АДАБИЁТИ НАЗАРИЯВӢ БАРОИ ЖУРНАЛИСТОН

Дар чорабиниҳо доир ба фаъолияти журналистон ё дар вохӯриҳо бо журналистони собиқадор бештар ёдрас мешуд, ки дар Ӯзбекистон ба омода кардани журналистони бомаҳорат адабиёти илмиву назариявӣ қариб мавҷуд нест.

Аз ин рӯ бо супориши Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Оҷонсии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ бо ҳамкории профессор-муаллимони Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавӣ, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳон ва Донишгоҳи миллӣ дар муддати 5 моҳ маҷмӯи 10 ҷилдаи китоби илмиву оммавӣ барои соҳаи журналистика ба нашр омода карда шуд. 
Дар маросими муаррифии маҷмӯъ оиди ҳар як ҷилди он: «Назария, таърих ва рушди журналистика», «Ҳуқуқ ва ахлоқи журналистика», «Лингвистика ва таҳрир», «Журналистикаи махсус», «Сотсиология ва психологияи журналистика» ва ғайра сухан рафт. Барои муайян кардани ҳар як ҷилд, боб ва мавзӯъҳои он гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони муассисаҳои таълими олии номбурда, Оҷонсии ахбори миллӣ, Телерадиокомпанияи миллии Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммавии электронӣ, Агентии ахбори «Дунё» ташкил карда шуд.
– Маҷмӯи мазкур солҳои донишҷӯиамро ба ёд овард, – гуфт узви Сенати Олий Маҷлис Маҳмудҷон Парпиев. – Адабиёт оиди соҳа ангуштшумор буд. Мо – донишҷӯён аз он бо навбат истифода мебурдем. Ин мушкилӣ то солҳои охир давом кард. Албатта, маҷмӯи мазкур дар соли «Рушди илму маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ» ба аҳли илму маърифат туҳфаи муносиб шуд.
Дар чорабинӣ доир ба вазъи имрӯзаи соҳаи журналистика низ сухан рафт. Аз ҷумла, депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Хуршед Дӯстмуҳаммад гуфт, ки вақте ки оид ба тайёр кардани чунин дастуруламал  шунидам, бовариам наомад. Азбаски китоб дар муддати кӯтоҳ омода  шуд, эҳтимол дар он камбудиҳо низ вохӯранд. Аммо гап дар сари он аст, ки назарияи журналистика хеле ақиб мондааст, нашри чунин асар хеле зарур буд. Ҳоло ба аҳволи рӯзномаҳои ҷумҳурӣ  баҳои мусбат дода намешавад. 
Декани факултаи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳон Амрилло Каримов гуфт: – Донишҷӯён дар татбиқи  назария ба амалия душворӣ мекашанд. Барои ин ба онҳо бояд шароит фароҳам оварда шавад. 

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: