АДАБИЁТИ ТОҶИКРО ДӮСТ МЕДОШТ

Ба муносибати 90-солагии Ҷумъаниёз Ҷабборов

Ба муносибати 90-солагии Ҷумъаниёз Ҷабборов
Шоир ва драматург Ҷумъаниёз Ҷабборов ба ҳавзаи ӯзбекистонии адабиёти тоҷик то андозае қаринӣ дошт. Аз падидаҳои эҷодиаш дар саҳифаҳои «Овози тоҷик («Ҳақиқати Ӯзбекистон») бо баргардониши Ҷонибек Қувноқ намунаҳо ба табъ мерасиданд. Форсӣ-тоҷикиро, ки балад буд, дар тарғиби адабиёти классикӣ ва муосири мо саҳм мегирифт. Хусусан, дар тарҷумаи шеъру достонҳои шоири шаҳир Мирзо Турсунзода ба комёбӣ ноил гашт.
Ӯву Ҷ. Қувноқов қаламиҳои Турсунзодаро ба ӯзбекӣ устодона баргардонда, дар шакли китоби алоҳида ба табъ расонданд.
Чанд сол пеш ҳамсари Ҷ. Қувноқов Кимёхонум гурӯҳеро ба манзили худ даъват намуд. Шодравон Ҷ. Ҷабборов низ ҳузур дошт. Шаби ёдбуди устод Ҷонибек хотирмон сурат гирифт. Аз фурсат истифода карда, аз Ҷ. Ҷабборов суол кардам ҷуз Ҷонибек боз кадом суханварони тоҷик ба қалбатон наздик. Яке аз шоирони дӯстдоштаи ман устод Турсунзода, гуфт вай, дар Тошканду Душанбе чанд бор вохӯрда ва аз суҳбати ҷонпарвараш баҳра бурдаам. Устод Турсунзода шаҳри азими Тошкандро низ фарзанди азиз буд. Бузургони илму адаби дунё дар чорабиниҳои нуфузнок, ки ин ҷо баргузор мешуданд, баромадҳо мекарданд.
Бе ҳеҷ шубҳа, ҳозирон ба нутқу шеърхониҳои дилпазири Турсунзода, ки замонҳое дар Тошканд таҳсил карда, ин ҷо даҳҳо қарибону ҳабибон аз аҳли илму адаб дошт, бештар таваҷҷӯҳ менамуданд.
Устод Турсунзода бисёр мехост робита байни адабиёти тоҷик ва ӯзбек ҳеҷ вақт канда нашавад, дӯстии адабию фарҳангӣ абадият касб намояд, таъкид намуд Ҷ. Ҷабборов.
Шоири мардумии Ӯзбекистон Ҷумъаниёз Ҷабборов дар эҷоди драма низ комёб гардид ва қисме аз офаридаҳояш дар саҳнаи театрҳои Тоҷикистон низ намоиш ёфтанд. Вай чун мутарҷим қисмате аз достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсиро ба ӯзбекӣ баргардондааст. Баробари ҳамин, дар асоси ин шоҳасар, ки дар адабиёти дунё низ мавқеи ба худ хос дорад, драмаи мусиқӣ офаридааст. Ҳамин тавр, Ҷ. Ҷабборов баъди Муҳаммадҷон Васфӣ дувумин шахсест, ки  ба омӯзиши «Шоҳнома» ва баргардониши он ба ӯзбекӣ ҷуръат сохт, ба ҳамқаламони худ перомуни тарҷумаи ин асар, ки забондонӣ ва маҳорати калони эҷодиро тақозо менамояд, маслиҳатҳои муфид дод. Вай мегуфт ҳар байти «Шоҳнома» ба маъние шоҳбайт ва як олам маънӣ дар достонҳои ҷудогонаи он ниҳон ва на ҳар кас ба дарки мазмунҳои баланди ҳарфу ҳиҷоҳои шоири тусӣ қодир...
Ҷ. Ҷабборов соли 1930 дар деҳаи Пӯлоди ноҳияи Косони вилояти Қашқадарё чашм ба олами ҳастӣ кушод. Баъди хатми дабистон ба Тошканд омад ва дар Донишгоҳи давлатии Осиёи Марказӣ, ки нуфузноктарин маскани олӣ дар минтақа ҳисоб меёфт, таҳсил намуд. Баъд дар Институти ҷаҳонии адабиёти ба номи Горкий курси олиро фаро гирифт.
Соли 1953 ба Тошканд баргашт, дар маҷаллаи адабии «Шарқ юлдузи» ба сифати мудири шуъба фаъолият намуд. Солҳои зиёд дар маҷаллаи «Гулхан», дар рӯзномаи «Ӯзбекистон овози»-и ҳозира кор кардааст. Пасон (солҳои 1981-1985) чун директори Нашриёти адабиёт ва санъати ба номи Ғафур Ғулом ифои вазифа кард.  
Фаъолияти эҷодии Ҷумъаниёз Ҷабборов дурудароз – саҳл кам 60 сол давом  намуд. Дар ин байн самаранок эҷод кард. «Нафаси баҳор», «Гулшан», «Дар роҳи мақсад», «Садои кӯҳҳо», «Суруди модарзамин», «Хаёлоти субҳдам» барин даҳҳо дафтари шеъриаш писанди дӯстдорони назм шудаанд.
Вай бо асарҳои драмавӣ низ дар рушди адабиёту фарҳанг хидмати сазовор намуд.
Хусусан, спектаклҳое, ки аз рӯйи «Якравҳо», «Бо гузашти солҳо», «Тамошои пеш аз тӯй», «Раъду барқи чӯл», «Ҳамсояҳои дерин», «Зиёфат», «Нексия» барин песаҳояш ба саҳна гузошта шуданд, эътибори тамошобинони зиёдро ба худ кашиданд. Хидматҳояш дар ҷодаи фарҳанг сазовор қадр гардид ва ба унвони «Арбоби хидматнишондодаи санъати Ӯзбекистон» сазовор шуд. 
Давраи эҷодии шоир ва драманавис Ҷ. Ҷабборов дар солҳои истиқлолият саҳл кам 20 сол давом намуд. Ҷуз Фирдавсӣ вай аз Лермонтов ва Байрон барин шоирони номвари урупоӣ ба ӯзбекӣ намунаҳо тарҷума кардааст.
 Наздик 30 китобе, ки аз ӯ монд, аз сермаҳсулии эҷодаш гувоҳ. Баробари шеърҳои лирикӣ ва драма чанд достон навишт. Ҳаёту муборизаи ҳамзамонони моро, хусусан, дар «Эътиқод», «Дунёи аҷиби муҳаббат», «Самои муҳаббатам», барин асарҳояш зиндаю табиӣ қаламдод сохт.
Ҷумъаниёз Ҷабборовро чун таронасарои Ватан низ эътироф менамоянд. Нахустин маҷмӯааш «Ватанамро месароям» соли 1952 ба табъ расида буд. Сурудҳои дилпазираш дар мавзӯъҳои Ватан ва истиқлол ибтидои қарни кунунӣ низ дар пардаҳои баланд танин андохтанд. Дар озмуни сурудҳои «Ягонаӣ, Ватани муқаддас» соли 2009 ғолибият ба даст овард. 

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: