Бузургдошт
Дар таърихи адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷик шоиру нависандагон ва шоҳони истиқлолхоҳу ваҳдатҷӯ кам набудаанд. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абулқосими Фирдавсӣ аз зумраи чунин шоирони истиқлолхоҳи тоҷиканд.
Поягузори адабиёти классикии форс-тоҷик – Рӯдакӣ дар замоне, ки ҳама ба арабӣ шеър менавиштанд, бино ба ташвиқи шоҳ Наср бинни Аҳмади Сомонӣ бо навиштани ашъори ноби тоҷикона истиқлолияти маънавиро ба даст даровард. Шоҳ Исмоили Сомонӣ бошад, бобати ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ талошҳои зиёде ба харҷ додааст. Абёти зерини ҳамосасарои бузурги дунё Абулқосими Фирдавсӣ:
Зи шири шутур хӯрдану сусмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор.
Ки тахти каёнро кунад орзу,
Туфу бар ту, ай чархи гардун, туфу!
халқҳои минтақаро ба мубориза алайҳи истилогарони араб даъват намудааст.
Нависандаи бузурги нимаи аввали садаи ХХ ӯзбек Абдулло Қодирӣ адиби истиқлолхоҳу ваҳдатҷӯ буд, – таъкид гардид дар гирдиҳамоие, ки бахшида ба 124-умин солгарди зодрӯзи адиб бо иштироки шоиру нависандагон, академикон, олимони адабиётшинос ва алоқамандони каломи бадеъ дар толори Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Арбоби санъати Ӯзбекистон, адабиётшинос Иброҳим Ғафуров, академик Наим Каримов, адабиётшинос Баҳодур Каримов, Луқмон Бӯрихон ва дигарон доир ба зиндагинома ва моҳияту аҳамияти тарбиявии осори мондагори адиб фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.
Аз ҷумла Иброҳим Ғафуров гуфт, ки осори ҳаҷман хурди Абдулло Қодирӣ – мақолаву фелетонҳои ӯ ҳанӯз комилан мавриди таҳлилу тадқиқ қарор нагирифтаанд. Қодирӣ дар фелетонҳои хеш камбудиву нуқсонҳои ҳаёти он рӯгорро бо маҳорати ба худ хос қаламдод кардааст, ки барои имрӯзиён намунаи ибрат мебошад.
Осори бузургҳаҷми нависанда «Рӯзгори мозӣ», «Каждум аз меҳроб», «Обид кетмон» шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Хонандаи тоҷик медонад, ки солҳои табъид «Рӯзгори мозӣ»-и нависандаро бори нахуст шоир, нависанда ва олими нуктасанҷ Абдусалом Деҳотӣ ба тоҷикӣ баргардонда буд. Вале тарҷума ҳанӯз рӯйи чопро надида Абдулло Қодирӣ ба ҳабс гирифта мешавад. Абдусалом Деҳотӣ аз бими он, ки «думи нависанда» нагӯянд, дастхаташро як-як бо як дарду алам ба коми оташ медиҳад. Романи мазкур соли 2016 (тарҷумон Истад Қосимзода) аз тариқи нашриёти «Янги аср авлоди»-и пойтахт бо ороишу пероиши олӣ ба дасти хонандаи тоҷик расид.
Дар романи мазкур калорити миллӣ зиёд мебошад. Чунин ба назар мерасад, ки дар ин асари бебаҳо анъанаи романнависии Ғарбу Шарқ ба ҳам омезиш ёфтааст.
Қаҳрамонони асосии асар Ҳоҷӣ Юсуф, писари ӯ Отабек инсонҳои истиқлолхоҳу ваҳдатҷӯянд. Ин маъниро аз фаслҳои «Дарди истиқлол», «Исён», «Тошканд дар муҳосира» метавон дарк намуд.
Роман ба хонанда, сарфи назар аз миллату нажодаш, дарси миллату халқпарварӣ ва меҳандӯстӣ медиҳад.
Тоҷику ӯзбекро баъзан як халқе мехонанд, ки бо ду забон ҳарф мезанад. Ҳамин нукта дар мисоли романи «Рӯзгори мозӣ» равшан ба назар мерасад. Психологияи одамон, ҷиҳози хона, тӯю маросим ва урфу одатҳое, ки дар «Рӯзгори мозӣ» мавриди тасвир қарор гирифтаанд, аз ҳолатҳои равонӣ, урфу одат ва анъанаҳои тоҷикон фарқи казоӣ надорад.
Дар чорабинӣ ба ин ҷониб набераи нависанда Хондамир Қодирӣ изҳор дошт, ки бобояш ба забонҳои арабию форсии тоҷикӣ хуб балад будааст. Асари мазкур далели он аст, ки Қодирӣ на танҳо аз забон, балки аз адабиёт ва зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ низ вуқуфи комил доштааст. Қодирӣ аз забони Ҳоҷӣ Юсуфбек мақоли зерини тоҷикиро овардааст. Ҳоҷӣ ба ҳамсараш Ӯзбекойим рӯ оварда мегӯяд: «Тоҷикон мақоле доранд: «Зӯри беҳуда миён мешиканад»...
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки осори Абдулло Қодирӣ дар романнависии минтақа барои бисёр нависандагон вазифаи мактаби адабиро иҷро кардааст, ки ҳақ асту рост.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».