«АБРЕШИМ ВА ЗИРАВОР» ДАР БУХОРО

Баргузории ин ҷашнвора дар Бухорои шариф кайҳост, ки анъана шудааст.

Инак, боз меҳмонону мизбонон ин чорабинии ҳунару дӯстиро бо меҳру муҳаббати беандоза истиқбол карданд
Субҳи 25 май шаҳри куҳан намои идона дошт. Арки бостонӣ ва кӯчаву хиёбонҳои гирду атрофи он аз атласу адрас пироҳан ба бар карда, бо шиору лавҳаҳои пурҷозиба, растаи дуконҳо ва мардуми зиёд дилҳоро ба ҷӯш меовард. Ниҳоят садои карнаю сурнай дар фазо танин андохта, беш аз се ҳазор иштирокдорони ҷашнвораро ба ҷунбиш овард.
Намояндагони қавмҳои гуногун, ки сару либосҳои миллӣ доштанд, сӯйи маҷмӯи Лабиҳавз равона гардиданд. Дар ин ҷо маросими тантанавии кушодашавии ҷашнвора бо иштироки намояндагони идораҳои маҳаллии ҳокимияти давлатию ҷамоатӣ, меҳмонони хориҷӣ ба амал омад.
Ҳокими шаҳри Бухоро Карим Камолов меҳмононро «Хуш омадед!» гуфта, дар бораи рушди сайёҳӣ дар мамлакат, аҳамияти фармону қарорҳои сарвари давлат оид ба соҳа, нақши чорабинии мазкур бинобар тарғибу ташвиқи сарватҳои моддию ғайримоддӣ таваққуф кард. Растаю гузарҳои фестивалро маҳсулоти заргарию зардӯзӣ, бофандагию кашидадӯзӣ, кулолгариву кандакории устоҳои халқии ҳудудҳои гуногун, атласу адрасҳои рангин ва маводи абрешимин ҳусну тароват мебахшиданд.
Дар сӯйи дигар бозори зиравор метафсид. Назди мадрасаи Кӯкалдош, маҷмӯи Пойи Калон, атрофи Арк, замзамаи суруду таронаҳои мардумӣ, рақсу сурудҳои дастаҳои ҳунарию фолклорӣ, озмуни шогирдони мактабҳои санъату мусиқии вилоят ҳаводорони санъатро чун оҳанрабо мекашиданд. Дар паҳлӯ ва қафои Арк ҳунарнамоии дорбозон, сангбардорон, мусобиқаҳои гуногуни варзишию бозиҳои халқӣ, шашкабозӣ низ ба амал омада, тамошобинони зиёдро ҷамъ оварда буданд. Хулоса, Бухорои шариф, Бухорои куҳану ҳамешаҷавон бо дилу чеҳраи боз, бо оғӯши гарму нарми меҳмоннавозонаи аҷдодӣ, бо қиёфаи  асливу анъанавӣ барои истиқболи дӯстони дуру наздик сур дошт.
Мувофиқи барнома дар ҷараёни ҷашнвора намоиши ҳунарҳои тарроҳӣ, либосҳои миллӣ, санъати тасвирӣ, «сайри ош», чорабинӣ таҳти унвони «Бухоро васлгоҳи тақдирҳои хушбахт», «Шаби мақом» (баромади дастаи «Шашмақом»), оркестри миллии «Ӯзбекистон», барномаи консертии «Buxoro citi», мулоқоту экскурсияҳо барои меҳмонон, алғараз беш аз 30 лоиҳа татбиқ гардид.
Дар тадбир меҳмонони зиёди хориҷӣ, арбобони фарҳангу санъат, намояндагони созмонҳои байналхалқию ҳайатҳои дипломатӣ, соҳибкорону ҳунармандон аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Ҳиндустон, Олмон, Сингапур ва ғайра иштирок карданд. Вохӯрию мулоқотҳои мо бо чанд нафар меҳмонони худию хориҷӣ, аз ҷумла меҳмон аз Марғилон атласу адрасбоф Юлдуз Ғаниева, аз Туркманистон Шмир Акиниязоваи тарроҳ, Лена Котоваи тадбиркор, аз Тоҷикистон Зулфия Ғаниеваи дӯзанда, Моҳира Самиеваи тарроҳ, Мавҷуда Набиеваи гулдӯз, Усто Содиқ Зарифови шонатарош, Раҳимҷон Розиқови соҳибкор ва дигарон сурат гирифт.
– Мо ба ин ҷо таҳти роҳбарии раиси Бунёди ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон – «Ҳафт пайкар» Мукаррама Қаюмова омадем, – гуфт корманди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Озар Баҳромзода. – Ба шарофати қарори муштараку оқилонаи ду роҳбари халқпарвар – Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон орзуи деринаи мардумонамон ниҳоят ҷомаи амал мепӯшад. Хеле шодам, ки имрӯз бо ҳамдиёрони худ дар оғӯши «таърихи куҳна» сайру гашт дорем.
– Бори шашум аст, ки ба Бухорои шариф омада аз ин тадбири пуршукӯҳ бархурдор мегардам. Ин ҷо талаб ба маҳсули дастонам – маводи чармин: ҳамёну сумка ва ғайра зиёд аст. Баробари ин, дидани дидор ва мулоқот бо ҳамзабонон бароям хеле гуворост. Шаҳри шумо сол то сол ободу зеботар мегардад, – изҳори хушнудӣ кард ҳунарманд аз пойтахти Афғонистон Амири Гадомуҳаммад. 
Вақт хеле зуд мегузарад, хусусан рӯзҳои пурнишот зудгузаранд. Чӣ илоҷ? Ҳар оғозеро анҷомест.
Маросими анҷоми ҷашнвора бегоҳии 26 май дар майдони Арк – Регистон ба вуқӯъ омад. Дар он ҳокими вилоят Ӯктам Барноев сухан кард.
Ғолибони озмунҳо ва меҳмонон бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуданд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
 «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: