АДАБИЁТ – ПАЙВАНДГАРИ ХАЛҚҲО

Дирӯз дар доираи иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев «Дар бораи васеъ омӯхтан ва тарғиб намудани мероси адабии шоир ва мутафаккири бузурги халқи қазоқ Абай Қӯнонбоев» ба муносибати рӯзи таваллуди шоир дар пойи ҳайкали барқади ӯ, ки дар вурудгоҳи сафоратхонаи Қазоқистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Абайи пойтахт қад афрохтааст, маросими гулгузорӣ ба вуқӯъ пайваст.

Дар чорабинӣ депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, сафири Қазоқистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Е.Утембоев, раиси Иттиҳоди нависандагони Қазоқистон У.Есдавлетов, намояндагони вазорату идораҳои гуногун, созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ, аҳли қалам ва ҷавонон ширкат ҷустанд.
Гирдиҳамоиро раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид ҳусни ифтитоҳ бахшид. 
Вай аз ҷумла изҳор дошт, ки мероси ба ёдгор гузоштаи шоир ва мутафаккири бузурги қазоқ Абай Қӯнонбоев ғизои маънавии тамоми халқҳои туркизабон, аз ҷумла халқи ӯзбек, маҳсуб меёбад. Осори ӯ дар роҳи мубориза алайҳи ҷаҳолат бо маърифат ба кор меояд. Халқҳои қазоқу ӯзбек дар тӯли қарнҳо аз як дарё об хӯрда, ҳамеша паҳлӯи ҳам ба сар бурдаанд. Имрӯз ин дӯстиву бародарӣ бо саъю кӯшиши роҳбарони дурандеши ду давлати ҳамҷавор Нурсултон Назарбоев ва Шавкат Мирзиёев рӯз аз рӯз таҳким меёбад. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон соли Ӯзбекистон эълон гардидани соли 2018 халқҳои моро беш аз пеш наздик ва дилгарм сохт.
Албатта, омилҳое, ки қавму миллатҳоро ба ҳам мепайванданд зиёданд, вале дар байни онҳо маданият, санъат, хусусан адабиёт, ҷойгоҳи худро дорад. Дар минтақаи мо осори Алишер Навоӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Махтумқулӣ, Абай ва достони Манас дорои чунин иқтидоранд.
Баромади раиси Иттиҳоди нависандагони Қазоқистон Улуғбек Есдавлетов, шоирон, нависандагон ва адабиётшиносон аз дӯстии азаливу абадии халқҳои ӯзбеку қазоқ, муносибатҳои дӯстонаи аҳли қалам ва осори гаронбаҳои Абай Қӯнонбоев буд.
Дар поёни чорабинӣ шеърҳои мондагори шоири бузург ба забонҳои ӯзбекию қазоқӣ ва русӣ садо доданд.
***
Худи ҳамон рӯз дар толори маҷлисҳои Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон таҳти раёсати ҷонишини аввали раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Мирзо муаррифии китобҳои «Сайланма» («Мунтахабот»)-и Абай ва «Ӯзбек-қозоқ адабий алоқалари» («Робитаҳои адабии ӯзбеку қазоқ»), ки нашриётҳои пойтахт ба дасти чоп супурдаанд, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ӯзбекистон Ерик Утембоев, шоиру нависандагон ва адабиётшиносони саршиноси ӯзбеку қазоқ, намояндагони идораву созмонҳои дахлдор ширкат ҷустанд.
«Сайланма» («Мунтахабот»)-и Абай Қӯнонбоев шеъру достон ва насиҳатҳои ӯро, ки шоиру нависандагони саршиносу варзидаи ӯзбек Миртемир, Уйғун, Асқад Мухтор, Ҷумъаниёз Ҷабборов, Ғулом Шодӣ, Муҳаммад Алӣ, Султон Акбарӣ, Носир Фозилов ва Музаффар Аҳмад ба забони ӯзбекӣ баргардонидаанд, дар бар гирифтааст.
Баромадкунандагон доир ба робитаҳои адабии ӯзбеку қазоқ ва дӯстии азаливу абадии ду халқи ҳамдину  ҳамоин, ки Абай Қӯнонбоев васф кардааст, сухан ба миён оварданд. Сипас навбат ба мушоира расид. Шоири мардумии Ӯзбекистон Муҳаммад Алӣ, шоир Рустам Мусурмон тарҷумаҳои худро аз ашъори мондагори Абай ба самъи ҳозирон расонданд. Адабиётшинос Қолдибек Сейданов шеърҳои тозаэҷоди худро дар васфи дӯстии халқҳои ӯзбеку қазок ва бузургдошти Абай қироат намуд.
Сурудҳои овозхони Филармонияи давлатии Қазоқистони Ҷанубӣ Берик Умеров ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид.

А.СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: