Абдулло ОРИПОВ: “БО ВАТАН ТАВЪАМ УМРУ БАХТИ МАН АСТ...”

Шоири халқии Ӯзбекистон Абдулло Орипов аз тавонотарин суханваронест, ки дар осмони пурсафои назми муосири ӯзбек чун ситораи тобнок нурпошӣ карда, мавқею манзалати хоси эҷодӣ пайдо кардааст.

Шоири халқии Ӯзбекистон Абдулло Орипов аз тавонотарин суханваронест, ки дар осмони пурсафои назми муосири ӯзбек чун ситораи тобнок  нурпошӣ карда, мавқею манзалати хоси эҷодӣ пайдо кардааст. Шеъри дилкашу ботаровати ӯ моломоли эҳсосот ва андешаҳои фалсафианд. Гӯё аз қалами ӯ каломи бадеъ тозагӣ ва назокат пайдо кардааст. Ба ин маънӣ, худи шоир дар шеъри “Сози ман” гуфтааст:
Шоирам ман, гар 
намедонӣ, бидон,
Нест чун сози дигарҳо 
сози ман.
Ҳар куҷое бишнавӣ 
оҳанги он 
Мерасад бар гӯши 
ту овози ман.
Шоири навҷӯ маромномаи шоирӣ ва заҳмати эҷоди шеъри асилро хуб шинохта, кори шоирӣ ва масъулияти бардоштани бори суханро саҳлу сода ва арзу тӯли роҳи онро осон напиндоштааст.
Абдулло Орипов 21 марти соли 1941 дар деҳаи Некӯзи ноҳияи Косони вилояти Қашқадарё таваллуд ёфтааст. Дар факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд таҳсил намуда, маҷмӯаи аввалинашро бо номи “Митти юлдуз” (“Ситораи хурд”) соли 1965 чоп намудааст. 
Истиқлоли шоирӣ ва зери даст намудани ҳунари адабӣ ба Абдулло Орипов дар охири солҳои 60-ум ва ибтидои 70-уми асри ХХ муяссар гардидааст. Дар ин давра баёни шоир мушаххасу шевотар, гӯётару гиротар ва лангардортар гардида, паҳно ва вусъат пайдо кардааст. Шеъраш дар қатори ашъори шоирони номдори он давр Эркин Воҳидов, Рауф Парфӣ вирди забони мардум ва аҳли эҷод шуд. Камолоти шоириаш бошад, ба солҳои 90-уми асри ХХ ва оғози қарни ХХI рост меояд. Мутолиаи ашъори Абдулло Орипов нишон медиҳад, ки ӯ тамоми умри хешро сарфи ҷустуҷӯи сабку равия, воситаҳои тасвири муносиб барои гуфтани шеъри нағзи дархури даврони хеш намудааст. Вай дар қолабҳои шеъри муосир, шеъри нав, суннатӣ, тасвирӣ намунаҳои хубе гуфтааст.
Абдулло Орипов муаллифи китобҳои зиёди шеърӣ мебошад, ки ба забонҳои гуногун ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи шеърҳои ӯ бори аввал соли 1984 дар Душанбе тавассути нашриёти “Ирфон” таҳти унвони “Ихлос” дастраси хонандагони тоҷик гардида буд. Ашъори рангини ин маҷмӯа, аз қабили “Дӯстам, най бидеҳ”, “Дорбоз” “Чашма”, “Модар”, “Зан”, “Хотирот”, “Ёди рафтагон”, “Монологи тафаккур”, “Қасамдара”, “Дорулфунун”, “Уқоб”, “Ҳамехоҳам туро доим сароям” дар тарҷумаи Саидалӣ Маъмур равон баромада, ба ҳаводорони шеър писанд афтода буданд. 
Дар ашъори Абдулло Орипов мавзӯи Ватан мавқеи ҷудогонаро соҳиб аст. Дар ин гуна шеърҳо ӯ бо дард сухан мегӯяд. Дарди ӯ – дарди Ватан, дарди халқ, дарди имрӯзу фардои инсоният мебошад. Шеъри ӯ ҳамеша баҳри тавсифи Ватан бо муҳаббат суруда мешавад. Ин аст, ки барояш Ватан ҳамчун Модар муқаддасу азиз мебошад:
Лозим ояд, ман ба амри 
қалби худ,
Меравам бар ҳифзи халқу 
кишварам.
Баҳри шуҳрат ман 
намесозам талош,
Баҳри ному қадри худ 
бахшам сарам.
Аз дурӯғу ғайбату макру 
фиреб,
Мекашам худро канор, 
эй дӯстон.
Шеъри худро мегузорам 
ман баланд,
Бар ҳама пастии он 
ноодамон,
Баҳри тавсифи 
Ватан-Модар мудом.
Бо муҳаббат месароям 
шеъри худ.
Дар манзумаи «Ӯзбекистон» бошад, шоир ғояи олии ватандӯстиро тараннум намуда, рӯҳи матини халқ ва азму иродаи оҳанинро дар роҳи ободию осудаҳолии Ватани азизу муқаддас ва минбаъд ҳам баланд гаштани обрӯю эътибори он васф менамояд. Дар манзума алоқаи мустаҳками наслҳо, силсилаи афкору эҳсос ва қарзу масъулият ягонагии тамом пайдо кардааст:
Шеър мегӯям ба номат, 
кишварам,
Ҳастӣ бемонанд баҳрам 
ҷовидон.
Шоирон бинмуда тавсифи 
Ватан,
Шӯҳраташ созанд боло 
дар ҷаҳон.
Шеъри онҳо мебарорад 
болу пар,
Мекунад парвоз бар кунҷу 
канор.
Гарчи ҳамчун достони нотамом,
Менамоӣ дар назар, 
зебо диёр,
Лек оҷиз монд, 
дар васфат қалам.
Ӯзбекистон, эй диёри
 дилкашам!..
(Тарҷумаи Саидалӣ Маъмур)
Ҳамин тавр, садои матини ғурури инсониву миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар аксари шеърҳои Абдулло Орипов танинандозанд ва акси ин садо қалби хонандаро низ моломоли ифтихор менамояд. Чунончи, шеъри “Ӯзбекистонро чаро ман дӯст медорам?”. Қаҳрамони лирикии ин манзума ҳамчун вориси шоистаи ормонҳои халқи азизашро бо ифтихор ба забон гирифта, суоломез мепурсад:
Ӯзбекистонро чаро ман 
дӯст медорам?
Меситоям боғҳои 
дилкушояшро.
Ҳамчу ҷонам мепарастам, 
гарм мебӯсам,
Ин Ватанро, хоки поки 
ҷонфизояшро?...
ва бо ифтихору садоқатмандӣ чунин посух медиҳад, ки аз он хонанда ҳам ба сидқу вафо, ҷасорату корнамоӣ сафарбар мегардад: 
Гул кунанд, ай кош 
кишварҳову миҳанҳо,
Боғҳо рӯянд низ андар 
яхистонҳо.
Ай Ватан! Ҳар кӣ агар аз 
баҳри сарватҳот
Дӯстат дорад, наёмурзаш 
варо асло!
(Тарҷумаи Паймон)
Абдулло Орипов дар шеърҳои ба Ӯзбекистон ва халқҳои он бахшидааш дӯстию бародариро низ самимона ба қалам гирифтааст. Ба ақидаи шоир, бузургии ин кишвар дар иттиҳоду якдилии мардуми меҳнатдӯсти он аст. Ба ҳамин маънӣ, ӯ дар ғазали “Ӯзбеку тоҷик” дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбекро басо самимӣ ва пандомез ба қалам гирифтааст, ки аз дӯстиву рафоқати ибратангези халқҳоямон шаҳодат медиҳад.
Ёру бародар аз азал, 
ӯзбеку тоҷик,
Чун шоҳбайти як ғазал, 
ӯзбеку тоҷик,
Ҳайрони он рафоқатам, 
ҷӯям ба он қиёс,
Авло бувад он аз асал, 
ӯзбеку тоҷик.
Бахте бувад Навоиро то 
Ҷомӣ барҳаёт,
Ҳамрешаанд аз он маҳал 
ӯзбеку тоҷик…
Як тарфи марза ӯзбеку як 
тарф тоҷик аст,
Часпад ба кор аз ҳамал, 
ӯзбеку тоҷик.
Ман матлабе дорам фақат: 
эй кош то абад,
Як маънӣ ёбанд аз масал, 
ӯзбеку тоҷик.
(Тарҷумаи Ҷонибек) 
Суханвари донишманд ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тошканд дар қатори осори Фузулӣ, Алишер Навоӣ, Машраб, осори Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Бедил барин намояндагони адабиёти форс-тоҷикро амиқ омӯхтааст. Дар рафти мутолиа, бахусус, аз Ҳофизи бузургвор таъсири файзбахш бардоштааст. Минбаъд дӯстиву рафоқат, ҳамкории эҷодӣ ва мукотибаҳояш бо Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келди, Саидалӣ Маъмур, Алӣ Бобоҷон ва дигар адибони номдори тоҷик ба шахсияту осораш файзу тароват бахшидааст.
Устод Мирзо Турсунзода ба истеъдод ва эҷоди ин адиби  тозагуфтор, ки дар ашъораш фалсафаписандиву тафаккури шарқона ва лиризми амиқ ба назар мерасид, умеду эҳтироми хоса дошт. Шоири ҷавон низ аз фасоҳату малоҳати ашъори Турсунзода ва маслиҳатҳои эҷодии ӯ борҳо баҳраманд гаштани худро  садоқатмандона изҳор кардааст. 
Бад-ин тариқ, Абдулло Орипов  дар мавзӯъҳои иҷтимоию гражданӣ шеърҳои  тасвирию файласуфона ва ишқияҳо гуфтааст, ки мувофиқи табиат ва завқи шуарои мутарҷим  Саидалӣ Маъмур, Алӣ Бобоҷон, Низом Қосим, Ҳақназар Ғоиб, Паймон, Абдулло Субҳон, Ҷаъфар Муҳаммад, Муҳаммад Шодӣ ва дигарон дастраси хонандагон гардида,  ба дилу дидаи онҳо файзу фараҳ мебахшад. Онҳо олами бадеии ҳаводорони шеърро рангинтару ғанитар намуда, нисбати абадияти шахсияту мероси эҷодии ин ситораи дурахшони назми садаи ХХ ӯзбек, ки лауреати Мукофоти давлатии Ӯзбекистон ба номи Ҳамза буду ба шарофати истиқлоли Ватанамон ба унвони Қаҳрамони Ӯзбекистон мушарраф гардидааст ва матни Мадҳияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба қалами ӯ мансуб мебошад,  самимияту эҳтиромашонро рӯзафзун ифода менамоянд.

Абдусалом САМАДОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: