Бевақтии шаби 10-августи соли ҷорӣ маҷмӯи «Пои Калон»-и шаҳри Бухоро намои идона дошт.
Байни мадрасаи «Мири Араб» ва «Масҷиди Калон», наздикии «Манораи Калон» экрани калон гузошта шуда, рӯ ба рӯйи он барои мухлисон – наздикони муштзани бомаҳорати Бухорои Шариф Абдумалик Халлоқов аз курсиҳои қатор тамошогоҳ омода гардидааст.
Маълум аст, ки муштзани баумеди бухороӣ дар дастаи яккачини олимпии Ӯзбекистон дар тоифаи вазни 57 килограмм рақибони худ Небия Иброҳим (Шветсия), Хосе Килес Братанс (Испания), Чарли Сениор (Австралия)-ро пасу пеш мағлуб сохта, ба финал баромада буд. Ҳоло бошад, ҳама интизори муҳорибаи финалии байни Абдумалик Халлоқов ва муштзани Қирғизистон Мунарбек Сайидбек ӯғли, ки соати 00.30 оғоз меёбад, мебошанд.
Ниҳоят бо сардории ҳокими вилоят Ботир Зарифов намояндагони ҷамоатҳо, падару модар ва ҳамгузарони чемпион, ҳамшаҳриён ба мақсади дастгирӣ кардани варзишгари номбардори диёр ин ҷо ташриф оварданд. Садои занг ҳамаро ба тамошои муҳориба ҷалб кард. Ду давраи қувваозмоӣ ба ҳисоби 5:0 ба фоидаи варзишгари бухороӣ ҳал шуд. Дар давраи сеюм низ Абдумалик болодастӣ кард. Шодию хурсандии ҳамшаҳриён ҳадду канор надошт.
Ҳамин тариқ, ба шарафи муштзани Бухоро бори ҳафтум Мадҳияи давлатии Ӯзбекистон танин андохта, Байрақи давлатамон парафшон шуд. Он гоҳ баробари пайкари болои варзишгари тавонои худ қади маҷмӯи Манораи калон, мадрасаҳои гирду атрофи шаҳри куҳан низ гӯё аз ҳарвақта дида ба назар баландтар метофт.
Варзишгари шоиста А. Халлоқов дар Бозиҳои тобистонаи олимпии XXXIII бори аввал сазовори номи баланди чемпиони олимпиада гардида, ба дастаи яккачини олимпии Ӯзбекистон ҳафтумин медали тиллоро барои ҷумҳурӣ дастрас кард.
Абдумалик ҳанӯз ҷавон аст. Вай 9 апрели соли 2000 дар вилояти Бухоро чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Маҳорати баланди муштзанӣ имкон додааст, ки ӯро дар синни 18-солагӣ ба узвияти дастаи яккачини Ӯзбекистон қабул кунанд. Вай чемпиони Бозиҳои олимпии тобистонаи наврасон дар «Буэнос-Айрес-2018» аст. Ӯ дар айни замон ғолиби чемпионатҳои ҷаҳон байни ҷавонон ва қитъаи Осиё мебошад. Абдумалик соли 2021 дар чемпионати ҷаҳон байни калонсолон дар пойтахти Сербия – Белград соҳиби медали нуқра гаштааст. Вай худи ҳамон сол дар Дубай дар қувваозмоиҳои қитъа соҳиби медали биринҷӣ, соли 2022 дар чемпионати Осиё дар Уммон соҳиби медали тилло шудааст. Ӯ соли 2023 дар мусобиқаҳои ҷаҳонии шаҳри Тошканд дар тоифаи вазни 57 кг ғолиб баромадааст. А. Халлоқов сазовори номи беҳтарин варзишгар байни мардон дар соли 2023 гаштааст. Ӯ барандаи унвони «Варзишгари хидматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мебошад.
Халлоқов дар мусобиқаҳои тобистонаи Осиё «Хангжоу-2022» дар тоифаи вазнаш соҳиби медали тилло гашта, ба қувваозмоиҳои олимпии «Париж-2024» роҳҳат гирифтааст.
Имрӯз халқи Ӯзбекистон бо Абдумалик Халлоқов барин фарзандони боиқтидор ва ватанпарвари худ ифтихор дорад. Чи хеле ки волидони ӯ эътироф карданд, имкониятҳои бемисле, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат барои ҷавонони соҳибиқтидори мамлакат фароҳам оварда шудааст, имконият медиҳад, ки фарзандони мо дар миқёси ҷаҳон баробари дигар соҳаҳо дар ҷабҳаи варзиш низ ба натиҷаҳои аз ин ҳам волотар соҳиб шаванд, обрӯю эътибори Ватанро бештар афзоянд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.