Ағбаи Тахтақорачаи Қашқадарё муваққатан баста шуд

Хабар

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар ағбаи Тахтақорача, ки вилоятҳои Самарқанд ва Қашқадарёро мепайвандад, барфи зиёд борид ва ҳаракати нақлиётро дарин минтақа хеле мушкил намуд. Ин манбаъ меафзояд, ки ҳудуди як моҳ қабл низ чунин вазъият ба вуқӯъ пайваставу убури ағба муваффақат боздошта шу.
Бино ба ин манбаъ дирӯз низ айнан чунин вазъият рӯи кор омадааст ва шоҳроҳи М-39, ки аз ҳудуди ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё мегузарад, муваққатан барои ҳаракати нақлиёт баста шудааст.

Интизор меравад, ки чунин тасмим барои ҷилавгирӣ аз садамаҳои мухталиф ҳаракати васоити нақлиёт гирифта шудааст ва дар фурсати зуд ин ағба кушода мешавад. Гуфта мешавад, ки барои аз барф тоза кардани роҳҳоо ва яхи он аз омехтаи регу намак истифода мекунанд.
Чунин ҳол рӯзи гузашта дар мавзеи ағбаи Қамчики шоҳроҳи А-373 Тошканд-Ӯш низ ба мушоҳида расидааст ва бар асари бориши барф, тумани ғафс, ки танҳо масофаи то 50 метрро дидан мумкин аст ва лағжонии роҳ тамоми қува барои бартараф кардани мушкилӣ равона шудааст ва дар он кормандони Вазорати вазъи изтирорӣ ширкат доранд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: