӯҳфаҳои пурқимат, инчунин ифтихорномаҳо супурд. Ҳокими ноҳия Ҷамшед Шарофов низ дар бораи роҳи шарафноки тайнамудаи рӯзнома, муҳаррирону хабарнигорони шоистаи он ҳарф зада, ҷамоаи рӯзнома ва мухлисони онро бо ҷашни фархунда муборакбод намуд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори  «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: