Абдуллоҳи РАҲМОН ОН ҶО ТУВУ ИН ҶО МАНАМ Лабташнаи ҷоми висол он ҷо туву ин ҷо манам, Аз дасти ҳаҷр афтодаҳол он ҷо туву ин ҷо манам. Ман дӯст медорам туро, шояд ту аз ман бештар, Аммо дар ифшо бемаҷол он ҷо туву ин ҷо манам. Парвоз месозад нигаҳ пинҳо

Моҳи июни соли равон. Чор-панҷ дӯстон барои табрики зодрӯзам омаданд.

Моҳи июни соли равон. Чор-панҷ дӯстон барои табрики зодрӯзам омаданд. Шуҳрати шогирдам китобчаи муҷазеро туҳфа кард. «Базми гул» ном дошт он. Муаллиф — Сулаймони Хоҷаназар. Баъзе чакидаҳои қалби муаллифро аз «Ховар» хондаам, вале оиди ҳаёт ва осори муаллиф тасаввуроти комил надоштам.
Дар паси муқоваи китоб сурати муаллифро ҷой додаанд. Бо диққат ба он назар афкандам. Аз чеҳрааш нур мерезад, нури маърифат, нуре, ки ҷавононро ба роҳи фидокориву бунёдкорӣ ҳидоят мекунад.
«Базми гул»-ро варақ гардондам. Ва бо олами ботинии шоир, ки дар дубайтиҳояш инъикос ёфтааст, ошно шудам. Ӯ дубайтиро «қалби пуршӯр» ва «машъали гӯр»-и худ пиндоштааст. Ҳақ аст шоир. Ҳарчанд ӯ аз байни мо реҳлат намудааст, шарораҳои қалби ӯ бештар дилҳои торикро мунаввар мегардонанд. 
Дубайтӣ, чор унсури манӣ ту, 
Дубайтӣ, қалби пушӯри манӣ ту.
Ба ман маълум, баъди мурдани ман,
Дубайтӣ, машъали гӯри манӣ ту.
Олам  аз назари шоир бепоён аст. Дар табиат ҳамеша ду қувва талош дорад:  некӣ ва бадӣ. Ин ду қувва дар сирати инсон ҳаст. Агар дар қалби яке покиву покизагӣ, ҳалоливу накӯкорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ҳукми амал дорад, баъзе ашхосро фиребкорию ҳарисӣ, дурӯягиву вайронкорӣ хос аст. Ин тоифа одамон ҳамеша пайи ба даст овардани молу сарват ҳаракат доранд. Одаму одамият барои онҳо бегона буда, дунё дар назарашон танг аст. Онҳо аз ҳаёти маънавӣ кам ё умуман огоҳӣ надоранд. Ин ҳодисаи ҳаёти иҷтимоӣ дар дубайтиҳои Сулаймони Хоҷаназар боварибахш инъикос ёфтааст.
Ҷаҳон ҳарчанд бепоён, гули ман,
Ҷаҳон ҳарчанд ҷаннатсон, гули ман.
Ба ин паҳноиву зебоиаш он
Ба чашми танг чун зиндон, гули ман.
Замин аст манзилу макони зисту зиндагӣ ва манбаи ризқу рӯзии инсон. Фасли баҳор сароғози офариниш, бедории табиат ва «ибтидои ибтидоҳост». Фасли баҳорро шоир чун «поядори рӯзгорон» ба тасвир додааст. Дар як дубайтӣ муҷассам намудани ин ҳама хусусиятҳои баҳор аз тавону салиқаи шоир гувоҳӣ медиҳад:
Баҳорон – зеби нози гулъузорон,
Баҳорон – лаззати навхонадорон.
Баҳорон – ибтидои ибтидоҳост,
Баҳорон – поядори рӯзгорон.
Тасвири табиат, ба хусус, хусусияти фаслҳои сол дар дубайтиҳои шоир муҷаз ифода ёфтааст. Ва ранҷу офаринишии  мардум тӯли фаслҳои сол дар талоши зиндагӣ манбаи илҳоми ӯст. Шоир тавонистааст дар як дубайтӣ  тароват ва инкишофи табиат ва ҳам ранҷу самараи меҳнати инсонро тасвир намояд. Ҳама гуна «гулпӯшиву худҷӯшиву пухтанҳо» натиҷаи заҳмату меҳнат аст. 
Баҳорон давраи гулпӯшии мост
Ва тобистон гаҳи худҷӯшии мост.
Ба вақти тирамоҳон пухта гардем,
Зимистон лаҳзаи беҳушии мост.
Мақсаду мароми  адиб пеш аз ҳама ба ташаккули маънавияти инсон таъсир расонидан ва ба тарбияи инсони комил кӯмак намудан бувад. Маънавият ва маърифати инсон чун хуршед нур афканда, дар ҳаёт роҳи инсонро мунаввар менамояд. Вале табиати одамӣ чунин будааст, ки баъзан аз худхоҳиву ноогоҳии худ ба гумроҳӣ роҳ медиҳад ва дар ҷомеа мавқеи худро гум мекунад. Сулаймони Хоҷаназар ин нуқсро  дурбинона огоҳ намудааст.
Намедонам чаро худхоҳӣ, эй гул,
Надонам аз чӣ ноогоҳӣ, эй гул.
Агар рою равиши ту ҳамин аст,
Миёни ду ҷаҳон гумроҳӣ, эй гул. 
Ранҷу заҳмат, офариниш ва фаровонӣ хоси одам аст. Гирифторӣ, дарду озор, осебрасонӣ низ аз одам аст бар одам. Одам аст, ки ин ҳамаро таҳаммул ва паси сар мекунад. Ҳамеша баҳри осоиш ва фаровонӣ дар зиндагӣ талош дорад. Ба ин маънӣ шоир фармуда:
Чу Одам як гирифторе кӣ дида?
Чу Одам дарду озоре кӣ дида?  
Дар ин боғе, ки осеби гулон нест,
Чу Одам гул бари хоре кӣ дида? 
Яке аз мушкилоти ҷомеа таъмини иҷтимоии аҳолӣ буду ҳаст. Ба он ҳар кас назари худро дорад. Ва он низ марбут аст ба олами маънавии инсон. Яке ҳамеша дар талоши беҳбуди зиндагӣ, ободии кишвар ва фаровонии халқ бошад, дигаре ғофил аз он ҳама нолиш аз сохти ҷомеа дорад. Бо ҳамон мафкураи давраи карахтӣ банди эҳсосоти хеш аст. Шоир ин фалсафаи зиндагиро хуб дарк намудааст.
Яке молу хасу хаспора ҷӯяд,
Дигар ганҷе зи мағзи хора ҷӯяд.
Яке ғофил зи сӯзи оташи дил,
Дигар дилро зи оташпора ҷӯяд.
Имрӯз нафаронеро  дучор мекунем, ки маънӣ ва маишати зиндагиро дар пулу сарват, молу давлат мебинанд. Ҳазорҳо сар гӯсфанду буз, гову асп, ду-се хона дар шаҳрҳову ду-се мошини сабукрав доранд, вале аз ҷомеа ва сохтори давлатдорӣ норизо. Ба қонунҳо баъзан риоя намекунанд, аз пардохти андоз саркашӣ менамоянд. Ҳатто ба тарбияи фарзанд бефарқ. Масъулиятро танҳо дар хӯронидан ва пӯшонидани фарзанд мебинанд. Аз маънавияту маърифат дар канор. Шоир ин ҳамаро боварибахш ба назм овардааст.
Миёни зиндаву  беҷон чӣ фарқ аст,
Миёни зираку нодон чӣ фарқ аст?
Муродат гар бувад ишкамчаронӣ,
Миёни одаму ҳайвон чӣ фарқ аст?
Бояд гуфт, ки дар хонишҳои беруназсинфӣ истифодаи дубайтиҳои шоир ҷаҳонбинии хонандаро ташаккул дода, хазинаи забони ӯро бой мегардонад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
омӯзгори мактаби рақами 30-юми 
ноҳияи Нурато.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: