АДАБИЁТ – САРЧАШМАИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲО

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи раҳбари ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя ҳамкориҳо дар ҳамаи соҳаҳо вусъат меёбанд.

Адабиёт ва санъат ҳам арсаи муҳимтарини равобити дуҷониба гардидааст. Мо ин рӯзҳоро дер боз мунтазир будем. Акнун вақти он расид, ки ҳамон анъанаҳои ҳамкориҳои эҷодие, ки аҷдоди мо мерос гузоштаанд, ба сатҳи нав барорем ва дар ин ҷода таҷрибаи хуб ба даст меояд... Чунин буданд баъзе хулосаҳое, ки зимни мулоқоти ҷаноби Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Сайид ва як гурӯҳи аҳли қалам зикр гардиданд.
Оре, адабиёт ва санъат беҳтарин воситаи мустаҳкам намудани равобити дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек буданашро таъриху мероси муштарак ва беҳамтои  мардумони мо дар тӯли асрҳо исбот намудааст. Дар ин мулоқоти фавқуззикр, ки дар муҳити хеле самимӣ ва озод баргузор гардид, айнан ҳамин нукта  борҳо таъкид шуд. Сафири Тоҷикистон аз боздидҳое, ки чанд вақти охир зимни баргузории бузургдошти Сотим Улуғзода дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон ва мулоқотҳо бо рӯшанфикрони тоҷик дар Самарқанду Ҷиззах, вилояти Тошканд ба амал омаданд, сухан оғоз карда, таърихи дуру наздики алоқаҳои адабии мардумони моро варақ зад. Аз саҳми бузурги устод Садриддин Айнӣ, Шароф Рашидов, Ғафур Ғулом, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил ва дигарон дар инкишофи адабиётҳои мо, тарҷумаи асарҳои беназирашон чандин далелҳоро ба забон гирифт. Қайд кард, ки кор болои таҳияи матн (синопсис)-и филми бадеӣ оиди дӯстии Мавлоно Ҷомӣ ва Ҳазрати Навоӣ ба охир расида истодааст. Хеле хуб мешуд агар равобити театрҳои ду кишвар барқарор шаванд. (Дарвоқеъ сафари ҳунарии арбобони театр ба пойтахтҳои ду кишвар моҳи майи соли 1989 сурат гирифта буд). Абдуҷаббор Раҳмонзода аз рушди анъанаи неки адабиёти халқҳоямон – ба ду забон эҷод кардан бо мамнуният сухан ронд. 
 Ногуфта намонад, ки чанд нафар аз адибони ӯзбекзабони Тоҷикистон ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон қабул карда шуданд. 
Раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоири халқӣ Сироҷиддин Сайид низ дар навбати худ аз ҳусни таваҷҷуҳи сарварони ду давлат Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир бо хушнудӣ сухан ронда, таъкид кард, ки ин гуна эътибору ғамхориҳо маҳсули мушаххаси худро дода истодаанд. Дар Тошканд қайд шудани бузургдошти Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Турсунзода ва ҷашни Навоӣ ва ёдбуди Эркин Воҳидов дар Тоҷикистон, мулоқоти мунтазами доираҳои адабии ду кишвар боиси ташаккули муҳити якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми байни халқҳо шудааст. Беҳуда намегӯянд: дӯстии адабиётҳо – дӯстии халқҳо!
Таъсис шудани маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” дар шаҳри Самарқанд ва чопи шумораи аввали он воқеаи сурурбахши ҳаёти адабӣ ва фарҳангии Ӯзбекистон гардид. 
– Иттифоқи нависандагон, – гуфт С.Сайид, – ба нашри ин маҷалла кӯмак расонда, умед дорад, ки он минбари  ҳамкориҳои эҷодии адибони ӯзбеку тоҷик хоҳад шуд.
Сармуҳаррири маҷаллаи “Жаҳон адабиёти” Аҳмадҷон Мелибоев, адабиётшиноси маъруф, профессор Нурбой Ҷабборов, директори иҷроияи Бунёди ҷамъиятии байналмилалии ба номи Алишер Навоӣ Олимҷон Давлат, адиби номӣ Рустам Мусурмон ва дигарон дар бораи самту тамоюлҳои нави ҳамкориҳои адабию фарҳангӣ сухан ронданд.
Зимни мулоқот оиди ба чоп ҳозир намудани антологияи адибони ӯзбек ва тоҷик, ташкили обунаи “Шарқ юлдузи” дар Тоҷикистон, “Садои Шарқ” дар Ӯзбекистон, ба роҳ мондани фурӯши китобҳои тоҷикӣ дар Тошканд ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон ва мағозаи китобҳои ӯзбекӣ дар Тоҷикистон, ба чоп таҳия намудани шумораҳои муштараки маҷаллаҳои адабӣ, ташкили кори мутарҷимон аз ду тараф ва дигар масоили вобаста ба мустаҳкам намудани риштаҳои ҳамкорӣ  пешниҳодҳои судманд баён шуданд.
Сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода аз осорхонаи адабиёти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дидан намуд. 

Шоқаҳҳор САЛИМОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: