Вақте сухан аз дӯстиву якдилӣ ва қаробати халқҳои ӯзбеку тоҷик ба миён меояд, номҳои табарруки ду бузургвор – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ба забон гирифта мешавад.
Зеро дар нигоҳи ғоявию эстетикӣ, ҷаҳонбинӣ ва маслаки ду симои бузург ҳамоҳангиҳоест.
Адабиёти аз ғояҳои неку наҷиб ва бадеият саршори форс-тоҷик ва турк дар эҷодиёти ду шоири бузург таҷассум ёфтаанд. Адиб Ғафур Ғулом таъкид намудааст, ки ҳангоми омӯхтани робитаҳои адабӣ, хусусан ҳамкорӣ ва таъсири мутақобилаи нависандагон, бояд мо ба нуқтаи назари онҳо такя кунем. Зеро дар муносибати байни Ҷомию Навоӣ самимият, қаробат, хоҳишу орзу ва ягонагии халқҳои мо таҷассум ёфтааст. Доираи муштаракоти маънавии онҳо дар ҳамкориҳои эҷодӣ вусъат пайдо кардааст. Ба ин маънӣ шоири машҳур, вассофи дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик Мирзо Турсунзода дуруст фармудааст: «Мисли Ҷомию Навоӣ халқҳои мо ҳамдилу мададгори якдигаранд. Шабеҳи ситораҳое, ки ба мову шумо яксон нур мепошанд, сарвати маънавии мо низ муштарак аст».
Бояд алоҳида қайд намуд, ки анъанаи зуллисонайнии Навоиро ҳамзамонони ӯ Атоӣ, Саккокӣ, Лутфӣ, Гадоӣ, Амирӣ идома доданд, дар қарнҳои баъдӣ дар доираи адабии Бухоро, Қӯқанд, Самарқанд шоирон Бобур, Байрамхон, Гулханӣ, Махмур, Маъдан, Фазлии Намангонӣ, Нодира, Маҳзуна, Увайсӣ ва дигарон ба ин анъана содиқ монданд.
Ҷиҳатҳои ибратпазире, ки адабиёти халқҳои тоҷику ӯзбекро баҳам мепайванданд, зиёданд. Дар ин саҳми намояндаи барҷастаи адабиёти садаи ХХ тоҷик Мирзо Турсунзода назаррас аст. Муносибати дӯстонаи байни Мирзо Турсунзода ва шоиру нависандагони ӯзбек дар ҳамкориҳои эҷодии ба худ хос саҳифаи нав кушод. Адиб ҳангоми таҳсил дар Тошканд дар пайравӣ ба устоди худ Садриддин Айнӣ беҳтарин осори адабиёти классикии ӯзбекро мавриди омӯзиш қарор дод. Бо Ойбек, Ғафур Ғулом, Ҳамид Олимҷон, Зулфия, Комил Яшин дӯстӣ ва ҳамкориҳои эҷодиро ба роҳ монд. Бисёр шеърҳои шоирро шоирони саршиноси ӯзбек бо маҳорати зиёд ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардаанд. Ба туфайли тарҷумаҳои шоиставу боистаи Ғафур Ғулом, Барот Бойқобилов, Нормурод Нарзуллоев, Ҷонибек Қувноқ, Маҳмуд Тӯлқин шеъру достонҳои беҳтарини ӯ ба мулки маънавии халқи ӯзбек табдил ёфтанд.
Қаҳрамони Ӯзбекистон Абдулло Орипов фикру мулоҳизаҳои Мирзо Турсунзодаро оиди ҳифзи қаробати маънавии халқҳоямон ба ёд оварда, самимона чунин навиштааст: «Ифтихормандам, ки мо ба насиҳату васиятҳои устод Мирзо Турсунзода содиқ мондаем. Дарвоқеъ, устод Мирзо Турсунзода инсони дилбаре буд, ки забони ӯзбекиро амиқ медонист. Вақте дар толори Колоннаи Маскав, баъди баргузории шаби ёдбуди Ғафур Ғулом ба меҳмонхона мерафтем, акои Мирзо ба ман гуфтанд: «Додарам, Абдулло, пули бузурги байни халқҳои ӯзбеку тоҷик – Ғафур Ғулом аз дунё даргузашт. Чунин ба назар мерасад, ки мо ҳам пир шудаем. Шумо адибони ҷавон бо ҳам бештар мулоқот ва рафтуо кунед, меҳр дар чашм. Ин суханони ӯ ҳанӯз дар паси гӯшам садо медиҳанд».
Вақте сухан аз қаробату ҳамкориҳои адабӣ меравад, бояд гуфт, ки ҷустуҷӯҳои эҷодии Ҷалол Икромӣ ва Сотим Улуғзода бе таҷрибаи адабии Абдулло Қодирию Ойбек тасаввурнопазиранд. Ҳамчунин ҷустуҷӯҳои эҷодии Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ ва дигар шоирони тоҷикро бе таҷрибаи эҷодии устодони сухан Ҳамид Олимҷон, Ғафур Ғулом, Зулфия, Ҳамид Ғулом, Мақсуд Шайхзода наметавон идрок кард...
Бале, сиёсати фарохдилӣ ва некҳамсоягие, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев ба амал татбиқ мегардад, муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳоямон ва робитаҳои адабиву фарҳангии моро ба зинаи нав баровард. Дӯстиву бародарӣ ва робитаҳои адабиамон рӯз аз рӯз мустаҳкамтар мегарданд. Зеро дӯстиву бародарӣ ва ҳамҷиҳатии халқҳои ӯзбеку тоҷик, ки қарнҳо боз аз як дарё об мехӯранд, қудову андаанд ва пайванди ногусастанӣ доранд, дар ҳамкориҳои адабӣ мунъакис ёфтааст. Бигузор, офтоби дӯстии байни халқҳоямон то одаму олам боқист, партавафшон бошад.
Абдусалом САМАДОВ,
номзади илмҳои филологӣ.