Абдуҷаббори СУРӮШ

Ҳам торҳо, ҳам пудҳои мо маҳаллиянд...

Ҳам торҳо, ҳам пудҳои мо маҳаллиянд...
Ширини ман! Ширин!
Ман дардҳои иҷтимоъиро чу дарди худ 
бо рамз мегӯям ба ту, то мо давояшро биҷӯем. 
Вақте ки  бемор аст як миллат, пайи ташхиси беморӣ бояд талоше кард, 
то роҳи шифояшро биҷӯем.
Гар миллат уфтодаст... дар чоҳи фаромӯшӣ,
Фарёд бояд зад, ки камтар аз ҷиноят нест хомӯшӣ!
Ширини ман! Ширин!
Бисёр мехоҳам, ки занбӯри асал бошам,
Ба ҷамъи занбӯрони дигар хонае пур аз асал бошам.
Дар иҷтимоъи занбӯрҳо умре
Миллат шавам, берун зи ҳаҷми як маҳал бошам...
Ҷамъияти моро ба як ҷамъияти миллӣ бадал созам...
Аммо, дареғо, орзуям орзуи кӯдаке хурд аст!
Эй вой... дар ин ҷо ҳама морон, ҳам мӯрон маҳаллиянд.
Ҳатто ки занбӯрон маҳаллиянд.
Ширини ман! Ширин!
Рӯзе, ки Баҳманёр – Шаҳаншоҳи Сармаддеҳ мекард аз ин дунё реҳлат,
Марсияе гуфтам ба сад андӯҳ ман аз номи як миллат...
Дидам, ки беш аз дигарон
аз марги ӯ рӯди Зарафшон гиряҳо мекард...
Эй вой... ҳатто чашмаҳову рӯдҳои мо маҳаллиянд,
Ҳам торҳо, ҳам пудҳои мо маҳаллиянд...
Андешаҳои мо чаро дар ҳаҷми як ҷӯбораки хурд аст?
Эҳсоси миллиамон магар мурдаст?
Ширини ман! Ширин!
Афсӯс, то ҳоло маҳаллием,
Дар ҳар куҷову нокуҷоҳо мо маҳаллием...
Дар ин фазо ҳатто маҳаллием.
Бар зиндаҳоямон шеваи мадҳу ситоиш маҳаллиянд,
Бар мурдаҳомон низ нолишҳо маҳаллиянд...
Андешаҳои мо чаро дар ҳаҷми як «қишлоқак»-и хурд аст?
Эҳсоси миллиамон магар мурдаст?
Ширини ман! Ширин!
Бояд бидонанд ин «маҳаллӣ»-ҳо,
Гар миллати комил нагардад мардуми тоҷик,
Бошад давоми қисмати талхаш дар ин дунё парешонӣ.
Охир зи танҳоӣ, зи коноӣ, зи сарсонӣ
гум мешавад дар роҳи торикӣ,
Мефитад андар чоҳи торикӣ.


Ҷавоби уқоб

Аз уқобе пурсиданд:
– Оё тарси ба замин афтидан надорӣ?
Уқоб лабханде заду гуфт:
– Ман инсон нестам, ки бо каме ба баландӣ рафтан такаббур кунам! Ман дар авҷи баландӣ нигоҳам ҳамеша ба замин аст.

Ҳамеша хубӣ кунед

Вақте парранда зинда аст, мӯрчаҳоро мехӯрад. Аммо вақте мемирад, мӯрчаҳо ӯро мехӯранд.
Замон ва шароит дар ҳар он метавонад тағйир ёбад. Дар зиндагӣ ҳеч касро озор надиҳед. Шояд имрӯз қудратманд бошед. Аммо ёдатон бошад, вақт аз шумо қудратмандтар аст.
Аз як дарахт миллионҳо дона чӯби гӯгирд месозанд. Аммо вақту замонаш бирасад, фақат як дона чӯби гӯгирд барои сӯзондани миллионҳо дарахт кофист.
Пас, дар зиндагӣ инсони хубе бошед ва ҳамеша хубӣ кунед.

Таҳияи ВОРИС.


БЕДИЛ – ПАЙВАНДГАРИ ХАЛҚҲО
Адами вуҷуди инсон ҳама дар Ту 
маҳву ҳайрон,
Зи барат куҷо равад кас, 
ки Ту бекаронӣ охир.
Мирзо Абдулқодири БЕДИЛ

Таърихи гузашта ва имрӯзаи халқҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Шарқи исломро, ҳамҷиҳатӣ ва пайвастагии ба худ хосест, ки ин ҳамоҳангӣ дар оянда низ яке аз вазифаҳои шарафнок ва инсонпарварии авлоди оянда маҳсуб меёбад. 
Мафҳумҳое аз қабили байналмилалӣ, дӯстии халқҳо, фарохдилӣ ба қарибӣ пайдо нашудаанд. Онҳо аз қадимулайём ба қаробати халқу миллатҳо хидмат кардаанд.
Яке аз бузургоне, ки дар таърихи халқҳои Шарқ соҳиби мавқеи баланд ва обрӯву эътибор гардидааст, Мирзо Абдулқодири Бедил мебошад.
Маълум, ки Бедил соли 1644 дар Патнаи наздики шаҳри Азимободи Ҳиндустон таваллуд шудааст. Падари ӯ Абдулхолиқ аз тухмаи барлосҳои муғул буд. Ӯ дар Шаҳрисабз таваллуд шуда, дертар бо лашкари Заҳириддин Бобур ба Ҳиндустон омадааст. Вай дар ин кишвар ба сифати яке аз шахсони бомаърифати давраи худ шинохта шуда буд.
Аҷдоди модари Бедил дар асрҳои X-XI аз Нишопур ба Деҳлӣ кӯч бастаанд. Дар баъзе манбаъҳо волидаи шоирро аз авлоди Амир Хусрави Деҳлавӣ қаламдод кардаанд. 
Бедил таълими ибтидоӣ ва дарси аввалини худро доир ба шеър аз модараш мегирад, зеро аз падар дар чорсолагӣ ятим монда буд. Дар таълиму тарбияи шоир амакаш Мирзо Қаландар ва тағояш Мирзо Зариф ба модараш кӯмак расонда, бобати омӯхтани забонҳои арабӣ, ҳинду, урду ва илми тасаввуф нерӯ ва донишҳои худро дареғ надоштаанд.
Истеъдоди Бедил аз бачагӣ маълум буд. Рубоиҳои овони ҷавониаш атрофиёнро ба ҳайрат мегузошт. Бори аввал дар синни бист девони шеърашро тартиб додааст. Ин рубоии ӯ, ки дар айёми ҷавонӣ гуфтааст, маъноҳои зиёдеро дар бар дорад:
То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,
З-иқбол даре ба рӯйи кас боз нашуд.
Фӯлод ба оҳан шараф аз ҷавҳар ёфт,
Бе илм зи ҷинси хеш мумтоз нашуд.
Таъкид намудан ҷоиз аст, ки Бедил ба сифати аллома, адиби серғайрат, сермаҳсул ва ҷӯянда аз худ мероси ғанӣ боқӣ гузошт. Вай ҳамаи асарҳояшро бо забони форсӣ-тоҷикӣ навиштааст.
“Куллиёт”-и ӯ 130 ҳазор мисраъро дар бар мегирад. Ҳаҷми ашъори насрияш беш аз 50 ҷузъи чопӣ аст.  Ӯ дар китоби “Чор унсур” доир ба ҳаёт, тарҷумаи ҳол ва эҷодиёташ фикрҳои ҷолиби диққатро баён намудааст. 
Ҳамасронаш ба ӯ унвони “Абулмаонӣ” –  “Падари маъниҳо”-ро доданд.
Ба ҷуз “Чор унсур”, асарҳои ӯ – “Тилисми ҳайрат”, “Муҳити аъзам”, “Тури маърифат” ва “Ирфон” маълуму машҳуранд. Бо достони “Комде ва Мадан”-и ӯ хонандагон хуб ошноянд. Дар асоси ин асар аз тарафи эҷодкорони “Ӯзбекфилм” филми “Достони ду дил” офарида шудааст, ки мухлисон онро то ҳол бо завқ тамошо мекунанд.
Яке аз хидматҳои бузурги Бедил дар он аст, ки ӯ дар назм забони шеъри маънодор, яъне “сабки ҳиндӣ”-ро ба авҷи аълояш расондааст. Сабки мазкур ба чандин насли шоирони форсизабон таъсири назаррас гузошт. 
Дар боло доир ба муштаракот ва ҳамҷиҳатии эҷодии халқҳову адабиётҳо ҳарф задем. Бешубҳа, тадқиқи ҳамаҷониба ва дақиқи ҳаёт ва эҷодиёти Мирзо Бедил ва пурзӯр намудани ҷараёни ба забони ӯзбекӣ баргардондани осори ӯ ба равшан намудани масъалаҳои норавшан замина фароҳам меоварад. Зеро, дар гузашта дар сарзаминамон – Мовароуннаҳр анъанаи “бедилхонӣ” устувор буд. Фозилон, олимон, зиёиёну аҳли эҷод ҷамъ омада, дар хусуси асарҳои Бедил мубодилаи афкор менамуданд, дар бораи маъною мазмуни абёти ӯ мулоҳиза меронданд. Дар мақолаи Шоири халқии Ӯзбекистон Абдулло Орипов – “Маънои садум” нақле оварда шудааст, ки ба ҳама маълум. Зеро, дар аҳди пеш касе, ки аз як байт якчанд маъно пайдо мекард, ба сифати ғолиби  бедилхонӣ тақдиронида мешуд. Донишманде дар яке аз чунин шабҳои шеър аз як рубоии Бедил 99-то маъно ёфта, ба таҳсину офаринҳо сазовор мегардад. Ҳамон шаб ба хоби ӯ Мирзо Бедил даромада, аз маънои садумини рубоӣ ӯро воқиф месозад.  
Мақсад аз мухтасар сухан рондан доир ба ҳаёт ва эҷодиёти намояндаи бузурги адабиёти форс-тоҷик Абдулқодири Бедил ин аст, ки агар корҳои таҳлилу тадқиқ ва ташвиқ бино ба нақша, пайгирона ва пурвусъат роҳандозӣ карда шаванд, барои беш аз пеш пурмаъно ва серқирра гардидани намунаҳои эҷоди ҳамзамонон ва ба вуҷуд омадани як майдони маънавию рӯҳонӣ мусоидат мекард. Зеро мероси маънавию маърифатии аҷдоди воломақоми мо ба насли имрӯз ҳар қадар наздику фаҳмо бошад, пояи дӯстиву рафоқат ва якдилии халқҳо ба он андоза мустаҳкам мегардад.
  
Саттор ШЕРМАТОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: